МУЛОҚОТ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН ДАР ЧУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Автор 
Опубликовано:07 Июль 2025
11 раз Последнее изменение Понедельник, 07 Июль 2025 08:09
Оцените материал
(1 Голосовать)

 DSC 629030 майи соли 2025 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уки баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариш бахшидани фаъолияти Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», табодули донишҷӯён барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳар ду кишвар, инчунин тақвияти масоили фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.  

  Зикр гардид, ки бо назардошти солҳои охир ба таҳсил фаро гирифтани зиёда аз 1000 нафар ва сол аз сол афзудани теъдоди донишҷӯёни Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино ва ҷиҳати минбаъд мустаҳкам намудани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ҳар ду кишвар ҳайати нави Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар пойгоҳи донишгоҳи номбурда дар таърихи 5-уми майи соли 2025 таъсис дода шуд.

   Мулоқот дар сатҳи хуб баргузор гардида, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳо дар самти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангу маориф байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҳиндустон тақвияти бештар касб хоҳад кард.

Другие материалы в этой категории: « Ифтитоҳи намоиши «Ваҳдатнигор»

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июль 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31