25 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба ифтихори 28-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» таҳти унвони «Ваҳдатнигор» доир шуда, дар он 200 адад аксҳои мондагори давоми солҳои гуногун аз ҷониби шодравон Заур Дахте аккосишуда, ки инъикоскунандаи фарҳнгу ҳунар ва зебоиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон ва дастовардҳои ваҳдатофарии мардуми тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар рӯзи ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор, муовини Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода ва ҳамсари шодравон Заур Дахте Валийе Дахте суханронӣ намуда, аз хизматҳои ин шахсияти фарҳангӣ дар рушди соҳаҳои аксбардориву филмофарӣ ёдовар шуданд.
Дар намоиш инчунин, намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳруии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими Душанбе, донишҷӯёну устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ҳунармандону аксбардорони шинохтаи кишвар ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Заур Дахте (1936 – 2024) аз аксбардорон, наворбардорони барҷастаи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, ҳамзамон лауреати як қатор кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. Дар тӯли фаъолияти эҷодии худ дар таҳия ва наворбардории беш аз 600 филми мустанад ширкат варзида, филмҳояш ба ҳаёт ва мероси адабии шоирони бузурги форсу тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Заур Дахте то охири умр дар як қатор рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ, аз он ҷумла дар маҷаллаи «Дӯстӣ»-и Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси аккос фаъолияти пурсамар дошт.
Намоиши «Ваҳдатнигор» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 08.07.2025 идома хоҳад кард.