Моҳи октябри соли 2023 тибқи нақшаи аз ҷониби Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мӯҳтарам С. Хайруллоев тасдиқнамудаи Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» дар факултети филологияи ўзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохўрии адибони номдори Ўзбекистон бо устодон ва доншҷӯён баргузор гардид.
Устодону донишҷӯёни факултет меҳмононро хеле гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Дар ин мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» Қаюмов М.М. ва аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» Р.Р. Юлдошев иштирок ва баромад карданд.
Дар мулоқот нависандагони маъруфи ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон Нуралӣ Қобил, Шоим Бӯтаев, Муҳаммад Шодӣ муҳаррири намоишномаи “Рангинкамон” синамои Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик“ Тоҷибой Икромов иштирок доштанд.
Дар оғози мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» Қаюмов М.М. аз номи Раёсати Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» меҳмононро хайрамақдам намуданд. Аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» Р.Р. Юлдошев дар назди ҳозирин оиди ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлати бародар, саҳми бузурги сарони ду давлати ҳамсоя дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳадаф ва вазифаҳои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» суханронӣ намуданд.
Намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишҷӯён оиди асарҳои нави худ, дӯстии байни нависандагони ду кишвари бародар маълумот доданд. Мулоқоти нависандагон бо донишҷӯён бо тарзи саволу ҷавоб гузашт. Донишҷӯён дар ин мулоқот хеле фаъол буданд, меҳмонон аз ин мулоқоти судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Меҳмонон ба маъмурияти факултет китобҳои тозанашри худро тӯҳфа намуданд.
Раиси Љамъияти дўстии
«Тољикистон – Ӯзбекистон» Мубинӌон Қаюмов