МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶОН СОНГ ШИК

Автор 
Опубликовано:24 Сентябрь 2025
58 раз Последнее изменение Среда, 24 Сентябрь 2025 08:13
Оцените материал
(1 Голосовать)

7B2A680819-уми сентябри соли 2025 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Кореяи Ҷанубӣ», ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, муовини раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» А. Наврасов, кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ И. Абдуллозода, Н. Зайниддинзода, Ф. Тиллоев, А. Азимов ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев аз таърихи таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» ёдовар шуда, иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг миёни ҳар ду кишвар заминаи мусоид хоҳад гузошт.
7B2A6776Дар навбати худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи боз ҳам беҳтар тақвият бахшидани муноситбатҳои фарҳангиву гуманиарӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илм, таҳсилот омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ изҳор намуд.
Дар ҷараёни мулоқот раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея», ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода аз фаъолияти ҷамъият, ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея дар самти табодули донишҷӯён, таҷрибаомӯзии омӯзгорону муҳаққиқон бо қангоатмандӣ ёдовар шуд.
Мулоқот дар сатҳи баланд баргузор гардида, таъкид гардид, ки дар оянда дар заминаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муносибатҳои мутақобилан судмандро тақвият хоҳанд дод.