Ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2022

Автор 
Опубликовано:09 Март 2023
2351 раз Последнее изменение Четверг, 25 Май 2023 11:35
Оцените материал
(1 Голосовать)

1 чаласа 28.02.202328 феврали соли 2023 ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) дар соли 2022 баргузор гардид.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи ҳисоботии солонаро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи ҷаласа, ки мавзӯъҳо: шунидани ҳисоботи солонаи Раёсати ҶДРФТ дар соли 2022, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022), суханронии раисону аъзои Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, қабули қарорҳо оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2023, муҳокима ва тасдиқи нақшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2023 ва дигар корҳои ҷорӣ иборат буд, шинос намуд.

Дар ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои соли 2022 аъзои Раёсат, масъули Намояндагии ҶДРФТ дар вилояти Хатлон, раисону намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ фаъолият мекунанд, сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, ки ин Ҷамъияти дӯстӣ ҳамкорӣ доранд ва даъватшудагони дигар иштирок намудаанд.

Аз ҷумла: Хайруллоев Сайдулло – Раиси Раёсати ҶДРФТ, Шарифова Мушаррафа – ҷонишини Раиси Раёсат, Олимов Кароматулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон», Раҷабов Ҳабибулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», Зайниддинзода Наҷмиддин – намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кожин Водим Владиславович – намоянда аз Маркази илмию фарҳангии Россия дар шаҳри Душанбе «Россотрудничество», Шодимуҳаммади Сӯфизода – директори Китобхонаи марказии илмии АМИТ ба номи Индира Гандӣ, Раҳмонзода Азимҷон – муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Манзура Улчабоева – муаллимаи Донишкадаи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, Тоҷиддин Мардонӣ – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб», Сайфуллоев Хайрулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германия», Валаматзода Темур – аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Куба», Шукурзода Мирзо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон», Абдурасулов Анвар – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус», Нағзибекова Меҳринисо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия», Восиева Рухшона – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», Султонзода Соқибой – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса», Ходжаева Людмила – референти (намояндаи) ҶДРФТ дар вилояти Хатлон, Марям Исоева – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Таскира Мирхайдарова – аъзои Маркази миллӣ–мадании тотору бошқирдҳои Тоҷикистон «Дуслик», Қурбанова Каиржан – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», Ҷурғосиев Муллоаҳмадшоҳ – муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон», Абдуллозода Иброҳим – референти ҶДРФТ, Дахте Заур – суратгири маҷаллаи «Дӯстӣ», Эшқуватов Ҳасан – раиси Ҷамъияти Халухиён, Қулматов Юсуф – аъзои Ҷамъияти Халухиён ва дигарон иштирок доштанд.

Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ вазифаҳои оинномавии худро иҷро намуда, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида дар ниҳодҳо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат ҳисоботҳои хешро пешниҳод карданд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро чун ҳамеша дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазоратҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ пеш бурд.

Бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) дар худи идораи Ҷамъияти дӯстӣ, инчунин дар баъзе Ҷамъиятҳои дӯстии назди он бо кӯшиши масъулон ҷаласаҳо доир гаштанд.

Дар доираи баргузории чорабиниҳо баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашнҳои давлатӣ, аз ҷумла, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ ва байнидавлатӣ, аҳамияти хос дода шуд.

Иртибот бо Сафоратҳо чун ҳамеша дар давраи ҳисоботӣ қавӣ буд.

25 январи соли 2023 яке аз эроншиносони машҳури тоҷик, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Мирзо Муллоаҳмадов дар сини 75-солагӣ олами фониро падруд гуфтанд. Рӯҳат шод бод, Худо раҳматаш кунад.

Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида, марказҳои фарҳангии ташкилотҳои ақаллиятҳои миллӣ кори худро дар асоси нақшаи чорабиниҳои соли 2022 ба роҳ монданд. Имрӯз ҳисоботҳои худи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва раисони баъзе ҷамъиятҳои алоҳида шунида мешаванд.

Иртиботи ҷамъиятҳои дӯстии дохилӣ бо ҷамъиятҳои беруни кишвар низ назаррас буд, ки аз гузоришҳои имрӯза хабардор мешавед.

Ташаккур ба раисони ҷамъиятҳо, масъулони намояндагиҳои Ҷамъияти дӯстӣ дар вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳое, ки дар ниҳодашон ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида фаъолият мебаранд. Инчунин, ташаккур ба сарварони намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки якҷоя бо мо кори дипломатияи мардумиро пеш мебаранд».

Сипас, ҷонишини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти яксолаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар соли 2022 гузориш дод.

Баъдан, сухан ба раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов дода шуд. Академик К. Олимов дар баромади худ оиди фаъолияти яксолаи Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» ва корҳои анҷомдода дар ин самт истода гузашт. Инчунин, оиди нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) баромад намуданд.

3_чаласа_28.02.2023.jpgИнчунин, Тоҷиддин Мардонӣ – раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб», Султонзода Соқибой – раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Фаронса», Кожин Водим Владиславович – намоянда аз Маркази илмию фарҳангии Россия «Россотрудничество», Манзура Улчабоева – муаллимаи Донишкадаи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Ходжаева Людмила – референти (намояндаи) ҶДРФТ дар вилояти Хатлон оиди фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида суханронӣ намуда, аз фаъолияти худ дар соли сипаригашта мухтасар истода гузаштанд. Аз робитаи қавӣ ва кумаку дастгирии роҳбарияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро қайд намуда, ба фаъолияти кории ҶДРФТ баҳои қаноатбахш доданд.

Зимни баррасии масъалаҳо зикр карда шуд: Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.

Яке аз ҳадафҳои асосии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад.

Раёсати ҶДРФТ фаъолияти худро дар соли 2022 дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монд. Дар доираи баргузории чорабиниҳо баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар шаҳрванди кишвар азизу гиромист, аҳамияти хоса дода шуд.

Сомонаи интернетии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо номи www.friendship.tj мулоқоту чорабиниҳои доиркардаи худи ҶДРФТ ва Ҷамъиятҳои дӯстии дар назди он фаъолиятбарандаро бо аксҳои ҷолиб манзури истифодабарандагон мекунад.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботии солона, нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2023 муҳокима ва тасдиқ гардид. Масъалаи қабули қарорҳо «Дар бораи ҳисоботи фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2022», «Дар бораи тасдиқи нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2023» бо назардошти пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо бисту чор Ҷамъияти дӯстии дар наздаш амалкунанда ва доираи васеъи фаъолонаш чорабиниҳои асосии барои соли 2022 ба нақша гирифтаашро иҷро намуда, дар ривоҷи дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳо, мустаҳкам кардани ҷомеаи гуногунмиллати тоҷикистониён ва ниҳоят, пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат саҳм гузошт.