АХБОР (63)
Натиҷаи фаъолияти солона
31 январи соли 2018 дар идораи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї (минбаъд ЉДРФТ) љаласаи њисоботии солонаи Раёсати Љамъияти мазкур баргузор гардид.
Нишасти мазкур тањти раисии Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта, дар он масъулони Намояндагињои ЉДРФТ дар вилоятњо, раисон ва намояндагони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњидаи дар доираи ЉДРФТ фаъолияткунанда иштирок доштанд. Аз љумла Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев, муовини Раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, котиби Раёсат Файзулло Тиллоев, сармуњаррири маљаллаи «Дўстї» Мавлуда Шарифова, референт Аъзам Мўсоев, сармутахассис Ибод Ѓафуров, намояндагињои ЉДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Хушќадам Асматуллоев, аз Љамъиятњои дўстии назди ЉДРФТ фаъолияткунанда раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Идигул Таѓо, муовини ў Рухшона Восиева, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» Хайрулло Сайфуллоев, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Афѓонистон» Ќосимшо Искандаров, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њайбатулло Шодиев, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Машњура Вазирова, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия» Мењринисо Наѓзибекова, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон» Илњомљон Оймуњаммадзода, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирғизистон» Мирзо Шукурзода, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» Каиржан Ќурбонова – котиби масъул, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» Мирзо Муллоањмадов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» Анвар Абдурасулов, аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» С.Ф. Љаъфаров, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» Њамро Норќулов, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» Умед Мансуров, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» Соќибой Султонов ва намояндагони дигар љамъиятњои дўстии алоњида иштирок доштанд.
Љаласаро Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоњ намуда, њозиронро бо масъалањои љаласа, ки аз «Њисоботи солонаи Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар соли 2017», «Муњокима ва тасдиќи наќшаи кории Раёсати ЉДРФТ барои соли 2018», «Баромади намояндагї дар вилоятњо ва раисони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњида» иборат буд, шинос намуд.
Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Дар давраи њисоботї Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, вазифањои оинномавии худро иљро намуда, намояндагињои он дар вилоятњо, љамъиятњои дўстии алоњида босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат њисоботи хешро пешкаш карданд.
Дар доираи баргузории чорабинињои гуногуни соли 2017 љињати сазовор ва дар сатњи баланд истиќбол намудани љашни 20-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї, 25-солагии Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Соли љавонон ањамияти хос дода шуд.
Гарчанде љамъомади имрўза, љаласаи њисоботї аст, пешнињод менамоям, ки њамоиши имрўзаи мо њамчун маъракаи баррасии Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њисобида шавад, чунки фаъолияти њамаи мо љавобгўї нуќтањои ба мо дахлдори он мебошад.
Пешвои миллат дар Паём гуфтаанд: “Миллати тољик соњиби ойину суннатњои бостонї ва фарњанги ќадима буда, дар тамаддуни љањонї сањми сазовор гузоштааст.
Тамоюли љањонишавии фарњанг ба яке аз проблемањои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатњи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслњое, ки вазифањои азими бунёди љомеаи навин дар даврони соњибистиќлолии миллати тољик ба зиммаи онњо гузошта хоњад шуд, торафт меафзояд.
Дар ин марњалаи муњим маќсаду вазифањои фарњанг бештар ба масъалањои ташаккули маънавиёт, омўзиши амиќи таъриху фарњанги гузаштаву муосири халќи тољик, баланд бардоштани ифтихори миллї ва њисси ватандўстиву ватандорї, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону љавонон густариш додани эњсоси эњтиром ба муќаддасоти милливу рамзњои давлатї равона мегардад” ва ин гуфтањо илњомбахши фаъолияти имсолаи мо хоњад буд.
Раёсати Љамъияти дўстї дар давраи њисоботї фаъолияташро чун њамеша дар њамкории зич бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии марказї ва мањаллї, вазоратњо, муассисањои илмиву таълимї ва фарњангї пеш бурд. Чорабинињои калон, аз љумла, форуми љамъиятњои дўстї ва фестивали дўстии љавонони тољик ва хориљї, ки анъанавї шудааст. якљоя бо Намояндагии Росструдничество ва дигар шарикон амалї гардид ва мо аз онњо барои њамкории судманд хеле миннатдор њастем.
