АХБОР

АХБОР (63)

vokhuri 27 феврали соли 2024 ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) аъзои Раёсат, масъулони Намояндагии ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисону намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ фаъолият мекунанд, сарваро иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии а қаллиятҳои миллии кишвар, ки бо ин Ҷамъияти дӯстӣ ҳамкорӣ доранд ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи ҳисоботӣ оиди баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023), суханронии раисони Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ҳисобот оид ба фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2023, қабули қарорҳо оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2024, муҳокима ва тасди қи на қшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2024-ро шуниданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи ҳисоботии солонаро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи ҷаласа, ки мавзӯъҳо: шунидани ҳисоботи солонаи Раёсати ҶДРФТ барои соли 2023, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023), суханронии раисону аъзои Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, қабули қарорҳо оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2023, муҳокима ва тасди қи на қшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2024, ба фаъолон супоридани Ифтихорнома бахшида ба 65-солагии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва дигар корҳои ҷорӣ иборат буд, шинос намуд.vokhuri 3

Яке аз ҳадафҳои асосии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии а қаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии му қими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.

Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2023 вазифаҳои оинномавии худро иҷро намуда, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида дар ниҳодҳо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат ҳисоботҳои хешро пешниҳод карданд.

 vokhuriРаёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро чун ҳамеша дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазоратҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ пеш бурд.

Бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи Ҷамъияти дӯстӣ, инчунин дар баъзе Ҷамъиятҳои дӯстии назди он ҷаласаҳо доир гаштанд.

Дар соли 2023 иртибот бо Сафоратҳо чун ҳамеша дар давраи ҳисоботӣ қавӣ буд.

Бо ташаббуси Сайдулло Хайруллоев бахшида, ба 65-солагии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (таъсисаш 30 октябри соли 1958) Маҷмӯаи махсус (Бюлетен) бо номи «Пойдорӣ ва устувории робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ» ба нашр расид, ки ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.

Сипас, ҷонишини Раиси Раёсати ҶДРФТ Абдуллозода Иброҳим дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти яксолаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2023 гузориш дод.

Баъдан, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Кароматулло Олимов, раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова ва раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Фаронса» Султонзода Соқибой оиди фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида суханронӣ намуда, аз фаъолияти худ дар соли сипаригашта мухтасар истода гузаштанд. Аз робитаи қавӣ ва кумаку дастгирии роҳбарияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро қайд намуда, ба фаъолияти кории Ҷамъияти дӯстӣ баҳои қаноатбахш доданд.

Зимни баррасии масъалаҳо зикр карда шуд: Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии а қаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии му қими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.dusti-m 24

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ аъзои Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар аз он ҷумла: Хайруллоев Сайдулло – Раиси Раёсат, Абдуллозода Иброҳим – муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ, Олимов Кароматулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон», Қосимшо Искандаров – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Афғонистон», Асрори Мирзошоҳрух – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Туркманистон», Наѓзибекова Меҳринисо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» ва Султонзода Со қибой – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса» интихоб карда шуд. Инчунин, на қшаи кории ҶДРФТ барои соли 2024 муҳокима гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо тасди қ карда шуд.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботӣ аз ҷониби Сайдулло Хайруллоев бахшида ба 65-солагии ба фаъолон Маҷмӯаи махсус (Бюлетен) бо номи «Пойдорӣ ва устувории робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ» ва Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Сомонаи интернетии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ www.friendship.tj муло қоту чорабиниҳои доиркардаи худи ҶДРФТ ва Ҷамъиятҳои дӯстии дар назди он фаъолиятбарандаро бо аксҳои ҷолиб манзури истифодабарандагон мекунад.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо бисту чор Ҷамъияти дӯстии дар наздаш амалкунанда ва доираи васеъи фаъолонаш чорабиниҳои асосии барои соли 2023 ба на қша гирифтаашро иҷро намуда, дар ривоҷи дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳо, мустаҳкам кардани ҷомеаи гуногунмиллати тоҷикистониён ва ниҳоят, пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат саҳм гузошт.                                                        

                                                                                                                                                                                                                                 

 Файзулло Тиллоев,
мудири шӯъбаи Раёсати
Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити
фарҳангии Тоҷикистон
бо кишварҳои хориҷӣ

 

 

22 ноябри соли 2023 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алиризо Ҳақиқиён дар дафтари кории Љамъияти дўстї мулоқот кард.

