Сайдулло Хайруллоев: «Ман ҳамеша бо миллатам зиндаам»

Автор 
Опубликовано:17 Сентябрь 2020
4079 раз Последнее изменение Четверг, 17 Сентябрь 2020 11:03
Оцените материал
(1 Голосовать)

        Дипломатияи парлумонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи наздик ба сињсолаи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор омадаанд.

Парламентаризми муоссири тоҷик дар даврони истиқлолият дар баробари ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ аз ҷумла рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, инчунин дар ҷалби сармояи беруна ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар низ нақши муассир дошт.       

Парлумони касбии мамлакат тайи бистсолаи охир бо шарофати сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби парлумонҳои дунё ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ намуд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.

Имсол парлумони касбии мамлакат 20-сола шуд. Дар ин росто мо наметавонем дар бораи яке аз асосгузорони парлумони касбии мамлакат - нахустин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҳарф назанем.

Шахсиятеро, ки дар борааш ҳарф мезанем, ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост, ки ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи парламентаризми тоҷик ба ҳайси роњбари нахустин парлумони касбии мамлакат машҳур гаштааст.Бо номи ин абармарди миллат таърихи давлатдории тоҷикон пайвастагии ногусастае дорад.

Сайдулло Хайруллоев. Ин ном ба муарифиї ниёз надорад. Зеро аз замони њокимияти шўравї то кунун ин шахсият дар пешгоњи хизмат ба халќу ватан ќоим будаву масъулияти фарзандии худро ифо менамояд.  

Вақт нишон дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар интихоби Раиси парлумони касбии ҷумҳурӣ  Сайдулло Хайруллоев дар солҳои 2000-2010 хато накардаанд. Зеро Маҷлиси намояндагон, ки дар тули фаъолияташ ба нафъи халқу ватан хидмат карданро мақсади асосии худ қарор додааст, имрўз ба як мақоми шоиста, боэътимод ва устувори қонуният ва адолати мамлакат табдил ёфта, вазифаҳои масъуле ки ба зима дошт, бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Ин мақоми олии қонунбарор дар ин муддат тавонист, ки вобаста ба талаботи замони муосир ва ҷомеаи тоҷик қонунҳои зиёдеро таҳия ва қабул намояд. Ин қонунҳо, ки дар сатхи меъёрҳои байналмилалӣ танзим гардида, ба тасвиб расидаанд, заминаи рушди устувор ва таъмини суботу амният дар ҷумҳурӣ мебошанд.

Нақши Сайдулло Хайруллоев ҳамчун аввалин Раиси Маҷлиси намояндагон махсусан дар ташаккули парлумони касбї ва дипломатияи парлумонї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят муассир мебошад. Аз нуқтаи назари коршиносони масоили сиёсӣ Сайдулло Хайруллоев ба сифати саpмеъмоpе баpгyзида шуд, ки на танҳо парлумони касбии мамлакатро аз ҷиҳати сиёсӣ таpмим намуд, балки сохтмони онpо баp пояҳои yстyвоpy кӯҳи сифатан нав баpпо намуд.

Бинобар ин солҳои 2005-2010-ум дубора ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардидани ў аз ҷониби кулли вакилон далели ҳамчун ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ ва шахсияти шинохтаву бонуфуз ба шумор рафтани ў байни тамоми  қишрҳои ҷомеаи кишварамон буд. Хидматҳои ў дар вазифаҳои роҳбарии ташкилоту хоҷагиҳои гуногун, роњбарии ноҳияҳо, Кумитаи иҷроияи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар се даъвати Шўрои Олии Тоҷикистон намояндаи мардумӣ фаъолият намудани ў бо овозҳои аксарияти кулл интихоб шудани ўро ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси намояндагон таъмин намуд.

Маҳз дар давраи роҳбарии Сайдулло Хайруллоев ба парлумони кишвар равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ба таври фаъол ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнипалатавии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи миллии Россия дар пойтахти Тоҷикистон рост омад. Мақомоти қонунгузории ду кишвар масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ҳолати заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байни ду давлатро муҳокима карданд. Ғайр аз ин, дар давоми марҳилаҳои ҳамкорӣ ташрифи расмии аъзои раёсат ва дигар намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Россия аз кишварҳои якдигар мунтазам ба вуқӯъ пайваст, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ нақши муҳим бозид. Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба имзо расонида шуда, ҷиҳати татбиқи амалии он комиссияи доимоамалкунанда низ таъсис дода шуд. Баргузории ҷамъомади байнипарлумонии «Тоҷикистон - Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» (Душанбе, августи с.2006) ва Форуми навбатии байнипарлумонии «Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» (Москва, Санкт-Петербург, )-ро метавон аз чорабиниҳои муҳим дар доираи ин муносибатҳо ҳисобид.

