ҶАВОНОН ДАРСИ МАҲОРАТ МЕОМЎЗАНД

Автор 
Опубликовано:16 Май 2018
7358 раз Последнее изменение Среда, 16 Май 2018 08:26
Оцените материал
(5 голосов)

              9624555555555Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ баробари муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни тоҷикон ба кишварҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногуни фарҳангӣ, тақвияти дўстиву бародарии байни қавму миллатҳои муқими Тоҷикистон, ҳамчунин ба омўзиши кадрҳои ҷавон бо донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат ҳамкорӣ дорад.

Бевосита бо ҷавонон кор бурдан аз самтҳои афзалиятноки Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, ба ифтихори Рўзи ҷавонон 23 майи соли 2017 қайд намуданд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кўшиш дорад.

 

16 DSC 9625

Шумо бояд ифтихор кунед, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебою биҳиштосо зиндагӣ доред ва ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастед. Аз ин лиҳоз, сидқан дўст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии шумо бошад.

Шумо – ҷавонон умеду орзўи мо, тадбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед. Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрўзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад».

Ҳамкории Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҶӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ густариш меёбад. Дар асоси шартномаи ҳамкорӣ ва тавсияи роҳбарият, байни мактабҳои олии кишвар, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ барои гузаронидани давраи таҷрибаомўзӣ донишҷўён ба Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сафарбар мешаванд.

14 ДДЗТ 4 курс 19.02.2018Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар яке аз мулоқотҳояш бо донишҷўён қайд намуданд: «Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ  аз соли 1958 яъне 60-сол боз арзи вуҷуд дорад ва аз замони шўравӣ то имрўз анъанаи неки пайванди риштаҳои дўстии тоҷиконро бо халқҳои ҷаҳон идома медиҳад. Имрўз дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои  хориҷӣ 23 Ҷамъияти дўстӣ бо кишварҳои алоҳида ва намояндагони ақаллиятҳои миллӣ фаъолият доранд. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ низ, тавассути фаъолияти пурсамари аъзои Ҷамъияти мазкур, Ҷамъиятҳои алоҳидаи дўстӣ ва намояндагони иттиҳодияҳои ақаллиятҳои миллӣ барои таҳкими дўстӣ ва ҳамкориҳо чорабиниҳои зиёде амалӣ мешавад».

Дар давраҳои таҷрибаомўзӣ кормандони Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо донишҷўён суҳбату вохўриҳо анҷом дода, ба онҳо оид ба фаъолияти Ҷамъияти мазкур, саҳми он дар ривоҷи дипломатияи мардумӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги халқи тоҶик дар кишварҳои хориҷӣ, таҳкими дўстиву рафоқат байни қавму миллатҳои маскуни Тоҷикистон маълумот медиҳанд.

Аз 5 феврал то 27 апрели соли 2018 донишҷўёни курси 4-уми шўъбаи рўзонаи факултети романӣ-германӣ бо ихтисоси забони англисӣ (тарҷумон)-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва инчунин аз 26 март то 20 апрели соли 2018 донишҶўёни курси 3-уми шўъбаи рўзонаи факултети филология, бахши забони англисии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар идораи Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҷрибаомўзии пеш аз дипломӣ гузарониданд.

Коромўзон ҳангоми таҷрибаомўзӣ аз худ масъулияти баланд нишон дода, ҳамаи дастуру супоришҳое, ки аз тарафи роҳбарияти  Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба онҳо вогузор мешавад, саривақт иҷро мекунанд. Андешидани чунин тадбирҳо воситаи муҳими огоҳии донишҷўён аз фаъолияти  Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.


  DSC 5534Донишҷўён дар идомаи таҷрибаомўзӣ бо истифода аз қобилият ва ҳушмандии худ таассуроти хешро ба забони англисӣ баён месозанд. Ҳамзамон ба онҳо ҳангоми тарҷума, тарзи истифодаи калимаву ибораҳо, риояи талаботи меъёри забони давлатӣ тавсияҳо дода мешавад. 

         Ба роҳ мондани таҷрибаомўзӣ дар Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, омўхтани маводи дар маҷаллаи «Дўстӣ» ва сомонаи интернетии Ҷамъияти мазкур www.friendship.tj дарҷгардида муҷиби фарох гардидани Ҷаҳонбинӣ ва афзудани маърифати ҳуқуқии донишҷўён мегардад.

Инчунин бо ташаббус ва дастгирии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ бо Ҷалби таҷрибаомўзон суҳбату вохўриҳо доир мешаванд.

Таҷрибаомўзон дар ҳамаи машғулиятҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуда, бо раисон ва аъзои Ҷамъиятҳои дўстии дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ фаъолияткунанда, намояндагони ақалиятҳои миллӣ шинос мешаванд.

Онҳо пас аз анҷоми таҷрибаомўзӣ, суҳбату вохўриҳо бо роҳбария ва иштирок дар чорабиниҳои Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таассуроти худро баён менамоянд.

 

                                                                                                       Файзулло Тиллоев,

                                                        котиби Раёсати Ҷамъияти дўстӣ

                                                         ва равобити фарҳангии Тоҷикистон

                                                               бо кишварҳои хориҷӣ