Њамаи ин фаъолият дар ду шумораи љамъбастии соли 2017-и маљаллаи “Дўстї”, ки шумораи якуму дуюми он аксандоз шудааст.
Дар давраи њисоботї ба табъ расидани ду нашри махсуси маљаллаи “Дўстї” бахшида ба 25-солагии барќарор шудани муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон бо Федератсияи Россия ва нашри махсуси бахшида ба муносибатњои Тољикистон бо Хитой, алалхусус ташаббуси ба љомеаи љањонї нигаронидашудаи “Як камарбанд, як роњ” далели он аст, ки Љамъияти дўстї аз тариќи нашрияи хеш равобит бо кишварњои хориљиро густариш додаву ба тањкими муносибатњои байнидавлатї низ мусоидат менамояд.
Дар чорабинињои мо иштирок кардани сафирон ва намояндагони корпусњои дипломатї ифодагари арзи эњтироми онњо нисбати фаъолияти пурсамари мост.
Аксарияти Шумо дар Форуми дўстї иштирок карда, шоњиди бо Ифтихорномаи Раёсати Љамъияти дўстї гуселонидани Сафири Озарбойљон дар Тољикистон Аббосалї Гасанов будед. Ў дар аксари чорабинињои мо иштирок ва суханронї мекард.
Ташаккур ба раисони љамъиятњо, масъулони намояндагињои Љамъияти дўстї дар вилоятњо ва роњбарони муассисањое, ки дар нињодашон љамъиятњои дўстии алоњида фаъолият мебаранд. Инчунин ташаккур ба сарварони обшинањои миллї, ки ваќти худро дареѓ надошта кори дипломатияи мардумиро пеш мебаранд.
Зањматњои Шумо дар мадди назари Раёсати Љамъияти дўстї буда, бо Ифтихорномаи Љамъияти дўстї ќадр гардонидани як ќатор фаъолон ва намояндагони аќаллиятњои миллї нишони эътирофи кўшишњоятон аст.
Имсол таљлили 60-солагии таъсис ёфтани Љамъияти дўстї дар назар аст. Аз баски ЉДРФТ ва Россотрудничество – собиќ ССОД њамреша њастанд, ин љашн якљоя бо Россотрудничество доир хоњад шуд. Ба ин сана китобе, бахшида ба таърихи Љамъияти дўстї тасниф шуда истодааст. Гирдоварии мавод ва тањияи онро Аъзам Мўсоев ва Файзулло Тиллоев ба сомон мерасонанд.
Ќобили зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгирии роњбарияти Љамъияти дўстї ба хотири гиромї доштани номи неки Њамро Тоњирова, собиќ Раиси Раёсати Љамъияти дўстї дар солњои 1969–1973 ба унвони раиси ноњияи Ашти вилояти Суѓд Мирдадо Зариф номаи расмї ирсол гардид. Дар асоси пешнињод гимназияи № 7-и ноњияи Ашт ба номи Њамро Тоњирова гузошта шуд.
Дар соли 2017 бо дастгирии роњбарияти Љамъияти дўстї китоби шоир Љумъа Ќувват бо номи “Нахлистони Вањдат” дар нашриёти “Бухоро” чоп шуд. Љумъа Ќувват яке аз фаъолони Љамъияти дўстї ва Кумитаи сулњу ризоияти миллии Тољикистон дар водии Рашт мебошад.
Дар давраи њисоботї Раёсати Љамъияти дўстї, намояндагињои он дар вилоятњо, љамъиятњои дўстии алоњида, марказњои фарњангии ташкилотњои аќаллиятњои миллї кори худро дар асоси наќшаи чорабинињо ба роњ монданд. Њисоботи худи Раёсати Љамъияти дўстї, намояндагињои он дар вилоятњо, раисони љамъиятњои алоњида шунида мешавад.
Дар охир ќайд намудан зарур аст, ки Раёсати Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, намояндагињо ва љамъиятњои алоњида њамаи чорабинињои асосии барои соли 2017 ба наќша гирифташударо иљро намуда, илова бар он чандин чорабиниву иќдоми назарраси пурракунандаи вазифањои оинномавии ташкилотро ба љо оварданд ва имрўз ин фаъолият аз љониби њозирон бањогузорї мешавад.
