Муаррифии тарҷумаи китоби мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Автор 
Опубликовано:14 Октябрь 2025
5 раз Последнее изменение Вторник, 14 Октябрь 2025 07:07
Оцените материал
(1 Голосовать)

Акс 3 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рӯнамоии тарҷумаи қисми якуми китоби дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забонҳои маъруфи ҷаҳон – фаронсавӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва куриёӣ бо баргузории ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода, Cафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса Элза Пинёл, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидраҳмон Сулаймонов, Ҳабибулло Раҷабов ва Умар Сафар доир ба нақшу мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии як давлати соҳибистиқлол дар осори беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.

Зикр гардид, ки китоби мондагори Пешвои миллат ба унвони «Забони миллат – ҳастии миллат», воқеан ҳам ҳамбаста ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ таълиф шуда, бори дигар бо далелҳои муътамад бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит сохтааст. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад ва мо таърих ва фарҳанги куҳанбунёди хеш, матнҳои беш аз ҳазору дусадсола, эҷод ва осори ҷовидонаи садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари тоҷикро имрӯз маҳз бо ин забони нобу шево мехонему дарк мекунем. Халқи тоҷик дар ҳама давру замон бо гӯйишу шеваи хоси забони тоҷикӣ кӯшидааст, ки забони гуфторӣ ва навишторӣ бе фосила амалкард дошта бошад.

Маврид ба ёдоварист, ки китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 2022 то имрӯз бо 7 забони тадрисшавандаи муассиса тарҷума ва нашр шудааст, ки ин иқдом воситаи муаррифии забони ғановатбору хушоҳанги мо дар арсаи ҷаҳон мебошад. Аз рӯйи нусхаи тоҷикӣ ва тарҷумаҳои он донишомӯзони донишгоҳи номбурда таълим мегиранд.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2025 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31