МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО ХОНУМ КЕЙКО ФУРУТА

Автор 
Опубликовано:10 Март 2026
10 раз Последнее изменение Вторник, 10 Март 2026 06:42
Оцените материал
(1 Голосовать)

  DSC 64355-уми марти соли 2026 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ И. Абдуллозода, Ф. Тиллоев, Ф. Раҳмонзода ва А. Азимов иштирок намуданд.

  Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳанг мубодилаи афкор анҷом доданд.

  Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар ҷараёни мулоқот аз нақши Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Ҷопон», ки дар заминаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар таҳкими робитаҳои дӯстона ёдовар шуда, омодагии раёсати Ҷамъиятро ҷиҳати густариши бештари робитаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш изҳор дошт.

   Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба имконияти тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф, аз ҷумла дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ташкили барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос табодули назар карданд.DSC 6527

  Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута бо изҳори қаноатмандӣ аз мулоқот таъкид намуд, ки Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар оянда низ барои рушд ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг талошҳои бештар ба харҷ хоҳад дод.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди минбаъда ва густариши ҳамкориҳои гунонунҷанба миёни Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.

   Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷопон» бо ташаббуси раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар заминаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон 3 апрели соли 2014 таъсис ёфтааст.

 

Ф. Тиллоев

Ф. Раҳмонзода

 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Март 2026 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31