Суроға

Суроға (1)

РАВОБИТ

09 Январь 2018 Автор

 

 

 

ҶАМЪИЯТҲОИ ДЎСТИИ ДАР НАЗДИ РАЁСАТИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА

 

Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳамчун ташвиқкунандаи сиёсати хориҷиву дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалӣ, дўстии халқҳо ва равобити фарҳангии байни онҳо кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, пешрафти фаъолияти ҷамъиятҳои дўстии дар доираи он амалкунанда, қавитар гардонидани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳо, ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар, шарикон, инчунин сафоратҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои дигар анҷом медиҳад.

Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, ки фаъолияташон ба рушди робитаҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст, амал менамояд.

Яке аз ҳадафҳои асосии Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати сулҳҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад.

Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо намояндагии ҷамъиятҳои дӯстӣ дар вилоятҳо ва 25 ҷамъияти дўстии дар наздаш фаъолиятдошта, ҷиҳати пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат дар сатҳи дипломатияи мардумӣ бо зерсохторҳову доираи васеи фаъолонаш саҳми назаррас дорад.

         Мақсади асосии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва бахшҳои он, ки дар вилоятҳо таъсис ёфтанд, тарғибу таҳкими дўстӣ, фарҳанг, маданият ва расму оини миллатҳои дигари маскуни Тоҷикистон, инчунин муарифӣ ва тарғиби таърихи фарҳанги кишвари мо дар хориҷ мебошад. Фаъолиятҳои мазкур аз ҷумла ҳадафҳои асосии ҷамъият ба шумор мераванд, ки дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ амалӣ мегарданд.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ХИТОЙ»

 

   Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 4 январи соли соли 1992 барқарор шудаанд.

   Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд

   Шуъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти дўстии Советӣ ва Хитой дар шаҳри Душанбе 30 октябри соли 1958 дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст.

   Нахустин раиси ҷамъияти мазкур дотсенти кафедраи акушерии Институти тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) М. Пўлодов буд.

     Дар соли 1990 раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой» Мўсо Диноршоев интихоб шуданд. Баъдан, раиси ҷамъияти мазкур Носиров Юсуф Саидович, муовинони раис Соҳибов Абдуназар, Мамадазимов Абдуғанӣ, котибони масъул С. Ғуломмуҳиддинов, Майтдинова Гузел ва Лидия Кузнесов буданд.

   Дар солҳои баъдӣ, собиқ ректорони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода – Носирҷон Салимӣ, Хуршедҷон Зиёев, Идигул Тағо Қосимзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Носирҷон Салимӣ – д.и.ф., профессор, академики АМИТ, аъзои комиссияи интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисии Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой»-ро ба уҳда доштанд.

   Айни замон аз 21 январи соли 2024 Қурбонзода Рухшона Қурбон – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилали ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори  илмҳои филологӣ, профессор, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой» мебошад.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой» дар ниҳоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекунад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ГЕРМАНИЯ»

 

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия» бо ду сафорат Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон робита дорад.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия моҳи декабри соли 1992 барқарор шуданд.

Сафорати Германия яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе 10 июни соли 1993 оғоз намудааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Германия 6 сентябри соли 1994 ифтитоҳ гардида, соли 1999 ба шаҳри Берлин интиқол дода шудааст.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия 25 марти соли 1992 барқарор гардидаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вена моҳи декабри соли 1997 кушода шудааст.

Моҳи ноябри соли 1958 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия» дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст.

Айни ҳол Сайфуллоев Хайрулло Ғайбуллоевичдоктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забонҳои романиву германии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия» мебошад.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия» дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекунад.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – АФҒОНИСТОН»

 

15 июли соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барқарор гардиданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурўъ кард. Аввалин консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Толиқон, вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон соли 1996 ба фаъолият шурўъ намуда буд.

Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 25 октябри соли 2010 ба вуқўъ пайваст.

Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии «Тоҷикистон – Афғонистон» 10 майи соли 1960 ҳамчун шуъбаи тоҷикистонии Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии Иттифоқи Шуравӣ бо кишварҳои хориҷӣ ташкил шуд. Тоҷикистон он замон дар байни 15 ҷумҳурии иттифоқӣ ягона ҷумҳурие буд, ки дорои чунин ҷамъият бо кишвари дигар буд.

Аввалин раиси Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии «Тоҷикистон – Афғонистон» нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода мебошад.

Баъдан, директори Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ, Нур Табаров ва Савлатшо Мерганов раисии Ҷамъияти дўстӣ ва робитаҳои фарҳангии «Тоҷикистон – Афғонистон»-ро ба ўҳда доштанд.

Айни ҳол, Қосимшо Искандаров – саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарвари Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Афғонистон» мебошад.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ҲИНДУСТОН»

 

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ҳиндустон 28 августи соли 1992 барқарор гардид.

Соли 1994 Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати худро дар шаҳри Деҳлӣ соли 2003 ифтитоҳ намуд.

4 августи соли 1962 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» бо номи Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Ҳиндўстон таъсис ёфт. Академик Баҳодур Искандаров раиси Ҷамъияти мазкур интихоб шуд. [1]

Дар навбати худ, дар шаҳрҳои калони Ҳиндустон (Деҳлӣ, Ланкнав, Канпур ва ғайра) Ҷамъиятҳои дўстии Ҳиндустон бо Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд.

     Дар мустаҳкам намудани дўстии халқҳои тоҷику ҳинд хидмати академик Бобоҷон Ғафуров ва шоири маъруф Мирзо Турсунзода басе калон аст. Онҳо дар он ҷо обрўи бузург соҳиб ва сазовори ҷоизаи ба номи Ҷавоҳирулло Неҳру гашта буданд. [2]

Баъдан, Аҳрор Мухторов академик, мудири шуъбаи Иститути таърихи АИ ҶТ, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон»-ро идома дода, муовинони раис Ҳабибулло Раҷабов, Карим Шоҳин ва котибони масъул Матлуба Тошева, Фариддун Облоқулов буданд.

Доктори илмҳои филология, профессор, мудири шўъбаи ҳинду покистони Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ҳабибулло Раҷабов то 5 майи соли 2025 раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» буданд.

Аз моҳи майи соли 2025 Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» мебошанд.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар ниҳоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино амал мекунад.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ПОКИСТОН»

 

6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

Соли 1993 Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурўъ гардид. 23 феврали соли 2005 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба фаъолият шурўъ намуд.

24 ноябри соли 1966 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон» дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ ташкил ёфтааст.

Дар соли 1989 раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон» вазири маданияти РСС Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ва муовини раис, урдушинос Шарафнисо Пулодова интихоб шуда буданд.

Дар солҳои баъдӣ Шарафнисо Пулодова, академик Кароматулло Олимов масъулияти раисии Ҷамъияти мазкурро ба уҳда доштанд.

Аз 10 апрели соли 2023 то 17 майи соли 2024 профессор, директори китобхонаи ба номи Индира Ганди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Суфизода Шодимуҳаммад раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон»-ро ба уҳда доштанд.

Аз 17 майи соли 2024 дотсенти кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонов Ҳайдар ба ҳайси раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон» фаъолият дорад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ТУРКИЯ»

 

29 январи соли 1992 Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. 22 марти соли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

Моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ифтитоҳ гардид. Инчунин, соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул ба кор шурўъ намуд.

6 октябри соли 1993 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия» дар конференсияи муассисон дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфт.

Муассисони Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия» Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати робитаи иқтисодии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва якчанд корхонаҳои шаҳри Душанбе буданд.

Дар конференсияи муассисони Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия» сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Эрдиванли, намояндагон аз вазорату идораҳои дар боло зикр шуда иштирок доштанд.

Нахустин раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия» Изатулло Ҳаёев, муовини раис Қурбон Сатторов ва котиби масъул Моҳима Шарипова интихоб шуданд.

Баъдан, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия» собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров интихоб гардид. Дар солҳои пас Раҷабмад Амиров, академик Муҳиба Ёқубова, Ислом Содиқов, Абдувоҳид Шамолов, Муҳиба Маҳмадҷонова раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия»-ро ба уҳда доштанд.

