Ҷаласаи ҳисоботии Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ

Автор 
Опубликовано:13 Апрель 2020
5270 раз Последнее изменение Понедельник, 13 Апрель 2020 05:40
Оцените материал
(1 Голосовать)

Љаласаи њисоботии Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї 

6 марти соли 2020 љаласаи њисоботии солонаи Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар соли 2019 баргузор гардид.

Љаласаи мазкур тањти раисии Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта, дар он масъулони намояндагињои ЉДРФТ дар вилоятњо, раисон ва намояндагони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњидаи дар доираи ЉДРФТ фаъолияткунанда, намояндагони мактабњои олии кишвар иштирок доштанд.

Аз љумла, Хайруллоев Сайдулло – Раиси Раёсат, Шарифова Мушаррафа – љонишини Раиси Раёсат, Олимов Кароматулло – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон», Раљабов Њабибулло – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон», Нўъмонљон Ѓаффорї – ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, Рухсора Давлатзода – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, референти ЉДРФТ дар вилояти Суѓд, Раљабов Саиднеъмон – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалии Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода, Алимов Насим – проректор оид ба равобити байналмилалї ва мобилияти академии Донишгоҳи давлатии Данѓара, Муллоањмадов Мирзо – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон», Шукурзода Мирзо – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон», Сайфуллоев Хайрулло – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия», Латифов Љўра – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба», Абдурасулов Анвар – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус», Насимов Азимќул – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Љумњурии Халќї–Демократии Корея», Искандаров Ќосимшо – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Афѓонистон», Оймуњаммадзода Илњомљон – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон», Султонов Соќибой – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса», Восиева Рухшона – муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой», Ќурбанова Каиржан – котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон», Љурѓосиев М. – котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон», Шарипова Саида – аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония», Шохонов Амирхон – намояндаи Иттифоќи касабаи кормандони фарњанг, иттилоот, варзиш ва сайёњии Тољикистон, Тиллоев Файзулло – мудири Шўъбаи Раёсат, Fафуров Ибод – референт, Абдуллоев Мирзомурод – референт, Боева Барно – референт, Кандаурова Гуландом – котиби коргузор, Дахте Заур – суратгири маљаллаи «Дўстї», Ањмадљонов Исмоил – сармуњосиб, Муќимов Авазхон – мудири хољагї ва ѓайра, њамагї: 30 (си) нафар иштирок доштанд.

Љаласаро Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоњ намуда, њозиронро бо рўзномаи љаласа, ки мавзўъњои шунидани њисоботи солонаи Раёсати ЉДРФТ дар соли 2019, баррасии Паёми Асосгузори сулњу ваҳдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии Љумњурии Тољикистон» ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (аз љониби академик Кароматулло Олимов анљом дода шуд), муњокима ва тасдиќи наќшаи кории Раёсати ЉДРФТ барои соли 2020, масъалаи таљдиди Љамъиятњои дўстии «Тољикистон – Хитой» ва «Тољикистон – Љумњурии Корея» ва интихоби роњбарияти нави онњо, муаррифии референтњои Намояндагињои ЉДРФТ, ки аввали соли 2020 дар нињоди Донишгоњои вилоятњо фаъолият мебаранд, табрикоти соњибљашнњо – Љўра Латипов, Хайрулло Сайфуллоев, Мирзо Шукурзода, ќабули ќарорњои дахлдор оид ба фаъолияти Раёсати ЉДРФТ дар соли 2020, баррасии масъалаи Иттифоќи касабаи Љумњурии Тољикистон ба сафи Иттифоќи касабаи кормандони фарњанг, иттилоот, варзиш ва сайёњии Тољикистон шомил шудани коллективи ЉДРФТ ва дигар корњои љорї иборат буд, шинос намуд.

Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Дар давраи њисоботї Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї вазифањои оинномавии худро иљро намуда, намояндагињои он дар вилоятњо, љамъиятњои дўстии алоњида дар нињодњо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат њисоботњои хешро пешнињод карданд.

