АХБОР

АХБОР (63)

2H7A5342-3456x230421 октябри соли 2024 дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҳти унвони «Нақши ҷамъиятҳои дӯстӣ дар рушди дипломатияи мардумӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Чорабинӣ таҳти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар доираи баргузории Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гарида, дар он Раиси Шурои генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо Смирнова Светлана Константиновна, мудири шуъбаи кишварњои ИДМ дар Ассамблеяи халќњои Авруосиё Нефедова Олга Владимировна, намояндаи расмии давлати Кувейт оид ба масъалаҳои дипломатияи мардумӣ Шейх Наиф Ал-Мухана Ал-Адвани, директори Институти дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳамад Алмуаини, узви Шурои олии машваратии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо Далбир Сингх, раиси Шурои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон Алмамбет Матубраимов, вакили Парлумони Шоҳигарии Баҳрайн Юсиф Зейнал, сарходими илмии Маркази «Дин ва давлат дар Осиё»-и Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Россия Максим Михалев, узви Шурои генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, президенти Ассотсиатсияи «Иттиҳоди шаҳрвандии Қазоқистон» Бану Нургазиева, директори Маркази дипломатияи мардумии Созмони Њамкории Шанхай дар Ӯзбекистон Кабулжон Сабиров, инчунин раисони Ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Кароматулло Олимов, «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова, «Тоҷикистон – Қирғизистон» Маҳмудзода Музаффарҷон, раиси Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Латофат Шарипова, котиби масъули Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Қазоқистон» Курбанова Каиржан, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб» Одинаев Абдухалил, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус» Ҷӯрахонзода Рауф, сармуҳаррири маҷаллаи «Дӯстӣ» Зайниддинзода Наҷмиддин ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки як ҷанбаи муҳимми ҳамкориҳои кишварҳо, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Россия дипломатияи мардумист, ки ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва эътимоди миёни кишварҳо мусоидат мекунад. Ӯ аз бунёди робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ тавсиф карда, густариши ин робитаҳоро намунаи равшани дӯстию муносибатҳои гарму самимӣ, ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар арзёбӣ намуд.2H7A5266-3456x2304

Таъкид гардид, ки пешниҳоди нақшаи муштараки чорабиниҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар соли 2024 барои таҳкими робитаҳои дӯстии Тоҷикистону Россия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ имкони бештар фароҳам меорад.

Барои таҳкими робитаҳои илмӣ, маданию маърифатӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ ва мадании мамлакат дар назди Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 24 чамъияти алоҳидаи дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ дуру наздик амал мекунад, ки онҳо дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо ташкил шудаанд.

Дар баробари ин маҷаллаи «Дӯстӣ», ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад, дар таҳкими дӯстии халқҳо, робитаҳои хуби эҷодӣ саҳм гузошта, талош дорад, ки барои рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла бо кишварҳои Авруосиё ва Африқо заминаи мусоид фароҳам орад, гуфта шуд зимни суханронии Сайдулло Хайпуллоев.

Зимни музокирот иштирокдорон масъалаҳои истифодаи воситаҳои дипломатияи мардумӣ тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ, рушди равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, инчунин таҷрибаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва инсондӯстӣ барои тарғиби қолабҳои беҳтарин ва ғояҳои инноватсионӣ, аҳаммияти дипломатияи мардумӣ дар муттаҳидсозии неруҳои ҷамъиятии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тақвияти эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва халқҳоро мавриди мубоҳиса қарор доданд.

Дар идома таъкид карда шуд, ки тақвияти муносибатҳои дӯстиву бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия, ҳамзамон кишварҳои аъзои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё дар асоси принсипҳои дипломатияи мардумӣ ва санадҳои расмӣ, ки сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатиро ба танзим медароранд роҳандозӣ шудааст.

Иштирокдорон аз мулоқоти баргузоргардида ва чорабиниҳои дар рӯзҳои минбаъда ба нақша гирифташуда ба ҳайси василаи муҳимми таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамаҷониба ёдовар шуда, изҳори умед намуданд, ки баргузории чорабиниҳои мавриди назар барои боз ҳам амиқтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарии ду кишвар ва халқҳои мо мусоидат мекунанд.2H7A5376-3456x2304

Дар охири мизи мудавар аз номи директори генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё А.Ю. Белянинов ба Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Сипоснома тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, роҳандозӣ гардида, инчунин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикстон то 26-уми октябр идома меёбад.

