15 ноябри соли 2023 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад Байраммурадович дар дафтари кории Љамъияти дўстї мулоқот кард.
Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон –Туркманистон» Мирзошоҳрух Асрорӣ, кормандони Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї И. Абдуллозода, Ф. Тиллоев , Д. Шайимов ва консули Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон Ануразов Сафар иштирок доштанд.
Дар оғоз Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Хайруллоев Сайдулло Кочмурадов Аймурадро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, ба ў дар фаъолиятҳои минбаъдаи дипломатиаш барору комёбиҳо таманно кард.
Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев зимни шинос намудани Сафири Туркманистон бо самтҳои гуногуни фаъолияти Љамъияти мазкур ва ҳамкориҳои фарҳангии он изҳор дошт, ки дар назди Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї 24 Љамъияти дўстї бо кишварњои алоњида фаъолият доранд ва яке аз онњо Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон –Туркманистон» аст, ки раисаш собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ мебошад.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад низ зимни ташаккур аз пазироии самимї, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии кишвараш бо Љумҳурии Тољикистон шуд.
Дар анҷоми суҳбат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад Байраммурадович ва Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Мудири шӯъбаи Раёсати
Љамъияти дўстї ва равобити
фарњангии Тољикистон
бо кишварњои хориљї Файзулло Тиллоев