Дар доираи баргузории чорабинињо бањри сазовор ва дар сатњи баланд истиќбол гирифтани љашнњои давлатї ва дигар љашнњои миллї, ки барои њар шањрванди кишвар азизу гиромист, ањамияти хоса дода шуд.

Дар мои аввали соли 2019 Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии Љумњурии Тољикистон» ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар худи идораи Љамъияти дўстї, дар баъзе Љамъиятњои дўстии назди он ва марказњои миллию фарњангї бо кўшиши масъулони ташкилот тарѓиб гардида дар давоми сол фаъолият дар партави он бурда мешуд.

Раёсати Љамъияти дўстї дар давраи њисоботї фаъолияташро чун њамеша дар њамкории зич бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии марказї ва мањаллї, вазоратњо, муассисањои илмиву таълимї ва фарњангї пеш бурд.

Ташаккур ба раисони љамъиятњо, масъулони намояндагињои Љамъияти дўстї дар вилоятњо ва роњбарони муассисањое, ки дар нињодашон љамъиятњои дўстии алоњида фаъолият мебаранд. Инчунин ташаккур ба сарварони обшинањои миллї, ки ваќти худро дареѓ надошта, якљоя бо мо кори дипломатияи мардумиро пеш мебаранд.

Чорабинињои асосї барои соли 2019 ба наќша гирифташударо иљро намуда, илова бар он чандин чорабиниву иќдоми дигари назаррас пурракунандаи вазифањои оинномавии ташкилотро ба љо оварданд ва имрўз ин фаъолият аз љониби њозирон бањогузорї мешавад».

Сипас, муовини Раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарипова дар назди њозирон аз натиљаи фаъолияти Раёсати ЉДРФТ дар соли 2019 њисобот дод. Муњимтарин рўйдодњо, чорабинињо, њамкорї бо Сафоратњо, мштирок дар Форумњо, њамкори бо шарикон махсус ќайд гардид.

Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї якљоя намояндагии он дар вилоятњо, бо бисту чор Љамъияти дўстии дар наздаш амалкунанда, кор бо љавонон ва доираи васеъи фаъолонаш чорабинињои асосии барои соли 2019 ба наќша гирифтаашро иљро намуда, дар ривољи дўстиву њамкорї бо кишварњо, мустањкам кардани љомеаи гуногунмиллати тољикистониён ва нињоят, пешбурди сиёсати дохиливу хориљии давлат сањм гузошт.

Маљаллаи «Дўстї» њамчун оинаи фаъолияти ЉДРФТ ва зерсохторои он, њамчун ташвиќкунандаи сиёсати хориљиву дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалї, дўстии халќњо ва равобити фарњангии байни онњо дар тањкими муносибати байни давлати Тољикистон бо кишварњои дигар, ќавитар гардонидани иртибот бо иттињодияњо ва марказњои миллию фарњангии аќаллиятњои миллї, густариши њамкорї бо сафоратњо, ташкилотњои байналмилалии муќими кишвар, шарикон ва ѓайра аз љониби хонандагон нек бањогузорї шуд. Нашри махсуси он бахшида ба 70-солагии таъсисёбии ЉХХ барои тањкими иртиботи Тољикистон хеле муњим буд.

Баъдан сухан ба раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» Кароматулло Олимов дода шуд. Академик К. Олимов оиди Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии Љумњурии Тољикистон» ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон баромад намуда, нуќтањои муњим ба фаъолияти ЉДРФТ марбути он диќќати махсус доданд.

Сипас, Сайдулло Хайруллоев ба мавзўъи рўзномаи љаласа оиди зарурати таљдиди Љамъиятњои дўстии «Тољикистон – Хитой» ва «Тољикистон – Љумњурии Корея» бо тафсил суњбат кард.

