Ошибка
  • Не удалось загрузить XML-файл
  • https://friendship.tj/templates/sj_teen/templateDetails.xml
  • XML: failed to load external entity "https://friendship.tj/templates/sj_teen/templateDetails.xml"

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Автор 
Опубликовано:08 Октябрь 2026
20 раз Последнее изменение Четверг, 08 Октябрь 2026 07:03
Оцените материал
(1 Голосовать)

photo 2026-10-08 10-00-257 октябри соли 2026 раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев мулоқот намуд.

Дар мулоқот муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, мудири шуъбаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ Файзулло Тиллоев ва сармуҳаррири маҷаллаи «Дӯстӣ» Наҷмиддин Зайниддинзода иштирок намуданд.

Сайдулло Хайруллоев дар оғози мулоқот Сафири Ҷумҳурии Беларус Александр Худолеевро ба Ҷамъият хайрамақдам гуфта, доир ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкориҳои он бо Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар 31 январи соли 2003 Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус» таъсис дода шудааст. Ҷамъият дар тӯли фаъолияти худ дар таҳкими робитаҳои дӯстона, рушди муколамаи фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ миёни Тоҷикистону Беларус саҳми муносиб гузоштааст.

Айни ҳол Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус» дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият намуда, дар самти таҳкими робитаҳои дӯстона ва фарҳангии ду кишвар тадбирҳои гуногунро амалӣ менамояд.

photo 2026-10-08 10-01-49Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев зимни мулоқот таъкид намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар сатҳи баланди сиёсӣ қарор дошта, ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои гуногунҷабҳа дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак иқдомҳои заруриро анҷом медиҳанд.

Сафир ҳамчунин омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус» изҳор дошт.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳои миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон баён намуда, зарурати баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитариро таъкид карданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Худолеев таассуроти худро аз мулоқот чунин баён намуд: «Бо камоли самимият аз боздиди Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолам. Бо талошҳои муштараки мо метавонем барои наздиктар намудани халқҳои ду кишвар, рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ қадамҳои устувор гузорем. Мо якҷоя насли ҷавонро тарбия намуда, дар заминаи марҳилаҳои муштараки таърихи халқҳоямон дар қалби онҳо муҳаббат ба Ватанро парвариш мекунем».

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Беларус таъкид намуданд.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2026 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31