Инчунин дар марҳилаҳои гуногуни њамкорї байни ҳарду кишвар созишномаҳои муҳим дар соҳаҳои иқтисод, молия, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расиданд, ки ин ҳамкорињоро байни ин ду шарики стратегї Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин санадҳое, ки байни ду давлат оид ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷорӣ қабул шудаанд, муайян менамуд.

Сайдулло Хайруллоев солҳои роҳбариаш дар парлумонро ба ёд оварда, ќими муаззами дастовару муваффаќияти худро дар эътимоди Пешвои миллат ва њамкорию дастёрии камандаи корї дониста,  чунин мегуяд: «ба ҳамаи онҳое, ки якҷоя кор кардем барои заҳмати пурсамару фидокорона ба хотири пешрафти давлату миллат изҳори сипос менамоям.

Мехоҳам ба вакилони муҳтарам, фраксияҳо ва ҳизбҳои парламентие, ки ҳамроҳам содиқона ба нафъи давлату ҳукумат хизмат кардаанд ташаккури алоҳида гӯям. Зеро ҳамаи онҳо бори гарони масъулияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба дӯш доштанд ва онро аз оғоз то анҷом ба таври шоиста дар ҷой ва мавқеи худ мутобиқ ба талаботи қонун ва воқеият сарбаландона иҷро намуданд.

Фикр мекунам, яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси даъвати ҳамонвақтаи мо ин буд, ки мо – вакилон тавонистем якдигарро бишнавем, ба андешаҳои якдигар эҳтиром гузорем ва мубоҳисаи касбиву коршиносонаро ба анъана табдил диҳем.

Мо дар қабули қарору қонунҳо ҳамеша таносуби дурусти адолатро дар мизони манфиати давлати миллии хеш, халқи Тоҷикистон ва ояндаи давлатдориамон ба ҳадди эътидол риоя намудем. Ва ин нуктаи муҳимми дарёфти адолат кори на ҳар фарди алоҳида, балки натиҷаи маҳсули ҳамдигарфаҳмии парламенти касбӣ буд. Ва якчанд ҷумлаи комилан самимӣ унвонии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтаниям, ки ин ҳама солҳо ҳамроҳи мо – вакилони ҳамон вақта буданд.

Ман онҳоеро ба кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷалб намудаам, ки мудати 20 сол мешавад тамоми тақозои парламентро ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар иқдомҳои дигар  ҳоло ҳам таъмин намуда истодаанд».

Сайдулло Хайруллоев  дар ҳақиқат  ҳамсафи содиқу бовафои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. У аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии ватанамон дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон буд.               «-Мо- тоҷикон миллати тамаддунофар бояд дар атрофии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муттаҳид гардида,  «ҳушёрии сиёсӣ»-ро набояд аз даст диҳем, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷикон, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони ТоҷикистонАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дўст дорем»-мегуяд Сайдулло Хайруллоев.

«-Мо бояд Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо дорад, дӯст дорем, аз таҷрибаи он сабақ бардорем ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорем»- меафзояд Сайдулло Хайруллоев.

Сайдулло Хайруллоев  ҳеҷ гоҳ барои худаш чизе  ҳам нагуфтааст. Вале барои ободию пешрафти ҷамъият, барои мардум  бисёр гуфтааст.

Мавсуф  аз зумраи он сиёсатмадоронест, ки дар рафти ҷаласаҳои парлумонӣ бо хираду маърифати худ ба андешаҳои вакилон  равшанӣ мебахшид. Дунёи маънавии ў хеле ранги аст. Чаро, ки ў бо олимону адибон, ҳакимону орифон тез- тез сўҳбатҳои илмию адабӣ меорояд.

Сайдулло Хайруллоев вакилони Маҷлиси намояндагонро танҳо ба росткорӣ, адлу адолат некию накукорӣ, арзишҳои маънавии умумибашариро пос доштанд ва баланд бардоштани сифати қонунҳо ҳидоят менамуд. Ин ба ў ба осони муяссар мегардид.  Чаро ки вакилони Маҷлиси намояндагон  ўро самимона дуст медоштанд ва ҳамеша эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд.

Сайдулло Хайруллоев ҳангоми фаъолияташ дар парлумони касбии мамлакат ҳамеша таъкид мекарданд, ки бунёди ҷомеаи солиму мутамаддин орзую омоли ҳар як миллату халқияти олам буда, барои эъмори он бояд ҷаҳду талош кард. Аз ин хотир мутахасисони бахшҳои мухтаталифи ҷомеаро лозим аст, ки мавқеи солимро ихтиёр намуда, бо ахлоқи ҳамидаю эҳсоси баланди ватанпарастию худогоҳӣ ба ҷавонон намунаи ибрат бошанд. Мавқеи солим ин якрўю яктан будан аст, ки моро дар ҳамбастагӣ ба ваҳдати комил мерасонад.

