Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон анҷом ёфт

Автор 
Опубликовано:28 Май 2019
7204 раз Последнее изменение Понедельник, 30 Март 2020 06:40
Оцените материал
(1 Голосовать)

      

1Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия, ки ҳанӯз соли 1972 бо  бародаршаҳр эълон шудани Душанбе ва Клагенфурт оғоз шуда буд, ҳамон замон «Пули дӯстӣ» унвон гардида, ҳанӯз соли 1989 аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе дар маркази ин вилоят ҳамчун рамзи дӯстӣ чойхонаи миллӣ бо намунаҳои олии ҳунари кандакории тоҷикон сохта ва бо тамоми таҷҳизоташ тақдим гардида буд.   

Баъдан муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Австрия дар даврони истиқлол, аз замони барқарор шудани робитаҳои дипломатии байни ин ду давлат густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи навро касб кард.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Австрияро, ки 22 - 24 май бо ибтикори Сафорати Австрия дар Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон), Вазорати маориф, илм ва таҳқиқоти Ҷумҳурии Австрия дар ҳамдастӣ бо  Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, метавон идомаи ҳамин анъанаи қариб 50 -солаи ин ду кишвар номид.

2Дар доираи силсилаи чорабиниҳои маърифатию омӯзишӣ (дар ДДПТ ба номи С.Айнӣ) ва фарҳангӣ, ки тӯли се рӯз давом карданд, рӯзи аввал, дар толори Хонаи синамои «Зебунисо»-и шаҳри Душанбе бо баромади худ ҳусни оғоз бахшидани ифтитоҳи ин Рӯзҳо аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Герхард Сайллер ва намоиши филми бадеии австриягии «Муҳоҷират» (муҳтавои филмро шаҳрванди Австрия Бетина Сайлер нақл кард) хотирмон буд.

Рӯзи дуввум  дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ намоиши мусаввараҳои рассоми машҳури австриягӣ Густав Климт барпо гардид, ки  дӯстдорони зиёди санъати тасвириро дар ин даргоҳи маърифат ҷамъ овард.

Баъди суханронии ҷаноби Герхард Сайллер муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова аз таърихи муносибатҳои тарафайн ва ҳамкорӣ бо Сафорати Австрия, фаъолияти Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германия» нақл карда, намояндагони корпуси дипломатӣ ва дигар меҳмонони олиқадрро хайрамақдам гуфт.

324 май дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон чорабинии хотимавии Рӯзҳо - консерти мусиқии классикӣ барпо гардид, ки он бо барандагии мусиқашиноси варзида, доктори илм, мудири шӯъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Аслиддин Низомов ҷараён гирифта, тарбиятгирандагони Мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоеви шаҳри Душанбе ва Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи А. Бобоқулов асарҳои Мотсарт, Брамс, Шуберт, Глюк ва ғайраро иҷро намуданд.

Сӯҳбати хеле пурмуҳтавои А. Низомов дар атрофи иртиботи Австрия бо Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз дар асри 19, тавлиди жанри «валс», таҳаввули он, ворид шуданаш ба Русия ва аз он ҷо ба Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, писанди ҳамагон омада, садо додани валсҳои «Мепарварам» дар иҷрои Тӯҳфа Фозилова, «Бихандад лола бар саҳро» дар иҷрои Лола Азизова, «Эй сорбон» дар иҷрои Зафар Нозимов, ва махсусан, садои танбӯр дар иҷрои Муродҷон Эшонқулов барои аҳли нишаст хеле дилписанд буд.

4Дар ду маҳфили Рӯзҳои Австрия муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода иброз дошт, ки ин иқдоми ҷониби Австрия ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои муаррифии фарҳанги ғании якдигар, баҳамворидшавии фарҳангҳо муҳим буда, дар рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар саҳми босазо мегузорад.

Мо муътақид бар онем, ки  робитаҳои судманду фарогир барои рушду тавсеа майдони васеъ доранд ва мо ба инкишофи ҳамкориҳои густурда дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ манфиатдорем.

Дар маҳфил намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, омӯзгорон аз Австрия, меҳмонон аз шаҳри Ижевски ФР, шахсиятҳои номдори ҷумҳурӣ ва аҳли санъат ҳузур доштанд.

Чорабиниҳо тариқи телевизиони «Синамо» манзури бинандагон гардид.