Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

Халқи тоҷик бо мардуми Фаронса аз давраҳои қадим муносибати дӯстона дошт, вале ин муносибатҳо аз охири асри XIX сар карда, рӯ ба инкишоф оварданд. Ҳанӯз қабл аз Инқилоби Бухоро маорифпарварони тоҷик бо сарварии Аҳмади Дониш ба фарҳангу тамаддуни мутараққии фаронсавӣ таваҷчуҳи хоса зоҳир менамуданд. Маорифпарварони тоҷик Мирзо Сироҷи Ҳаким ва Пайрав Сулаймонӣ, ки дар ибтидои асри XX ба Фаронса сафар намуда буданд аз аввалин нафароне ҳастанд, ки муносибатҳои дипломатии халқиро байни мардуми тоҷику фаронсавӣ гузоштаанд ва дар осорашон аз он фарҳанги пешрафта бо камоли мамнуният ёдовар шудаанд.

1. Робитаҳои дӯстонаи тоҷикону фаронсавиён дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ нигоҳнакарда ба як қатор мушкилоти ҷойдошта хеле ривоҷу равнақ ёфт, ки натиҷаи он пеш аз ҳама муносибати дӯстонаи устод Айнию Лоҳутӣ бо адибони фаронсавӣ буд. Аз ҷониби дигар дар ин давра осори насрию назмии адибони фаронсавӣ тавассути забони русию форсӣ ва туркӣ ба забони тоҷикӣ хеле зиёд тарҷума ва дастраси мардум гардидаанд.

Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса ба таври боядушояд дар давраи соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз чорабиниҳои сиёсию фарҳангии зиёде баргузор гардидаанд, ки ҳар кадоми онро метавон дар алоҳидагӣ баррасӣ намуд.

Вохӯрии охирине, ки дар сафорати Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гардид, бешубҳа дар рушди минбаъдаи равобити фарҳангии дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса такон бахшида метавонад.

Рӯзи 3 марти соли 2021 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, ҷонишини раиси ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова, нависанда Мирзонасриддин, раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Фаронса” Соқибой Султонзода ва мусаввири маҷаллаи “Дӯстӣ” Заур Дахте бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва масъули бахши фарҳангии сафорат Лола Роже вохӯрӣ доир намуданд. Ҳангоми вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти дӯстии мардуми тоҷику фаронсавӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ барои тарғибу ташвиқи фарҳанги ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Хусусан муовини раиси ҷамъият М. Шарифова доир ба таърихи ҷамъияти дӯстӣ, ки соли 1958 таъсис ёфтааст маълумоти ҷолиби диққат дода, аз ҳар кадом ҷамъиятҳо ва дастовардҳои онҳо дар ҳар давру замон ёдрас шуд. Ҳамчунин М. Шарифова дар хусуси маҷаллаи “Дӯстӣ” ва маводи дохили он маълумот дода, якчанд нусхаи охирини онро ба сафир пешкаш намуд. Дар рафти суҳбат М. Шарифова иброз намуд, ки барои озод намудани Фаронса ва муқовимат бар фашизм саҳми тоҷикон низ назаррас аст ва қаҳрамониҳои Раҳимов Қодирро хотиррасон кард.

2. Нависанда Мирзонасриддин дар хусуси фаъолияти нависандагиаш сухан ронда, аз рағбату робитаи адибони тоҷик ба адабиёти фаронсавӣ ёдовар шуд. Номбурда гуфт, ки адибони давраи собиқ Шӯравии тоҷик ҳама аз адабиёти фаронсавӣ бохабар буданд ва аз он илҳом мегирифтанд. Зимнан нависанда романи ба забони русӣ тарҷумашудаи худро ба Сафир ҷаноби Мишел Тарран тақдим намуд.

Раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Фаронса” С. Султонзода дар хусуси робитаҳои тоҷикону фаронсавиён дар давраҳои пеш аз Инқилоби Бухоро, давраи Шӯравӣ ва муосир сухан ронда, иброз намуд, ки имрӯз адибони фаронсавиро мутарҷимони тоҷик на аз забони русӣ, балки аз забони асл тарҷума карда истодаанд. Аз фурсат истифода намуда С. Султонзода монографияи худ “Проблема материи и её атрибутов в философии Ибн Сины”-ро, ки натиҷаи таҳқиқоти семоҳааш дар Фаронса мебошад, ба ҳозирин туҳфа намуд.

Дар охир Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба Сафир ҷаноби Мишел Тарран барои қабул миннатдорӣ баён намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори хушбинӣ кард.

Мишел Тарран дар навбати худ таъкид дошт, ки мо низ ҷонибдори тақвият бахшидани ҳамкориҳои дӯстонаи фарҳангӣ мебошем ва тавассути анҷумани омӯзгорони забони франсавӣ ба ҷамъияти дӯстӣ кумаки худро дареғ намедорем.

 Султонзода С. – раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Фаронса”

 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30