Аз моҳи июни соли 2023 раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия» сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳамадҷонзода Олимҷон Обидҷон мебошанд.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – РОССИЯ»

 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Федератсияи Россия таърихан муносибатҳои чандинасраи дўстона бо ҳам мепайвандад.

Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклҳои нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия расман фаъолияти худро оғоз кард.

Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Масква ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорат таъсис дода шуд. Алҳол, дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия ва густариш бахшидан ба ҳамкориҳо нақши муҳим дорад.

25 октябри соли 1994 бо ташаббуси Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Майсара Калонова Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Россия» зимни баргузории конференсияи муассисон дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфт.

Дар конференсия масъалаҳои таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Россия», интихоби раис ва Раёсати ҷамъият, Оинномаи ҷамъияти мазкур ва ғайра баррасӣ шуданд.

Нахустин раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Россия» Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич, муовинони раис С.Н. Махсумов, Юшин Валерий ва котибони масъул Э. Разоқова, Лидия Кузнесов интихоб шуданд.

Баъдан, муовинони раис Бадалов Аҳмад, Тамара Абдушукурова, Валерия Юший Иванович ва котиби масъул Лола Қурбонова буданд.

Як муддат масъулияти раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Россия»-ро Нуриддин Саид ба уҳда дошт.

Айни ҳол, профессори Кафедраи забони русӣ, роҳбари маркази русӣ дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нағзибекова Меҳринисо раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Россия» мебошанд.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ТУРКМАНИСТОН»

 

Муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» асос гузошта шудааст.

Моҳи феврали соли 1995 дар шаҳри Ашхобод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурўъ кард. Дар шаҳри Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.

Соли 1994 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркманистон» дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфт, ваъле бо сабабҳои номаълум як муддат фаъолияти назаррас надошт.

Баъдан, 4 сентябри соли 2002 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркманистон» аз нав ба фаъолият оғоз кард. Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркманистон»-ро доктори илмҳои физикаву математика, профессор, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Одинаев Саидмуҳаммад ба уҳда дошт.

Аз 13 январи соли 2017 то моҳи июни соли 2023 директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода раисии Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркманистон»-ро ба уҳда дошт.

Аз 8 июни соли 2023 сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, Мирзошохрух Асрорӣ раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркманистон» мебошанд.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – КОРЕЯ»

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор карда шудаанд.

Ҷумҳурии Корея намояндагии дипломатии худро бо роҳбарии Кордор дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе соли 2008 ифтитоҳ намуд.

Моҳи октябри соли 1997 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст.

Нахустин раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» собиқ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров интихоб шуд.

Баъдан, собиқ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Раҷабмад Амиров, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ масъулияти Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея»-ро идома доданд.

Аз 13 марти соли 2023 ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» мебошанд.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Корея» дар ниҳоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият мекунад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ҶУМҲУРИИ ХАЛҚӢ–ДЕМОКРАТИИ КОРЕЯ»

 

     26 октябри соли 1998 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея» дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ ташкил шуд.

Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея»-ро собиқ директори заводи «Тоҷиктекстилмаш» Х. Абдуллоев ба уҳда дошт.

Баъдан, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олим ва нависандаи тоҷик Холмурод Шарифов, роҳбари Фонди миллии «Шоҳроҳи абрешим – шоҳроҳи баҳамоӣ» Абдуғанӣ Мамадазимов, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Воҳидов, шоиртарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Насимов Азимқул ба ҳайси раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея» интихоб гардиданд.

Аз 1 апрели соли 2025 декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафорзода Ҷонона Ғафор раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея» мебошанд.

Қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея алҳол дар шаҳри Москва фаъолият дорад.

Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея» дар ниҳоди Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият мекунад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ҚИРҒИЗИСТОН»

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд. Аз моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон фаъолият мекунад. Дар шаҳри Бишкек низ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Соли 1998 бо ташаббуси Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ гурўҳе ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуд ва ҳамон сол Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» бо сарварии муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Д.Р. Давлатов ташкил карда шуд.