Пешнињод дорам, њангоми гузаронидани чорабинињо њар љамъият роњбарони љамъиятњои дигарро даъват намояд, то аз кори якдигар њам воќиф бошанду њам аз таљрибаи њамдигар бањра бардоранд».
Сипас, муовини Раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарипова дар назди њозирон аз натиљаи фаъолияти яксолаи Раёсати ЉДРФТ дар соли 2017 гузориш дод.
Инчунин, намояндањои ЉДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, ВМКБ Хушќадам Асматуллоев, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» Соќибой Султонзода, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» Анвар Абдурасулов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Афѓонистон» Ќосимшо Искандаров, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Идигул Таѓо оид ба фаъолияташон дар соли 2017 маълумот доданд.
Дар љаласа наќшаи кории ЉДРФТ барои соли 2018 муњокима гардида, бо назардошти пешнињодњо тасдиќ карда шуд.
Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар давраи њисоботї кори худро дар самти иљрои вазифањои оинномавї, пешрафти фаъолияти љамъиятњои дўстии дар доираи он фаъолияткунанда, ќавитар кардани иртибот бо иттињодияњо ва марказњои миллию фарњангии аќаллиятњои миллии кишвар, густариши њамкорї бо корпусњои дипломатї ва ташкилотњои байналмилалии муќими Тољикистон дигар анљом дод.
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО
7 декабри соли 2017 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо муњаррири бахши тољикии маљаллаи «Пайванди ќитъањо» (бо забони русї «Контимост») Замир Саъдулло мулоќот кард.
Дар вохўрї оид ба њамкорињои минбаъда ва фаъолияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва нашри маљаллаи бахши тољикии маљаллаи «Пайванди ќитъањо» баррасї шуд.
МУЛОЌОТ БО ЯСМИН ГУЕДАР
27 ноябри соли 2017 мулоќоти Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва намояндагї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Франсия дар Љумњурии Тољикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор шуд.
Дар вохўрї муовини раиси Раёсати ЉДРФТ М. Шарипова, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» С. Султонов, сармуњаррири маљаллаи “Дўстї” М. Шарипова, муовини раиси Кумитаи сулњу ризоияти миллии Тољикистон Њ. Њамидова иштирок доштанд.
НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО – ОСНОВА ВСЕГО
Национальное единство – основа всего, на чем зиждется любое государство. Достижение этой главенствующей ценности и его сохранение требует больших усилий всего сообщества страны. Единство Таджикистана определяется его государственной национальной политикой. Приверженность Дружбе и Согласию народов, неприятие национальной и религиозной розни и другие составляющие нашего государства определяют его исторический выбор, обеспечивают ему долговечность.
После полного драматическими событиями лихолетья обретение Таджикистаном государственной независимости, затем достижение мира и межнационального согласия стали залогом национальной безопасности и духовного благополучия нашего народа. Всего за четверть века построено независимое суверенное государство, выступающее полноправным членом мирового сообщества. Таджикистан – участник сотен межгосударственных договоров и соглашений. Основатель мира и национального единства –Лидер нации, Президент РТ уважаемый Эмомали Рахмон, не останавливаясь на достигнутом, и ведя Таджикистан по пути развития, более того, выступая с инициативами мирового масштаба, способствует всё большему повышению международного авторитета нашей страны.
Благодаря народному единству, Таджикистан вступил на путь строительства государства, которое наряду с верностью своим национальным ценностям и поучительной новейшей истории, заявляет о своей приверженности общечеловеческим принципам демократии и правового государства.
Таджикское общество дружбы и культурных связей с зарубежными странами (ТОДКС) и родственные ему организации других стран, работая непосредственно с общественностью, с людьми на ниве народной дипломатии, обеспечивают широкое их участие в деле взаимопонимания, сближения сообществ, внедрения толерантности - столь необходимые для поддержания национального единства.
Выступления в СМИ, издание книг, участие в работе международных симпозиумов, конференций и других мероприятий, как внутри страны, так и за рубежом; тесные контакты с научными, культурными, образовательными структурами разных стран – основные составляющие деятельности ТОДКС и его подразделений, и все они ярко отражаются на страницах журнала «Дусти», и тем самым способствуют сохранению и укреплению национального единства нашей страны.
