Баргузории панҷумин Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон

Автор 
Опубликовано:10 Январь 2018
38593 раз Последнее изменение Четверг, 11 Январь 2018 05:59
Оцените материал
(1 Голосовать)

119 декабри соли 2017 бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъбасти соли ҷавонон дар Маркази илму фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе V-умин Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавононро доир карданд.
Дар кори Форуми мазкур намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии алоҳидаи назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, аҳли зиё, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе, хабанигорон ва дигарон иштирок доштанд.
Чорабинии мазкурро роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории Форум ва Фестивали мазкур ба ҷавонон имкон медиҳад, аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Аз Раёсати ҶДРФТ сипосгузор буд, ки чунин чорабиниҳоро доир менамояд. Ва ин чорабинӣ чун анъана бо як шукуҳу шаҳомати хоса доир мегардад.

22Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҳамагонро бо ин рӯйдодҳои муҳим самимона табрик намуд. Таъкид кард, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ ва Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, барои таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамояд.
Сипас, мушовири Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дергачев Валерий Владимирович суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои гирди ҳам ҷамъ шудани намояндагони қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад.
Инчунин дар ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сейтимов Нурлан Мусатаевич, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббасалӣ Каром оғли Гасанов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоисломов Шоқосим Исманович, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, академик, узви вобастаи АИ ҶТ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова, проректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров, устодони ДДОТ ба номи С. Айнӣ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германи» Сайфулло Хайруллоев, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Франсия» Соқибой Султонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева ва дигарон дар бораи фаъолияти худ ва Форуми анҷуманҳои дӯстӣ маълумот доданд.

33Дар охири ҷаласаи панҷумин Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббасалӣ Каром оғли Гасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева, адиб ва олими тоҷик, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода, муаллимаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС» Манзура Улчабоева, директори Театри давлатии драмавии руссии ба номи В. Маяковский Дадоева Мунира, доктори илмҳои математика Фризе Срумова, раиси Иттиҳоди тоторҳои Тоҷикистон «Умет» Хисамова Мусалифа, аъзои Фонди ҷамъиятии «Халлухиён» Раҳмоил Сафаров ва дигарон Ифтихорномаи Раёсати ҶДРФТ-ро бо китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон дар рӯҳияи дӯстӣ ва рафоқат баргузор гардида, он барои таҳкими дӯстӣ ва муносиботи фарҳангии миёни ҷавонон, мардуми сарзамини Тоҷикистон мусоидат менамояд.
DSC 0928Ҳамон рӯз (19.12.2017 аз соати 13:00 то 15:00) консерти идона дар толори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон баргузор шуд.
Дар консерт намояндагони корпусҳои дипломатии шаҳри Душанбе, аъзои ҷамъиятҳои дӯстии дар назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, ақалиятҳои миллӣ, донишҷӯёни донишгову донишкадаҳои шаҳри Душанбе ва хабарнигорон иштирок намуданд.
Проректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров консерти идонаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузории ин чорабинӣ барои таҳким ёфтани дӯстӣ миёни донишҷӯёни хориҷӣ, ошноии бештар пайдо кардан аз фарҳанг ва расму ойини якдигар мусоидат менамояд.DSC 0835
Баъдан, роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич зимни суханронии худ махсус қайд намуд, ки ҶДРФТ дар якҷоягӣ бо Намояндагии Россатрудничество дар ин самт корҳои хеле назаррасро тули панҷ сол анҷом медиҳанд. Ба ҷавонон муроҷиат карда гуфт, ки онҳо баҳри густариши равобитҳои фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ низ бояд мавқеи устувор дошта, ба он саъю кушиш намоянд.
Сипас аз тарафи дастаҳои ҳунармандони донишҷӯёни мактабҳои олӣ вобаста ба мавзӯи дӯстӣ, сулҳу ваҳдат барномаи ҷолибу рангоранги консертӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.