МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО ҶИ ШУМИН

Автор 
Опубликовано:19 Апрель 2024
510 раз Последнее изменение Пятница, 19 Апрель 2024 12:51
Оцените материал
(2 голосов)

Мулокот бо сафири Чин 19-04-2419 апрели соли 2024 Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой» Қурбонзода Рухшона, муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, муовини директории Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷан Ли (Гулчењра) ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.07

Сайдулло Хайруллоев дар оғози суҳбат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шуминро бо ташрифашон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду кишвари ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун хеле васеъ ба роҳ монда шудаанд.Мулокот бо сафири Чин 02

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин низ зимни ташаккур аз пазироии самимӣ, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Ҷаноби Ҷи Шумин саломи роҳбарияти Ҷамъияти мардумии дўстии Хитой (КНОДЗ) бо мамолики хориљиро ба Сайдулло Хайруллоев расонид. Дар навбати худ ба Сафир таъкид намуд, ки саломи ӯро низ ба роҳбарияти КНОДЗ расонад ва даъват ба амал намуд, ки ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯъи васеи муносибатҳои дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба он табодули афкори судманд карданд.Мулокот бо сафири Чин 03

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Сафорати Хитой дар Тоҷикистон ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид намуданд.

Дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.

Дар фароварди мулоқот ҷонибҳо бо арзи эҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.