Ҳамроҳи Устод  борҳо ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафари кори намудаам. У дар ҳама ҷо азизи мардум астКуҷое, ки нону намаки мардумро хурдааст онҷоро поку азиз пос доштааст.

Аз ҳама муҳимаш Сайдулло Хайруллоев аз ҷумлаи чунин симоҳои намоёни кишвар аст, ки дар зарфи даҳ соли фаъолияташ тавонист Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриро баҷаҳониён ба таври мусбат арзёби намояд.

Ин арбоби намоёни давлатӣ  ҳамчун сиёсатмадори шинохта  ҳамеша дар чорабиниҳои байналмилалӣ аз сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят намуда, манфиатҳои миллии моро аз ҳама боло мегузорадДар тамоми давру замон  ва имрӯз низ ҷомеа ба Сайдулло Хайруллоев  барин шахсиятхои нотакрор, окилу доно  ниёз дорад. Ҳоло ҳам Устод дар вазифаи  Раиси ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои хориҷӣ адои вазифа намуда, бо хирадмандию покизагӣ, гуфтору рафтори худ баҳри солимии ҷомеа гом мебардорад.

Имрӯз дар ҷумҳуриамон Сайдулло Хайруллоев барин сиёсатмадорон ангушт шуморанд. Ӯ ҳоло ҳам  бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоту вохуриҳо анҷом додаҷавонмардона манфиатҳои миллии моро ҳифз менамоядУ дар роҳ ба сӯи адолат ва гул-гул шукуфии миллат хастаги роҳро  ҳис намекунад. Бузургии ӯ дар сарҷаъмии миллат аст. Аз ҳама муҳимаш барои чунин ҷавонмардон ҳеҷ гоҳ маҳал вуҷуд надорад

Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд.

Дар таърихи соҳибистиқлолии рушди парламентаризми муоссири тоҷик Сайдулло Хайруллоев шахсиятест, ки натанҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи парламентаризм, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии миллии ниёгонамон хизматҳои намоён кардаанд.

Сайдулло Хайруллоев аз ҳеҷ гуна андешаи мухолиф, назарҳои танқидомез ва суханҳои муқобил ҳарос надошт ва ҳоло ҳам надорад. Ӯ ҳамеша ҳақиқатро мепазирад. Зеро ҳар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти давлату миллатро дар қадршиносии худ пайдо менамояд.

Сайдулло Хайруллоев ба тарбияи кадрҳои ҷавон диққати ҷиддӣ медиҳад. Чаро, ки худаш дастпарвари мактаби камолоти даврони шуравист.

«Ёд дорам солҳои роҳбариям дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ  Роҳбарияти олии кишвар дар даврони шуравӣ ва имрӯза нисбати мо кадрҳои ҷавон хеле сахтгиру серталаб буданд. Мудом мо ҷавононро дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги созандагии кишвар дастгири менамуданд. Падарона моро ғамхорӣ менамуданд»-мегуяд Сайдулло Хайруллоев.

Ҳадафи навиштани ин сатрҳо пеш аз ҳама ҳимояи корҳои неки оғозгардидаи Сайдулло Хайруллоев дар парлумони касбии мамлакат солҳои 2000-2010 мебошад. Сайдулло Хайруллоев ҳоло ҳам дар баромадҳояш борҳо таъкид менамояд, ки мақсади асосии мо муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин ҷода мо бояд ба одитарин ва олитарин хислати инсонӣ қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат такя намоем.

Сайдулло Хайруллоев рӯзи 10 августи соли 2020 ба сини мубораки 76 медарояд. Мо аз номи аҳли адаб, онҳое, ки ин ходими намоёни давлатиро изату эхтиром менамоянд, ҳайати эҷодии рузноманигорон ин шахсияти таърихиро табрику муборакбод намуда ба ӯ пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат орзу намуда, ҳамеша хоҳони онем, ки дар куҷое, ки набошад сиҳату саломат бошад

Мо бояд заҳматҳои фарзандони бузургу сарсупурдаи миллатамонро қадр намоем, то аз ин қадршиносӣ ояндагон ҳикмат ва таҷриба бардоранд.

Муҳамадато Султонов

журналист

Бознашр аз рўзномаи «ИмрӯзNews»

№ 129 (2128), сањ. 1-6-7 аз 7 августи соли 2020

http://imruz.tj/tj/articles/10784/  