Баъдан, собиқ муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» буданд.

Дар солҳои баъдӣ мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Шукурзода раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон»-ро то марти соли 2024 ба уҳда доштанд

Аз 4 марти соли 2024 муҳандис, собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Музаффарҷон Ҷусуп ба ҳайси раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» фаъолият намуда истодааст.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН»

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор намуда, моҳи июни ҳамон сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурўъ кард.

Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанба аз соли 1998 фаъолият дорад.

17 октябри соли 2001 дар хонаи «Дўстӣ» вохўрии раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ М. Калонова бо муовини аввали Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Таналинов Ануар Ескендирулӣ баргузор гардид. Дар вохўри масъалаи таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», мулоқоти сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, намоиши китобҳои нависандагону шоирони Қазоқистон дар донишгоҳи мазкур ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.

     23 октябри соли 2001 маҷлиси муассисони Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» доир гашт. Дар маҷлис раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Майсара Калонова, намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон К.И. Кобландин, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷкистон Ҷ. Тағоев, доктори илми санъатшиносӣ Лариса Додхудоева, профессор А. Нуралиев, З. Мадаминҷонова, М. Тоштемиров, Р. Қосимова, С. Гулов ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Майсара Калонова дар суханронии худ зикр кард, ки факултетҳои иқтисодӣ, агробизнеси Донигоҳи аграрии Тоҷикистон шуъбаи энтнографии институти таърих ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи Ремстройдормаш ва шахсони алоҳида оид ба таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» ба мо муроҷиат намуданд.

Дар маҷлис Оинномаи Ҷамъияти мазкур ба муҳокима гузошта шуда, он қабул гардид. Ҳайати Раёсати ҷамъият иборат аз 25 нафар пешниҳод ва тасдиқ гардид.

Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷкистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур) Тағоев Ҷамолиддин Саидовичраиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», муовинони раис Лариса Додхудоева – доктори илми санъатшиносӣ, Абдусаттор Нуралиев – профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, котиби масъул Карижан Курбонова пешбарӣ шуданд. Номзадии онҳо дар ҷаласа якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

Дар солҳои баъдӣ профессори факултети журналистикаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Абдусаттор Нуралиев раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон»-ро ба уҳда доштанд.

Айни ҳол, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуҷабборов Абдуғафор Содиқович раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» мебошанд.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ЭРОН»

 

Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1991 ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 аввалин шуда Сафорати худро дар Душанбе боз кард.

Моҳи июли соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ифтитоҳ гардид.

Моҳи марти соли 2002 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон» дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфт.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ раиси ифтихории Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон» буданд. Баъдан то соли 2023 доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзо Муллоаҳмадов раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон»-ро ба уҳда доштанд.

Аз 15 марти соли 2023 то имрӯз сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, академик Кароматулло Олимов раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон» мебошанд.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – БЕЛАРУС»

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштҳо оғоз гардид.

Аз соли 1997 дар шаҳри Минск Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд. Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе аз соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Беларус фаъолият дорад.

31 январи соли 2003 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маҷлиси муассисони Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус» доир гашт.

Дар он муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Қосимова, раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Майсара Калонова, муовини Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Валиев, ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Х. Суфиев ва дигарон иштирок намуданд.

Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, намояндагони Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, Фонди тоҷикистонии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии физикаи АИ ҶТ, мактаби миёнаи № 21 шаҳри Душанбе ва ғайра таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, доктори илмҳои физикаю математика, академик Саидмуҳаммад Одинаевро раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус» интихоб карданд.

Аз соли 2012 то охири соли 2021 мушовири ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Анвар Абдурасулов раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус»-ро ба уҳда доштанд. Котиби масъули Ҷамъияти мазкур Исроил Мирзоалиев буданд.

Аз соли 2022 то январи соли 2024 муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саъдуллозода Шаҳриёр роҳбарии Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус»-ро ба уҳда доштанд.

Аз 10 январи соли 2024 ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, доктори илмҳои техники, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус» интихоб гаштааст.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус» дар ниҳоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият мекунад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – УКРАИНА»

 

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Украина 24 апрели 1992 барқарор гардиданд.