Сайдулло Хайруллоев – Раиси Раёсат суханронї намуда, ќайд кард, ки бинобар даргузашти раиси ќаблии Љамъияти дўстии «Тољикистон –  Эрон», адабиётшиноси маъруфи тољик Муллоањмадов Мирзо, айни ҳол,  академик Олимов Кароматулло ба њайси раиси ин љамъият интихоб гардиданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон –  Эрон» Казакова Умринисо, котиби ҷамъияти мазкур Чурғосиев Муллоаҳмадшоҳ, кормандони ҶДРФТ Абдулозода Иброҳим, Файзулло Тиллоев, Заур Дахте иштирок доранд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алиризо Ҳақиқиён дар суњбаташ афзуд, ки сафирони пешин – оќои Алиашраф Шабистарї, Сармади Порсо, доктор Алиасѓари Шеърдўст ва доктор Њуљљатуллоњ Фаѓонї иртиботашон бо Тољикистон назари нек доштанд.

           Сайдулло Хайруллоев аз иртибот ва њамкорињои Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї бо Сафорати Љумњурии Исломии Эрон, махсусан аз рафоќаташ бо Сафирони номбурда ёдовар шуда, ба Алиризо Ҳақиқиён изњори ташаккур кард.

Дар мулоќот масъалаи тањким бахшидани њамкорињои илмиву фарњангии Тољикистону Эрон дар доираи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї баррасї гардид.

Зикр шуд, ки байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Исломии Эрон дар мавриди баррасии њамкорињои бисёрсоња  њељ гуна мушкил вуљуд надорад ва сол аз сол густариш пайдо кардани робитањои ду кишвар дар заминањои гуногун далели равшани ин гуфтањост.

Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев наќши донишмандони ду кишварро дар тарѓибу ташвиќи осори адибону мутафаккирон ва фарњангу тамаддуни њар ду халќ дар љомеаи љањонї муњим арзёбї намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби љањони имрўза њамкорињо байни донишмандони тољику эронї бояд таќвият ёбад. Мо бояд заминаи мусоиди равобити тарафайнро барои олимону донишмандони ду кишвар бештар фароњам орем, то онњо аз тањќиќот ва пажўњишњои анљомдодаи њамдигар бохабар гарданд. Албатта, тайи солњои охир чунин њамкорї бештар ба назар мерасад, вале ба андешаи ман, мардумони мо, махсусан олимону донишмандон ташнаи њамкориву рафтуомади бештар њастанд. Барои амалї гардидани чунин равобит Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар доираи салоњияти худ мусоидат хоњад кард.

Дар анҷоми суҳбат Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Алиризо Ҳақиқиён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

 

         Кормандони Раёсати

     Љамъияти дўстї ва равобити

         фарњангии Тољикистон

           бо кишварњои хориљї                                                                   Файзулло Тиллоев, Иброҳим Абдуллозода

image1Барои иштирок дар рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2023 ба конференсияи байналмилалии “Масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ, ки ба муносибати 70-солагии устоди фақиди Донишгоҳи двлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шодравон Абдулманнони Насриддин” меҳмонон аз мамлакатҳои Руссия, Туркия, Ҷумҳурии Исломи Эрон, Ҷумҳурии Исломи Покистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.

 Меҳмононро Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷонишини Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон профессор Усмонзода А.И., Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон Қаюмов М.М. ва аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон Р.Р. Юлдошев пешвоз гирифтанд.

 Онҳо бо меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон профессорон Тӯхлиев Боқиҷон, Ваҳоб Раҳмон ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Очилов Эргаш суҳбат карданд. Бо онҳо оиди аҳамияти рӯзи таҷлили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои истиқлолият, саҳми ду сарони кишварони дӯсту бародар дар таҳкими муносибатҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Ӯзбекистон суҳбат намуда меҳмононро бо нақшаи Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон, аз ҷумла ҳамкориро дар соҳаи илм, маориф ва фарҳанг шинос намудем.

 Санаи 17 ноябри соли 2023 иштирокчиёни конфронс, олимон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо устодон ва донишҷӯён мулоқоти шавқовар гузаронданд.

 

 

   Раиси Љамъияти дўстии

 «Тољикистон – Ӯзбекистон»                                  Мубинӌон Қаюмов

Сафири Туркия16 ноябри соли 2023 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо  Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар дафтари кории Љамъияти дўстї мулоқот намуданд.IMG-20231117-WA0004

Дар вохӯрӣ раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Муҳаммадҷонзода Олимҷон, референти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Иброҳим Абдуллозода ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доштанд.