Пользуясь случаем, Президиум и правление ТОДКС, председатели 24-х Обществ дружбы с отдельными странами, видные ученые и общественные деятели – активисты организации поздравляют всех таджикистанцев с Днем национального единства, желают всем мира и процветания.
19 декабри соли 2017 бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъбасти соли ҷавонон дар Маркази илму фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе V-умин Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавононро доир карданд.
Дар кори Форуми мазкур намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии алоҳидаи назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, аҳли зиё, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе, хабанигорон ва дигарон иштирок доштанд.
Чорабинии мазкурро роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории Форум ва Фестивали мазкур ба ҷавонон имкон медиҳад, аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Аз Раёсати ҶДРФТ сипосгузор буд, ки чунин чорабиниҳоро доир менамояд. Ва ин чорабинӣ чун анъана бо як шукуҳу шаҳомати хоса доир мегардад.
Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҳамагонро бо ин рӯйдодҳои муҳим самимона табрик намуд. Таъкид кард, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ ва Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, барои таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамояд.
Сипас, мушовири Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дергачев Валерий Владимирович суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои гирди ҳам ҷамъ шудани намояндагони қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад.
Инчунин дар ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сейтимов Нурлан Мусатаевич, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббасалӣ Каром оғли Гасанов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоисломов Шоқосим Исманович, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, академик, узви вобастаи АИ ҶТ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова, проректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров, устодони ДДОТ ба номи С. Айнӣ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германи» Сайфулло Хайруллоев, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Франсия» Соқибой Султонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева ва дигарон дар бораи фаъолияти худ ва Форуми анҷуманҳои дӯстӣ маълумот доданд.
Дар охири ҷаласаи панҷумин Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббасалӣ Каром оғли Гасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева, адиб ва олими тоҷик, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода, муаллимаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС» Манзура Улчабоева, директори Театри давлатии драмавии руссии ба номи В. Маяковский Дадоева Мунира, доктори илмҳои математика Фризе Срумова, раиси Иттиҳоди тоторҳои Тоҷикистон «Умет» Хисамова Мусалифа, аъзои Фонди ҷамъиятии «Халлухиён» Раҳмоил Сафаров ва дигарон Ифтихорномаи Раёсати ҶДРФТ-ро бо китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон дар рӯҳияи дӯстӣ ва рафоқат баргузор гардида, он барои таҳкими дӯстӣ ва муносиботи фарҳангии миёни ҷавонон, мардуми сарзамини Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳамон рӯз (19.12.2017 аз соати 13:00 то 15:00) консерти идона дар толори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон баргузор шуд.
Дар консерт намояндагони корпусҳои дипломатии шаҳри Душанбе, аъзои ҷамъиятҳои дӯстии дар назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, ақалиятҳои миллӣ, донишҷӯёни донишгову донишкадаҳои шаҳри Душанбе ва хабарнигорон иштирок намуданд.
Проректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров консерти идонаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузории ин чорабинӣ барои таҳким ёфтани дӯстӣ миёни донишҷӯёни хориҷӣ, ошноии бештар пайдо кардан аз фарҳанг ва расму ойини якдигар мусоидат менамояд.
Баъдан, роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич зимни суханронии худ махсус қайд намуд, ки ҶДРФТ дар якҷоягӣ бо Намояндагии Россатрудничество дар ин самт корҳои хеле назаррасро тули панҷ сол анҷом медиҳанд. Ба ҷавонон муроҷиат карда гуфт, ки онҳо баҳри густариши равобитҳои фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ низ бояд мавқеи устувор дошта, ба он саъю кушиш намоянд.
Сипас аз тарафи дастаҳои ҳунармандони донишҷӯёни мактабҳои олӣ вобаста ба мавзӯи дӯстӣ, сулҳу ваҳдат барномаи ҷолибу рангоранги консертӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.
Вохўрии Сайдулло Хайруллоев бо профессор Расули Раҳин
14 июни соли 2017 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо профессор Расули Раҳин мулокот кард.