8 майи соли 2018 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо муҳақиқ, журналист, профессор, узви Раёсати Ҷамъияти дӯстии «Кишварҳои Скандинавия – Тоҷикистон» (Шветсия) Расули Раҳин баргузор гардид. Тавре маълум аст соли гузашта 14 июн низ вохӯрии Сайдулло Хайруллоев бо Расули Раҳин доир шуда буд.
Сайдулло Хайруллоев зимни суҳбат қайд кард, ки Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ қариб 60-сол боз арзи вуҷуд дошта, аз замони шӯравӣ то имрӯз анъанаи неки пайванди риштаҳои дӯстии тоҷиконро бо халқҳои ҷаҳон идома медиҳад.
Ҳоло, 23 Ҷамъияти дӯстии алоҳида дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд.
Мақсади Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ин тақвияти дӯстиву бародарӣ ва фарҳангӣ миёни халқи тоҷик ва мардумони кишварҳои гуногун буда, бо қавму миллатҳои муқими Тоҷикистон, бо ҳамватанони бурунмарзӣ низ дар асоси дипломатияи мардумӣ босамар кор мебарад.
Зимни суханронии худ профессор Расули Раҳин оид ба асарҳои тозанашр, идомаи табъи маҷаллаи илмиву фарҳангии «Орёнои бурунмарзӣ» иттилоъ дод.
Маҷаллаи «Орёнои бурунмарзӣ», ки аз соли 1996 нашр мешавад, хонандаи зиёди форсизабон дорад. Дар он мақола ва маводи пажуҳиш вобаста ба илму фарҳанг, ки дар Афғонистон имкони нашр кардан надорад, рӯи чоп оварда мешаванд. Маҷаллаи илмиву фарҳангии «Орёнои бурунмарзӣ» фарогири мавзӯъҳои ҷолиб доир ба авзоъи сиёсӣ, таҳаввулоти феълии Афғонистон мебошад. Ба ин васила доираи васеъи хонандагон бо тадқиқоти илмии олимони бурунмарзии форсизабон ошноии бештар пайдо мекунанд.
Моҳи декабри соли 2017 профессор Расули Раҳин ба Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якчанд рисолаҳои илмиву пажуҳишии худро фиристод, ки дар хазинаи китобхонаи Раёсат маҳфуз аст.
Дар охири мулоқот Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба профессор Расули Раҳин китоб ва маҷаллаи тозанашри «Дӯстӣ»-ро тақдим кард.