Мулоқоти Сайдулло Хайруллоев бо аъзои Ҷамъиятҳои дўстии алоҳида

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

Мулоќоти Сайдулло Хайруллоев бо аъзои Љамъиятњои дўстии алоњида

 

          31 марти соли 2020 вохўрии Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» мулоќот намуд.

          Дар вохўрї Мушаррафа Шарипова, Носири Салимї, Аъзам Байдуллоев, Рухшона Восиева ва дигарон иштирок доштанд.

          Сайдулло Хайруллоев ба мавзўъи вохўрї оиди зарурати таљдиди Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» бо тафсил суњбат кард. Азбаски муносибатњои гуногунљабња бо Љумњурии Халќии Хитой – шарики стратегии Љумњурии Тољикистон амну фароњ аст ва ЉДРФТ бо ЉХХ барои панљ сол Созишномаи њамкорї ба имзо расонидааст ва Кумитаи Созмони Њамкорињои Шанхай оид ба њамљаворї Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» сатњи дигари корбариро таќозо мекунад. Бояд њайати нави Раёсати он иборат аз шахсоне бошанд, ки ин гуногунљабњагии муносибатњоро таъмин карда тавонанд ва раиси он симое бошад, ки бо шахсиятњои намоёни Хитой суњбат кард ва дар Форумњои њар сол зикршаванда бо маърўзањои љолиб баромад кунанд, ё дар мусоњибањо иштирок карда тавонад.

          Бинобар он Раёсати ЉДРФТ пешнињод мекунад, ки Носири Салимї раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» интихоб шавад. Љонишини раиси Љамъият ноиби ректори ДДОТ ба номи С. Айнї оид ба робитањои беруна Аъзам Байдуллоев ва котиби масъули Љамъият Рухшона Восиева пешбарї шуда, аз љониби иштирокчиёни вохўрї низ пазируфта шуд.

          Инчунин, зимни мулокот оиди масъалаи таљдиди Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» баррасї шуд. Љамъияти мазкур дар нињоди Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода таъсис дода шавад. Чунки дар љумњурї ягона маркази кореягї дар Донишкадаи мазкур мављудаст. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалии ДДЗТ ба номи С. Улуѓзода раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» Раљабов Саиднеъмон интихоб карда шавад.

          3 апели соли 2020 Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев бо аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» вохўрї намуд.

Аз сабабе, ки раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусаттор Нуралиев дар 78-солагї (шаби 20 марти соли љорї) даргузашт. Аз ин рў Раёсати ЉДРФТ оиди таљдиди Љамъияти мазкур бо аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» вохўрї анљом дода шуд. Дар вохўрї Абдуѓаффор Абдуљабборов раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» ва Каиржан Курбанова котиби масъул интихоб шуданд.

          10 апрели соли 2020 Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев бо аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» вохўрї намуд. Дар он Мушаррафа Шарифова, Муњиба Мањмадљонова, Рањмонзода Азимљон иштирок доштанд.

          Раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Муњиба Мањмадљонова, љонишини раиси Љамъияти мазкур, муовини директор оид ба илми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Раҳмонзода Азимҷони Шералӣ интихоб шдуанд.

          13 апрели соли 2020 раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» Султонзода Соќї аз љониби Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев ба њузур пазируфта шуд.

Дар рафти суњбат раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» Султонзода Соќї дар хусуси фаъолияти Љамъияти мазкур, наќшаи корї барои соли 2020, аъзои љамъият, дастоварду пешравињо ва ѓайра суњбат намуд.

Маълум гардид, ки Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» дар соли 2019 як ќатор чорабинињои фарњангї баргузор намуда, њисоботи муфассали худро дар шакли алоњида ба Раёсати ЉДРФТ пешкаш намудааст.

Дар соли 2020 бошад Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» наќшаи кориашро тањия ва тасдиќ намуда, тибќи наќша аллакай дар моњњои январу феврал якчанд чорабинињо баргузор гардидаанд, вале дар давоми бештар аз як моњи охир бо сабаби афзоиш ёфтани бемории сироятии «Пандемия» (COVID-19) дар аксар кишварњои олам фаъолияти љамъият, ки бо Сафорати Франсия дар Тољикистон вобастагии зич дорад то андозае коњиш ёфтааст. Аммо ин њолат муваќќатї мебошад. Бештари чорабинињо тибќи наќша дар тобистон ва тирамоњ рост меоянд.