Дар доираи ин лоиҳа як қатор форумҳо, панелҳои мубоҳисавӣ, бозиҳои тиҷории «Модели ИДМ» барои донишҷӯён, чорабиниҳои ҷашнвораи «Ҷаҳон хушбахтиро тасвир мекунад» ва намоиши филмҳои ғолибони ҷашнвораи «Мо якҷоя ғалаба кардем» ба номи Владимир Меншов дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, аъзои ҳайат бо шарикон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вохӯриҳо баргузор мекунанд, ки дар онҳо як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида хоҳанд шуд.

 

DSC 52808 октябри соли 2024 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистариро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Кароматулло Олимов, кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим, Тиллоев Ф., Раҳмонзода Ф., суратгири маҷаллаи «Дӯстӣ» Азимов Аминҷон ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ барои ташрифаш ба Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ изҳори сипос намуда, аз густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд. Њамзамон Сайдулло Хайруллоев аз хизматҳои ҷаноби Алиашраф Шабистарӣ дар таҳқиқу густариши адабиёт ва фарҳанги ду кишвари ҳамзабон тавсиф намуд.8.10.2024 мУЛОКОТ БО шАБИСТАРИ

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ низ аз даврони фаъолияташ ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон ва Эрон иштироки таърихӣ ва фарҳангии бисёре доранд. Номбурда тақвияти робитаҳои фарҳангиву адабии Тоҷикистону Эронро ҳамчун заминасози равобити дӯстиву шарикии ду давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар ҳоли имрӯз беш аз ҳарвақта бояд бо иҷрои барномаҳои гуногуни фарҳангӣ равобити мардумии ду кишварро тавсеа бидиҳем.

Дар охир ҷонибҳо чун рамзи эҳтиром ва садоқат ба ҳам китобҳои гуногуни тозанашр тақдим намуданд.  

Ёдовар мешавем, ки Алиашраф Шабистарӣ аз нахуст сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки муддати 5 сол аз соли 1992 то 1997 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

 

 

photo 2024-09-02 22-19-0730 августи соли 2024 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Раиси Шурои Ассамблеяи халқҳои Россия, муовини якуми Дабири кул, роҳбари Котиботи генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё Светлана Константинова доир гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кишварњои ИДМ дар Ассамблеяи халќњои Авруосиё Нефедова Олга Владимировна, кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим, Тиллоев Файзулло, сармуҳаррири маљаллаи «Дўстї» Зайниддинзода Наҷмиддин, Раҳмонзода Фариддун ва Одинаев Раҳматулло иштирок намуданд.

Дар оғози мулоқот Сайдулло Хайруллоев ба Раиси Шурои Ассамблеяи халќњои Россия, роњбари Котиботи генералии Ассамблеяи халќњои Авруосиё Светлана Смирнова барои ташрифаш ба Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ изҳори сипос намуда, аз вазифаҳо, ҳадафҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия ва Ассамблеяи халќњои Авруосиё ёдовар шуд.photo 2024-09-02 12-34-41

Таъкид гардид, ки густариши минбаъдаи њамкорињои дуљониба ва бисёрљониба бо Федератсияи Россия аз муњимтарин вазифањои сиёсати хориљии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад.

Раиси Шурои Ассамблеяи халќњои Россия, роњбари Котиботи генералии Ассамблеяи халќњои Авруосиё – Светлана Смирнова зимни суханронии худ аз наќши дипломатияи мардумї дар тањими муносибатњои дуљонибаи Тољикистону Россия ва кишварњои дигари аъзои Ассамблеяи халќњои Авруосиё ёдовар шуда, барои таќвияти робитањо дар ин самтба роњ мондани њамкорињои бештареро таъкид намуд.

Њамзамон, Раиси Шурои Ассамблеяи халќњои Россия, роњбари Котиботи генералии Ассамблеяи халќњои Авруосиё – Светлана Смирнова пешнињод намуд, ки бо маќсади тањкими дўстии халќњои аъзои Ассамблея чорабинии «Рўзњои Ассамблея дар Љумњурии Тољикистон» баргузор карда шавад.