Санади муҳиме, ки муносибатҳои дуҷониба бар он асос ёфтаанд, Аҳднома дар бораи дўстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина мебошад, ки 6 июли соли 2001 ба имзо расидааст.

3 апрели соли 2003 маҷлиси муассисони Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Украина» дар толори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) баргузор шуд. Дар маҷлис муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Восиев, раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ Майсара Калонова ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барои таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Украина» намояндагони Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва алоқаи мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва иқтисодии донишгоҳи мазкур, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти умумии № 9, 53, шахсони алоҳида иштирок ва саҳм гузоштанд.

Нахуст раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Украина» В.С. Зайченко (аз 3 апрели соли 2003 то соли 2007) интихоб шуд.

Баъдан, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Украина» интихоб шуд.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Украина» фаъолияти худро дар ниҳоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Айни ҳол, сардори шуъбаи рушди неруи инсонии Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Нуралӣ Набот роҳбарии Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Украина»-ро низ ба уҳда дорад.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – КУБА»

 

17 марти соли 2006 вохўрии раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Майсара Калонова бо ҷонишини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Куба Элимо Кабалеро ва Сафири Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна Капота Камачо баргузор гардид.

Бошишгохи Сафорати Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойгир аст.

Новобаста аз он аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба» дар чорабиниҳои Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва чорабиниҳои Донишгоҳи славяни Тоҷикистону Россия фаъолона ширкат меварзанд.

Дар мулоқот масъалаи таъсиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба» ба миён омад.

Аз моҳи марти соли 2006 то феврали соли 2026 устоди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўра Латифов раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба» буданд.

Аз моҳи феврали соли 2026 бо розигии Ҷӯра Латифов, муовини раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба», Тимур Валамат-Зода ба ҳайси раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба» интихоб гардид, ки то имрўз фаъолият мекунанд.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – КИШВАРҲОИ АРАБ»

 

10 июли соли 2012 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – кишварҳои Араб» (Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Фаластин) дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таъсис ёфт.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими шуъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АМИТ Тоҷиддин Мардонӣ раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – кишварҳои Араб» интихоб гардид.

Ба вазифаҳои ҷонишини раиси Ҷамъияти мазкур дотсент, мудири кафедраи забон ва адабиёти араби Донишкадаи исломии Тоҷикистон Эмомов Асрориддин ва котиби масъул, корманди илмии шўъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакӣ Мардонов Акмал интихоб гардиданд.

Баъдан аз 12 декабри соли 2023 раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – кишварҳои Араб» номзади илми филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои АМИТ Зиёев Субҳиддин Насриевич интихоб гаштанд.

Аз 28 феврали соли 2025 раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон кишварҳои Араб»-ро декани факултети тарҷумонии забонҳои Шарқи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илмҳои филологӣ Тураев Абунаср Маҳмадхоҷаевич ба дӯш доранд.

Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон кишварҳои Араб» дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият мекунад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ОЗАРБОЙҶОН»

 

Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29 майи соли 1992 оғоз гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 23 марти соли 2008 фаъолияти худро оғоз кард.

Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2007 фаъолият мекунад.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Озарбойҷон» дар охири соли 2013 бо ташаббуси раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев таъсис ёфт.

Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Озарбойҷон», сармуҳаррири рўзномаи «Народная газета» Сироҷиддин Изатуллоев ва ҷонишини ў рўзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода интихоб шуданд.

Аз 2 майи соли 2023 доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Маҳмадиёрзода Усмон Маъмур ба ҳайси раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Озарбойҷон» фаъолият дорад.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Озарбойҷон» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият мекунад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ЯПОНИЯ»

 

28 декабри соли 1991 Япония истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар 2 феврали соли 1992 барқарор гардиданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония дар соли 2007 ифтитоҳ ёфтааст.

3 апрели соли 2014 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Япония» бо ташаббуси раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ва ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Салихов дар ниҳоди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Аз 11 апрели соли 2023 то моҳи октябри соли 2025 доктори илмҳои филологӣ, профессор, собиқ ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Файзулло Машраб Қурбоналӣ раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Япония» буд.