Њамин тавр, Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев барои боз њам бењтару хубтар ба роњ мондани робитањои дўстї бо Љумњурии Франсия ва баргузор намудани чорабинињои фарњангї ба раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» Султонзода Соќї дастуру супоришњои мушаххас дод.

          13 апрели соли 2020 Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» Сайфуллоев Хайрулло ва магистри шуъбаи забони олмонї њамчун забони хориљии Донишгоњи Вена хонум Малгоржата Ставовчик вохўрї намуд. Хонум Малгоржата Ставовчик бо даъвати ЉДРФТ ба Љумњурии Тољикистон ташриф оварда буд. Дар вохўрї хонум Малгоржата Ставовчик изњор дошт, ки дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї ба донишљўёни факултети забонњои романї-германї аз забони олмонї ва фарњанги Австрия дарс мегузарад. Инчунин ба муњасилин доир ба мавзуъњои доѓи рўз дар ташкили намоишномањои театрикунонида кўмак менамояд, ки онњо дар охири соли тањсил бо намоишњои театрї дар байни 13 донишгоњи љумњурї ќувваозмої менамоянд. Чунин саъю кўшиши донишљўён албатта барои инкишофи малакањои суханварї аз забони олмонї ривољ ёфта, барои ташаккули салоњияти коммуникативии онњо мусоидат менамояд.

Хонум Малгоржата Ставовчик, ки худ донандаи забонњои олмонї, англисї, италиёвї, лањистонї, чехї, русї ва туркї мебошад, ният дорад, ки њангоми дар шањри Душанбе фаъолият намуданаш забон ва фарњанги тољикро аз худ намояд.

Дар суњбат Сайдулло Хайруллоев маслињат доданд, ки барои бењтар аз худ намудани забон ва тамаддуни тољик бо тољикон бештар суњбату муошират бояд намуд, аз музею осорхонањо ва љойњои диданбоби Тољикистони офтобрўя шинос бояд шуд, аз нури офтоби инљо бањра бояд гирифт. Бахусус дидани манзарањои нотакрори дараи Варзоб, ки аз шањри Душанбе на он ќадар дур воќеъ аст, ба кас њаловат мебахшад ва шахс аз он руњу неруи тоза ба даст меорад.

Дар мусоњиба раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» Сайфуллоев Хайрулло ќайд кардаанд, ки чунин чорабинињои фарњангї дар наќшаи љамъият албатта, љой дорад ва бо расидаи ваќти мусоид аъзои Љамъият њамроњи мењмони маззам ба сайру саёњати куњистону чашмасорон рафта, бо косибону њунармандони тољик шиносої ба амал меоранд, то ки мењмони арљманди мо, хонум Малгоржата Ставовчик дар баробари амалї намудани фаъолияти фарњангию педагогии хеш, инчунин бештар ба расму русум ва зебоию манзарањои љолибу дилфиреби Тољикистони азиз – Ќалъаи Њисор, Ќалъаи Њулбук, Панљакенти Бостон, Искадаркўл, Шањристону Хуљанд шинос шавад. Чунин чораандешињо бе чуну чаро натиљањои амалї гардидани дастурњои Президенти кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба солњои рушди дењот ва њунарњои мардумї дар давраи кунунї мањсуб меёбанд.

Зимни суњбат раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» Сайфуллоев Хайрулло зикр намуданд,ки тавассути Шартномаи байнидавлатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Австрия њамасола ба Љумњурии Тољикистон мењмонони зиёд, аз ќабили олимони фарњангшиносу забоншинос, донишљўён ва сайёњњони зиёд боздид ба амал меоранд. Ин робитањо воќеан дорои таърихи зиёда аз 50-сола меошанд. Аз љумла, чанд сол ќалб кўњнавардони шањри Клагенфурт (бародаршањри Душанбе) дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон ќуллаеро фатњ намуданд, ки он ба унвони Ќуллаи Клагенфурд номгузорї шудааст. Аз Љумњурии Тољикистон ба њайси сафарњои љавобї њунармандону санъаткорон, рассомон, мутахассисони соњаи барќ ва ѓайра ба Љумњурии Австрия ташриф меоранд. Омўзгорону донишљўёни тољик дар Донишгоњњои Австрия дар курсњои забономўзї ва такмили ихтисос ширкат варзида, савияи донишу малакањои забонї ва касбии хешро ривољ медињанд.

          16 марти соли 2020 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њабибулло Раљабов суњбат дошт.

Дар рафти суњбат оиди фаъолияти Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон», наќшаи корї барои соли 2020, аъзои љамъият, дастоварду пешравињо ва ѓайра баррасї шуданд.

 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31