Зимни мулоќот љонибњо вазъ ва дурнамои муносибатњои дипломатӣ, аз љумла дар самти робитањои дуљониба баррасї карда, дар марњилаи муосир наќши дипломатияи мардумиро њамчун унсури калидии њамкории байнидавлатї арзёбї намуданд.

IMG-20231117-WA0005Ҷонибҳо оиди боз ҳам мустаҳкам намудани равобити дӯстиву фарҳангӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангию адабӣ дар доираи олимону адибони давлатҳо ибрози ақида намуданд.

Дар рафти суњбат љонибњо инчунин дигар масъалањои дуљонибаро баррасї намуданд.

Дар охир аз ҷониби Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ муҳтарам Сайдулло Хайруллоев ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умат Аҷар ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.       

 

           Кормандони  Раёсати

      Љамъияти дўстї ва равобити

          фарњангии Тољикистон

            бо кишварњои хориљї                        Файзулло Тиллоев,  Иброҳим Абдуллозода

Сафири Турманистон 15.11.2023115 ноябри соли 2023 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад Байраммурадович дар дафтари кории Љамъияти дўстї мулоқот кард.

Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон –Туркманистон» Мирзошоҳрух Асрорӣ, кормандони Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї И. Абдуллозода, Ф. Тиллоев , Д. Шайимов ва консули Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон Ануразов Сафар иштирок доштанд.

Дар оғоз Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Хайруллоев Сайдулло Кочмурадов Аймурадро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, ба ў дар фаъолиятҳои минбаъдаи дипломатиаш барору комёбиҳо таманно кард.

         Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев зимни шинос намудани Сафири Туркманистон бо самтҳои гуногуни фаъолияти Љамъияти мазкур ва ҳамкориҳои фарҳангии он изҳор дошт, ки дар назди Љамъияти  дўстї ва равобити  фарњангии Тољикистон  бо кишварњои хориљї 24 Љамъияти дўстї  бо кишварњои алоњида фаъолият доранд ва яке аз онњо Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон –Туркманистон» аст, ки раисаш собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ мебошад.IMG-20231117-WA0008

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад низ зимни ташаккур аз пазироии самимї, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии кишвараш бо Љумҳурии Тољикистон шуд.

IMG-20231117-WA0006Дар анҷоми суҳбат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад Байраммурадович ва Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев  ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

  

          

 

         Мудири шӯъбаи Раёсати

      Љамъияти дўстї ва равобити

          фарњангии Тољикистон

            бо кишварњои хориљї                                                                      Файзулло Тиллоев

IMG-20231025-WA0014Моҳи октябри соли 2023 тибқи нақшаи аз ҷониби Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мӯҳтарам С. Хайруллоев тасдиқнамудаи Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» дар факултети филологияи ўзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохўрии адибони номдори Ўзбекистон бо устодон ва доншҷӯён баргузор гардид.

Устодону донишҷӯёни факултет меҳмононро хеле гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Дар ин мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» Қаюмов М.М. ва аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон»  Р.Р. Юлдошев иштирок  ва баромад карданд. 

Дар мулоқот нависандагони маъруфи ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон Нуралӣ Қобил, Шоим Бӯтаев, Муҳаммад Шодӣ муҳаррири намоишномаи “Рангинкамон” синамои Ӯзбекистон  Шарофат Эрматова, ҷонишини  муҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик“ Тоҷибой Икромов  иштирок доштанд.

IMG-20231025-WA0018Дар оғози мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» Қаюмов М.М. аз номи Раёсати Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» меҳмононро хайрамақдам намуданд. Аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон»  Р.Р. Юлдошев  дар назди ҳозирин оиди ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлати бародар, саҳми бузурги сарони ду давлати ҳамсоя дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳадаф ва вазифаҳои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» суханронӣ намуданд.

Намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишҷӯён оиди асарҳои нави худ, дӯстии байни нависандагони ду кишвари бародар  маълумот доданд. Мулоқоти нависандагон бо донишҷӯён бо тарзи саволу ҷавоб гузашт. Донишҷӯён дар ин мулоқот хеле фаъол буданд, меҳмонон аз ин мулоқоти судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Меҳмонон ба маъмурияти факултет китобҳои тозанашри худро тӯҳфа намуданд.

 

    Раиси Љамъияти дўстии

«Тољикистон –  Ӯзбекистон»                                       Мубинӌон Қаюмов

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30