СУҲБАТ БО ОЛИМОНИ МАЪРУФИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

image1Барои иштирок дар рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2023 ба конференсияи байналмилалии “Масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ, ки ба муносибати 70-солагии устоди фақиди Донишгоҳи двлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Абдулманнони Насриддин” меҳмонон аз мамлакатҳои Руссия, Туркия, Ҷумҳурии Исломи Эрон, Ҷумҳурии Исломи Покистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.

 Меҳмононро Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷонишини Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон профессор Усмонзода А.И., Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон Қаюмов М.М. ва аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон Р.Р. Юлдошев пешвоз гирифтанд.

 Онҳо бо меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон профессорон Тӯхлиев Боқиҷон, Ваҳоб Раҳмон ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Очилов Эргаш суҳбат карданд. Бо онҳо оиди аҳамияти рӯзи таҷлили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои истиқлолият, саҳми ду сарони кишварони дӯсту бародар дар таҳкими муносибатҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон суҳбат намуда меҳмононро бо нақшаи Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳамкориро дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг шинос намудем.

 Санаи 17 ноябри соли 2023 иштирокчиёни конфронс, олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо устодон ва донишҷӯён мулоқоти шавқовар гузаронданд.

 

 

   Раиси Љамъияти дўстии

 «Тољикистон – Ӯзбекистон»                                  Мубинӌон Қаюмов