МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Автор 
Опубликовано:05 Ноябрь 2025
13 раз Последнее изменение Среда, 05 Ноябрь 2025 08:16
Оцените материал
(1 Голосовать)

мулокот бо сафири чин  2 n4-уми ноябри соли 2025 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Чин» Қурбонзода Рухшона, сармуҳаррири маҷаллаи «Дўстӣ» Зайниддинзода Наҷмиддин ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сайдулло Хайруллоев дар оғози суҳбат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷунро бо ташрифаш шодбош гуфта, изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ гардиданд. Сипас бо итминон иброз доштанд, ки тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун хеле васеъ ба роҳ монда шуда, минбаъд низ бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду кишвари ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ талош хоҳанд кард.

сафири чинҲамзамон, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Чин» Қурбонзода Рухшона доир ба фаъолияти ҷамъияти номбурда, робитаҳо дар самти таблиғи фарҳанг, санъат, забономӯзӣ, сайёҳӣ миёни ду кишвари ҳамсоя маълумот дод. Мавсуф барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию омӯзишӣ аз нақши Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ёдовар шуд. Зикр гардид, ки айни ҳол дар 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун низ зимни ташаккур аз пазироии самимӣ, нахуст таассуроташро аз ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни ғановатманди миллати тоҷик, боздид аз осорхона ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, дар илова таҳкими бештари муносибати гуногунҷанбаи ҳар ду кишварро таъкид намуд. Ҳамзамон ҷаноби Сафир нақши Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро дар самти тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳаи ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя махсус таъкид намуд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи муносибатҳои дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, аз ҷумла ҳамкориҳо дар самтҳои фарҳанг, маориф ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки айни замон дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 3500 донишомӯз (донишҷӯ, аспирант, магистрант) таҳсил доранд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид намуданд.

 

Фаридун Раҳмонзода

котиби масъули маҷаллаи “Дӯстӣ