Иштироки Ҷамъияти дўстӣ дар намоишгоҳи байналмилалӣ

Автор 
Опубликовано:01 Ноябрь 2018
5322 раз Последнее изменение Четверг, 01 Ноябрь 2018 07:25
Оцените материал
(1 Голосовать)

DSC 467918 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки се рўз идома кард.

Зимни ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода изҳор дошт, ки имрўзҳо ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, таърих, фарҳанг ва адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд.

«Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд», - зикр намуд Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.

DSC 4579Дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, намояндагони Россия, Ҳиндустон, Туркия, Франсия, ИМА, Афғонистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи намоишгоҳ ба фурўш гузоштани маводи чопӣ дар мавзўъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намудҳои маҳсулоти полиграфӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, маҳфили шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, барномаи консертӣ, суҳбатҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар намоиш Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ иброз дошт, ки китоб дар ҳама давру замон сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо будаву хоҳад монд.

Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарѓибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омўзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.

DSC 4645Дар ҳамоиши фарҳангӣ муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова, кормандон Аъзам Мўсоев, Ибод Ғафуров, Мавлюда Шарипова, Файзулло Тиллоев, Аҳлиддин Исоев ва раисону фаъолони ҷамъиятҳои дўстии алоҳида иштирок доштанд.

  Дар Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» маҷаллаи «Дўстӣ», маҷмўаи шеърҳои намояндагони ақалиятҳои миллӣ «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», китобҳоии «Ҳафт суфраи Наврўз» суфраи аввал маҷмўаи ашъор ва тасвирҳо, «Сухане чанд, аз робитаҳои ду сарзамини тамаддунофар» (Бахшида ба бистсолагии робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой»), «Нахлистони тавҳид» (оид ба ашъори шоир ҷумъа Қувват), «Вахш эй сарчашмаи илҳоми ман» ва чанде аз асарҳои илмию бадеии фаъолони Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Казоқистон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Кирғизистон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» ва дигарон ба намоиш гузошта шуданд.ДИПЛОМИ ВАЗОРАТИ ФАРХАНГИ ЧТ

Баъди Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» шумораҳои гуногуни маҷаллаи «Дўстӣ», маҷмўаи шеърҳои намояндагони аќалиятҳои миллӣ «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», китоби узви фаъоли ҷамъият, шоир Ҷумъа Кувват «Нахлистони тавҳид» ва китоби корманди Ҷамъияти мазкур Аъзам Мўсоев «Вахш эй сарчашмаи илҳоми ман» тақдим шуданд.

Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои иштироки фаъолона дар Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.