Аз моҳи октябри соли 2025 муовини ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саидамирзода Баҳодур Шовалӣ ба ҳайси раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Япония» ва котиби масъули Ҷамьияти мазкур Холова Шаҳбону фаъолият доранд.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ФАРОНСА»

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд.

3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафорати Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.

Моҳи майи соли 2014 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» бо ташаббуси раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ва собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои филология, профессор, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ниҳоди донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ Соқибой Султонзода, ҷонишини раис интихоб шуданд.

Аз охири соли 2014 то имрўз раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» мудири кафедраи забони фаронсавии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои фалсафа Соқибой Султонзода мебошад.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ВЕТНАМ»

 

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам моҳи июли соли 1992 барқарор гардиданд.

Қароргоҳи Сафорати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд мебошад.

Дар охири соли 2014 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ветнам» бо ташаббус ва дастгирии раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев таъсис ёфт.

Директори намояндагии «М&М»-и («МэндМ»-и) Швейтсария дар Тоҷикистон Азиз Шарипов раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ветнам», Хоанг Ван Хиеп ҷонишини раис интихоб шуданд.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ветнам» дар ниҳоди Корпоратсияи «Azia silk»-и дар Тоҷикистон буда, роҳбараш Хоанг Ван Хиеп, ҷонишини раиси ҷамъият маҳсуб меёбад.

11 марти соли 2015  раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фам Ван Фао мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар ва дар доираи Ҷамъияти дӯстӣ, тақвияти дӯстӣ, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак дар Тоҷикистону Ветнамро баррасӣ намуданд. 

Сайдулло Хайруллоев таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ветнам» аз иқдомҳои муассир дар рушди равобити Тоҷикистону Ветнам арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки таъсиси ин ниҳоди фарҳангӣ метавонад барои густариши ҳамкориҳо ва тақвияти дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар мусоидат намояд. Муаррифии фарҳанг, расму оинҳои қадимаву имрӯзаи ду кишвар ва ташкили намоиши китобҳои тозанашр аз фаъолиятҳои асосии Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ветнам» маҳсуб меёбад.

Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ветнам» аз соли 2024 бо сабабҳои номаълум фаъолият надорад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ БЕНИЛЮКС»

 

БЕНИЛЮКС – шакли кутоҳшудаи кишварҳои Белгия, Нидерланд ва Люксембург аст.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 29 апрели 1992 барқарор шудаанд.

Соли 2001 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ гардид, ки он ҳамчун намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо фаъолият мекунад. Сафорати Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд 27 июли соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон Сафорати ғайримуқими кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд маҳсуб мешавад.

Қароргоҳи Сафорати Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия ҳамзамон сафорати ғайримуқими кишвар дар Люксембург маҳсуб мешавад. Қароргоҳи Сафорати Люксембург дар Тоҷикистон дар шаҳри Москва мебошад.

Дар охири моҳи ноябри соли 2014 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС» бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфтааст.

Раиси Ҷамъияти мазкур собиқ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонов интихоб шуд.

Баъдан, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС» собиқ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ интихоб гардид.

Айни ҳол, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС» ходими ҷамъиятӣ, собиқ сармуҳаррири маҷаллаи «Дӯстӣ», намояндаи Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия (РАМС) дар Тоҷикистон Шарипова Мушаррафа мебошад.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС» аз соли 2024 бо сабабҳои номаълум фаъолият намекунад.

 

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ СКАНДИНАВИЯ»

 

Дар нимҷазираи Скандинавия чор давлат Шветсия, Норвегия, Дания ва Финландия воқеъ буда, муносибати байни ин давлатҳо ба усули ваҳдати минтақавӣ асос ёфта, таърих ва анъанаи тулонӣ доранд.

Давлатҳои минтақа аз ҷиҳати сохтори сиёсӣ монархияи конститутсионӣ (Дания, Шветсия, Норвегия) ва ҷумҳурии президентӣ (Финландия) мебошанд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Шветсия 9 декабри соли 1992 барқарор шудаанд.

Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Норвегия соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардидаанд.

Робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия 22 феврали соли 1992 барқарор шудаанд.

Моҳи марти соли 2015 Ҷамъияти дўстии «Кишварҳои Скандинавия – Тоҷикистон» (марказаш Стокҳолм) таъсис ёфт.

Мақсад аз таъсиси ин ҷамъият муттаҳид намудани тоҷикони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, шаҳрвандони форсизабони муқими Шветсия, Норвегия, Дания ва ғайри Финландия, тарғиби анъана, фарҳанги забони тоҷикӣ мебошад.

Вохўриву мулоқотҳои муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова бо дўстону ҳамватанони тоҷик дар Шветсия боис гардид, ки Ҷамъияти дўстии «Кишварҳои Скандинавия – Тоҷикистон» таъсис дода шавад.

Ин хабар бохушнудӣ пазируфта шуд. Дар натиҷа шаҳрванди Шветсия собиқ корманди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Фронс Ваннберг, собиқ корманди рўзномаи «Комунисти Тоҷикистон» Тамара Хетагурова, меъмор, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ману Улесон (Манучеҳр Умаров), хатмкардаи Университети давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов, журналист, собиқ корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР Халил Абдулазиз, зодагони Шветсия Василики Василиус, Анна Катса Содерберг, шаҳрванди чечентабор Виктория Нургушева, хатмкардаи Университети Шоҳигарии Шветсия аз Тоҷикистон Рустам Набиев ва модараш Мавлуда Набиева изҳор доштанд, ки ба хотири таҳкими дўстии байни халқҳо омодаанд саҳми худро гузоранд.

Раиси Ҷамъияти дўстии «Кишварҳои Скандинавия – Тоҷикистон» зодаи давлати Ироқ, собиқ дипломат, ходими ҷамъиятӣ, журналисти байналмилалӣ, шогирд ва дўсти Бобоҷон Ғафуров – Халил Абдулазиз мебошад.

Ҷамъияти дўстии «Кишварҳои Скандинавия – Тоҷикистон» бо дарназардошти густариши равобити ҳамкории судманд бо Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тасмим гирифтанд, ки Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои Скандинавия»-ро таъсис диҳанд.

15 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҷаласаи таъсис додани Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои Скандинавия» баргузор шуд.

Дар ҷаласа раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, муовини раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, сармуҳаррири маҷаллаи «Дўстӣ» Мавлюда Шарипова, намояндаи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, муовини раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Манзура Улҷабоева, муовини директори Театри ҷумҳуриявии «Лухтак» Наргис Розиқова, сармуҳаррири рўзномаи «Адабиёт ва санъат» Мансури Суруш, масъули бахши фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Эмомалӣ Файзов, фарҳангшинос Дзарасти-Каноат Азза ва дигарон иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи муассисон Мушаррафа Шарипова – раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои Скандинавия», Мансури Суруш – муовини раис, Манзура Улҷабоева, Наргис Розиқова, Эмомалӣ Файзов, Дзарасти-Каноат Азза ба ҳайати Раёсати Ҷамъияти мазкур интихоб шуданд.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон бо кишварҳои Скандинавия» аз соли 2024 бо сабабҳои номаълум фаъолият надорад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ӮЗБЕКИСТОН»

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геополитикӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд мунтазам сурат мегиранд. Президентҳои ду кишвар борҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд. Қобил ба зикр аст, ки тамосҳои мунтазам дар сатҳи роҳбарони ду давлат ва ҳамкориҳои фаъоли сиёсӣ ба тақвияти равобит байни ду кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

2 августи соли 2018 Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» бо ташаббуси раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев зимни мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич таъсис дода шуд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин, муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова, раиси ҷамъиятҳоии дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Ҳабибулло Раҷабов, «Тоҷикистон – Куба» Ҷўра Латипов, «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб» Тоҷиддин Мардонӣ, «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ карданд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич зикр намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон аз моҳи октябри соли 1992 барқарор шуда бошад ҳам, иртиботи неку қарини халқҳои ҳарду давлат решаҳои қавии таърихӣ, равобити неки хешутаборӣ, урфу одати муштарак доранд.

