16 июни соли 2025 мулоқоти муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода бо муовини Вазири ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла дар умури Осиё, Ховари Миёна ва Уқёнусия Татяна Пю Морено баргузор гардид.
Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Мартинес ва намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Иброҳим Абдуллозода доир ба таърихи фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва оғози ҳамкориҳои ҷадид бо Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла иттилоъ дод.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки 28 феврали соли 2025 дар назди факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Венесуэла» таъсис ёфт, ки минбаъд барои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳар ду ҷониб ва таҳкими равобити дӯстӣ заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Муовини Вазири ҳокимияти мардумӣ оид ба муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла дар умури Осиё, Ховари Миёна ва Уқёнусия Татяна Пю Морено дар навбати худ барои тақвияти ҳамкорҳои дипломатӣ ва ҳамзамон ташкили Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Венесуэла» изҳори минатдорӣ намуда, дар робита ба таҳкими муносибати байни халқҳо аз нақши Донишкадаи Симон Боливар дар ин самт ёдовар шуд.
Номбурда, барои боз ҳам бештар гардидани мунисбатҳои ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстӣ дар оянда ба роҳ мондани имзои созишнома байни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Донишкадаи Симон Боливарро аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ намуд.
Мулоқот дар сатҳи хуб баргузор гардида, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳо дар самти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва дигар бахшҳо байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла тақвияти бештар касб хоҳад кард.