          Азбаски муносибатњои гуногунљабња бо Љумњурии Халќии Хитой шарики стратегии Тољикистон амну фароњ аст ва ЉДРФТ бо ЉХХ барои панљ сол созишномаи њамкорї ба имзо расонидааст ва Кумитаи Созмони Њамкорињои Шанхай оид ба њамљаворї, дўстї ва њамкорї нияти бо ЉДРФТ ба имзо расонидани њусни тафоњумро дорад, фаъолияти Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» сатњи дигари корбариро таќозо мекунад. Бояд њайати нави Раёсати он иборат аз шахсоне бошанд, ки ин гуногунљабњагии муносибатњоро таъмин карда тавонанд ва раиси он симое бошад, ки бо шахсиятњои намоёни Хитой суњбат кард ва дар Форумњои њар сол зикршаванда бо маърўзањои љолиб баромад кунанд, ё дар мусоњибањо иштирок карда тавонад.

          Бинобар он Раёсати ЉДРФТ пешнињод мекунад, ки Носири Салимї раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» интихоб шавад. Пешнињодро ањли љаласа якдилона овоз доданд. Ба љонишини ноиби ректори ДДОТ ба номи С. Айнї оид ба робитањои беруна Аъзам Байдуллоев ва котиби масъули Љамъият Рухшона Восиева пешбарї шуда, аз љониби иштирокчиёни љаласа низ пазируфта шуд.

          Инчунин, оиди Љамъияти дўстии «Тољикистон – Љумњурии Корея» таъкид кард. Пешнињоди раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» Раљабов Саиднеъмон – муовини ректор оид ба робитањои байналмиллалии ДДЗТ ба номи С. Улуѓзода интихоб карда шавад. Ин Љамъият дар нињоди Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи Сотим Улуѓзода таъсис дода шавад. Чунки дар љумњурї ягона маркази кореягї мављудаст.

     Сипас муаррифии референтњои Намояндагињои ЉДРФТ дар вилоятњо, ки аввали соли 2020 дар нињоди Донишгоњои вилоятњо фаъолият мебаранд:

Давлатзода Рухсораро ба вазифаи референти ЉДРФТ дар вилояти Суѓд (дар нињоди Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров) ва Абдулњай Комилиро ба вазифаи референти ЉДРФТ дар вилояти Хатлон (дар нињоди Донишгоњи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав) интихоб шуданд.

Дар љаласа соњибљашнњо – Љўра Латипов, Хайрулло Сайфуллоев, Мирзо Шукурзодаро ба сини муборакашон тањният ва бо туњфа сарфароз гардонида шуданд. Инчунин бахшида ба Рўзи бонувон ба Мушаррафа Шарифова, Рухсора Давлатзода, Рухшона Восиева, Каиржан Ќурбанова, Гуландом Кондаурова, Барно Боева ва Саида Шарипова тўњфањои хотиравї таќдим карда шуд.

Сайдулло Хайруллоев пешнињод кард, ки тибќи талаботи нави Иттифоќи касабаи Љумњурии Тољикистон колективи ЉДРФТ ба сафи Иттифоќи касабаи кормандони фарњанг, иттилоот, варзиш ва сайёњии Тољикистон колективи ЉДРФТ шомил мешаванд. Намояндаи Иттифоќи касабаи кормандони фарњанг, иттилоот, варзиш ва сайёњии Тољикистон Шохонов Амирхон ягон гуфтание доред? Не! Корманди ЉДРФТ Ѓафуров Ибод раиси Иттифоќи касабаи колективи ЉДРФТ интихоб карда шавад.

Дар охири љаласаи њисоботии солона, наќшаи кории ЉДРФТ барои соли 2020 муњокима гардид.

Масъалаи ќабули ќарорњо «Дар бораи њисоботи фаъолияти Раёсати ЉДРФТ дар соли 2019», «Дар бораи тасдиќи наќшаи кории ЉДРФТ барои соли 2020», «Дар бораи таљдиди Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» ва «Дар бораи таљдиди Љамъияти дўстии «Тољикистон – Љумњурии Корея» бо назардошти пешнињодњо тасдиќ карда шуд.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31