Моҳи сентябри соли 2018 Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Кумитаи оид ба муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дўстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон ба имзо расид.

Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ўзбекистон» давоми соли 2018 бо ташаббуси раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар ниҳоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис ёфт.

Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ўзбекистон» сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино Додхоев Ҷамшед Саидбобоевич интихоб шуданд.

6 июни соли 2023 ҷаласаи Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ўзбекистон» дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар ҷаласа Қаюмов М.Н., Усмонзода А.И., Ҷӯраев Ф.А., Султонӣ Т., Раҳматзод А., Солиҷонов Н., Султонов Л., Давлатзода Р. иштирок доштанд. Рӯзномаи ҷаласа аз ду масъала: Интихоби раис ва ҳайъати аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ўзбекистон» ва тасдиқи нақшаи кории ҷамъияти номбурда иборат буд.

Султонов Л.А. намоянда Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд зимни суханронии худ қайд кард, ки бо пешниҳоди раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев референти Ҷамъияти мазкур дар вилояти Суғд Мубинҷон Қаюмов раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ўзбекистон» интихоб гардиданд.

Ҳамзамон, оид ба фаъолияти меҳнатии Қаюмов Мубинҷон иштирокчиёни ҷаласа Аҳмадҷони Раҳматзод, Давлатзода Р., Ҷӯраев Ф. ва Солиҷонов Н. суханронӣ карда, пешниҳоди раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи Сайдулло Хайруллоевро ҷиҳати ба ҳайси раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ўзбекистон» таъин шудани Қаюмов Мубинҷонро ҷонибдорӣ намуда, қайд карданд, ки ҷамъият барои минбаъд рушд ёфтани муносибатҳои дӯстӣ ва фарҳангӣ саҳми бориз мегузорад.

Аз 6 июни соли 2023 ходими давлатию сиёсӣ, мутахассиси варзидаи саноати сабуки Тоҷикистон, намояндаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Қаюмов Мубинҷон ба ҳайси раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ўзбекистон» фаъолият дорад.

 

 

ҶАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ВЕНЕСУЭЛА»

 

3 феврали соли 2025 раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Тоҷикистон Кристофер Алберто Мартинез Берротеранро бо хоҳиши ў ба ҳузур пазируфт[3].

Сайдулло Хайруллоев зимни шинос намудани Сафири Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Тоҷикистон бо фаъолияти Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин ниҳод 24 ҷамъияти дўстӣ бо кишварҳои алоҳидаро муттаҳид намудааст ва акунун бо муносибатҳои ҳасана Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Венесуэла» 25-ум хоҳад шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Кристофер Алберто Мартинез Берротеран дар навбати худ аз пазироии самимии мизбон изҳори сипос намуда, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии бештари кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

28 феврали соли 2025 дар назди факултети забонҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Венесуэла» таъсис дода шуд.

Дар ҷаласаи Шурои олимони факултети забонҳои Аврупо 28 феврали соли 2025 декани факултети забоҳои Аврупои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳалимова Маҳбуба Сафаралиевна ба ҳайси раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Венесуэла», Давлатов М.С. муовини раис, Раҷабалиева М.М. котиби масъул ва Абдуласанова З.Ш., Зиёева А. Саидов А., Сафялоева Л.С. аъзои он интихоб гардиданд.

16 июни соли 2025 муовини вазир оид ба Осиё, Шарқи наздик ва Уқёнусияи Вазорати ҳукумати мардумии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Татяна Хосефина Пю Морено ва сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла (қароргоҳ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристофер Алберто Мартинес ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Меҳмонон бо муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода профессор Гулназарзода Жило ва аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Венесуэла» мулоқот ба анҷом доданд.

 

 



[1] Китоби «Эй дарахти дўстї, сарсабз бош!», Душанбе – 2002, сањ. 69.

[2] Њабиббуло Раљабов. «Ин аст Њиндустон», Душанбе – 2007, сањ. 77.

[3] Маҷаллаи «Дўстї», №1/2025, саҳ. 32-33.