Дар навбати худ Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба шарти пешнињод гардидани наќшаи кор ва мувофиќа гардидани тартиби баргузориии он бо сохторњои марбута розигии худро барои мусоидат дар баргузории чорабинии мазкур изњор дошт.

Зимни музокирот њамчунин масъалањои дигари мавриди таваљљуњи назари тарафњо мавриди баррасїќарор гирифт. Таъкид гардид, ки таќвияти муносибатњои дӯстиву бародарї ва робитањои фарњангї миёни Љумњурии Тољикистон ва Федератсия Россия, њамзамон кишварњои аъзои Ассамблеяи халќњои Авруосиё дар асоси принсипњои дипломатияи мардумї роњандозї шудааст. Ин њамкорињо дар доираи санадњои расмї, ки сатњи баланди муносибатњои дуљонибаи байнидавлатиро ба танзим медароранд, асос ёфтаанд.

5040704295 n12 июни соли 2024 мулоқоти раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим ва раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса» Соқибой Султонзода иштирок намуданд.

Сайдулло Хайруллоев дар оғози мулоқот ба сафири Фаронса барои ташрифаш ба Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ изҳори сипос намуда, дар бораи вазифаҳо, ҳадафҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Фаронса маълумоти муфассал дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни ҳар ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои маориф, фарҳанг изҳори ҳавасмандӣ намуда, вобаста ба дурнамои самтҳои имконпазири ин робитаҳо дар оянда мубодилаи афкор намуданд.

Сипас, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса» Соқибой Султонзода доир ба фаъолияти ҷамъияти номбурда маълумот дода, аз саҳми хонум Сафир дар пайванди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса ва ташаббусҳои ӯ дар баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ миёни ҳар ду кишварҳо ёдовар шуд.

Зикр карда шуд, ки давоми сол аз ҷониби ҷамъият чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмӣ дар робита ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса баргузор мегарданд, ки муҳимтарини онҳо чорабиниҳои Франкофонӣ, иштирок дар филмҳои фаронсавӣ, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар дар донишгоҳҳо мебошанд.  

Барои баргузории чорабиниҳои марбут ба фарҳанги фаронсавӣ дар Тоҷикистон дар баробари Сафорати Фаронса ва Маркази фарҳангии Бохтар, инчунин Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

Номбурда таъкид намуд, ки дар оянда кӯшиш хоҳанд кард, то барои равобити дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса бештар чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ ташкил карда шавад.

Хонуми Сафир дар навбати худ иброз дошт, ки дар оянда ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илм, маориф ва фарҳанг миёни Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар фарҷоми мулоқот Сайдулло Хайруллоев миннатдории худро ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл барои ҳамкориҳо дар татбиқи робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг баён намуда, таваҷҷуҳи хонум Сафирро барои мусоидат намудан ба густариши чорабиниҳо дар шакли конфронсу мизҳои мудаввар бахшида ба омӯзиши забону фарҳанги фаронсавӣ, тоҷикӣ, табодули муҳаққиқону донишҷӯён ҷалб намуд.

Мулоқот дар сатҳи хуб баргузор гардида, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳо дар самти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангу маориф байни Тоҷикистону Фаронса тақвияти бештар касб хоҳад кард.

PXL 20240520 10030822320 майи соли 2024 дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» мизи мудаввар таҳти унвони «Роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой», намояндаи Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия (РАМС) дар Тоҷикистон, раиси Бунёди миллии «Роҳи абрешим роҳи муттаҳидшавӣ», ҷонишини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, намояндагони Маркази Конфутсий назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Ҷалласаро раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» профессор Қурбонзода Рухшона Қурбон оѓоз намуда, мењмононро хайрамаќдам гуфт, зимни суханрони зикр намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин намунаи шоистаи ҳамкориҳои муваффақ ва ҳамкории як давлати бузург ва ҳамсояи он мебошанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 январи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, нахустин мулоқоти сарони Чину Тоҷикистон дар Пекин 9 марти соли 1993 баргузор гардида буд. Дар натиҷа раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро имзо карданд. Ин ва дигар мисолҳо дараҷаи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва майлу хоҳиши тарафайнро барои васеъ истифода бурдани афзалиятҳои якдигарии тарафҳо ба мақсади мустаҳкам намудани дустӣ ва хамкорӣ равшан ифода мекунанд.

Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин сухан ронда, ҳозиринро ба муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии мардумии Чин табрик намуда, иброз дошт, ки гарчанде мақсади асосии ниҳоди мо тақвияти дўстиву бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни халқи тоҷик ва мардумони кишварҳои гуногун аст, бо қавму миллатҳои дар Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзӣ низ босамар кор мебарад ва ин дар асоси дипломатияи мардумӣ роҳандозӣ шудааст. Ичунин, ба иштирокдорон дар кори ҷалласа комёбї тамано намуд. Дар  идома Шарипова М.В. - намояндаи Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия дар Тоҷикистон дар мавзӯиҲамкориҳо бо Чин ва шумораҳои махсуси маҷаллаи «Дӯстӣ»”, Маитдинова Г.М. - профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷӣ, директори Маркази таърихи давлати ДСРТ оид ба “Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар доираи СҲШ”, Мамадазимов А.М. - раиси Хазинаи миллии «Роҳи абрешим – роҳи муттадид» дар мавзӯи Муваффақиятҳои аввалиндараҷа дар робита бо лоиҳаи мегаи чинии «Як камарбанд - як роҳ» бо стратегияи миллии рушди Тоҷикистон (то соли 2030), Тан Цзин – раиси Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон ва Хань Дончи котиби генералии Федератсияи диаспораҳои чинӣ дар хориҷа маърўзањои хешро ќироат намуданд. Боиси тазаккур аст, ки маърӯзачиён баромад намуда масъаллаҳои густариши равобити фарҳангӣ ва илмиву адабии Тоҷикистону Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд. Чорабинии ЧТ Хитой 20.05.2024

Дар фарҷоми баромад профессор Қурбонзода Рухшона зикр намуд, ки Тоҷикистону Чин, ки дар тӯли асрҳо бо кӯҳҳои баланд ва рӯдхонаҳои пуроб ба ҳам мепайванданд, барои ташаккул ва рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи дӯстӣ ва шарикии судманд саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Бешубҳа, онҳо дорои потенсиали бузурги афзоиш ва пешомадҳои хеле хуб мебошанд. Тоҷикистон ва Чин имрӯз на танҳо ҳамсояҳои наздик, балки шарикони боэътимоде мебошанд, ки дар таъмини амнияти муштарак ва минтақавӣ якҷоя иштирок мекунанд.

Пас аз баррасию муҳокимаи масоили рӯзномаи ҷалласа, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Чин профессор Қурбонзода Р. Қ. ҷалласаро пушида эълон намуд.

 

                                                                 Раиси Љамъияти дўстии«Тољикистон –профессор Қурбонзода Рухшона    

Мулокот бо сафири Чин 19-04-2419 апрели соли 2024 Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин мулоқот анҷом доданд.

Дар вохӯрӣ раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой» Қурбонзода Рухшона, муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, муовини директории Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷан Ли (Гулчењра) ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.07

Сайдулло Хайруллоев дар оғози суҳбат Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шуминро бо ташрифашон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду кишвари ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун хеле васеъ ба роҳ монда шудаанд.Мулокот бо сафири Чин 02

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин низ зимни ташаккур аз пазироии самимӣ, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Ҷаноби Ҷи Шумин саломи роҳбарияти Ҷамъияти мардумии дўстии Хитой (КНОДЗ) бо мамолики хориљиро ба Сайдулло Хайруллоев расонид. Дар навбати худ ба Сафир таъкид намуд, ки саломи ӯро низ ба роҳбарияти КНОДЗ расонад ва даъват ба амал намуд, ки ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯъи васеи муносибатҳои дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, аз ҷумла ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба он табодули афкори судманд карданд.Мулокот бо сафири Чин 03

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, Сафорати Хитой дар Тоҷикистон ва Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ таъкид намуданд.

Дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.

Дар фароварди мулоқот ҷонибҳо бо арзи эҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.