АХБОР (78)
МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО ХОНУМ КЕЙКО ФУРУТА
5-уми марти соли 2026 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ И. Абдуллозода, Ф. Тиллоев, Ф. Раҳмонзода ва А. Азимов иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳанг мубодилаи афкор анҷом доданд.
Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар ҷараёни мулоқот аз нақши Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷопон», ки дар заминаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар таҳкими робитаҳои дӯстона ёдовар шуда, омодагии раёсати Ҷамъиятро ҷиҳати густариши бештари робитаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш изҳор дошт.
Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба имконияти тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои илму маориф, аз ҷумла дар самти табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ташкили барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос табодули назар карданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута бо изҳори қаноатмандӣ аз мулоқот таъкид намуд, ки Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар оянда низ барои рушд ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг талошҳои бештар ба харҷ хоҳад дод.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди минбаъда ва густариши ҳамкориҳои гунонунҷанба миёни Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷопон» бо ташаббуси раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар заминаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон 3 апрели соли 2014 таъсис ёфтааст.
Ф. Тиллоев
Ф. Раҳмонзода
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
6 феврали соли 2026 ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) баргузор гардид.
Ҷаласа дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ доир шуда, дар кори он аъзои Раёсат, масъулони намояндагии ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисону намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар тобеияти ҶДРФТ фаъолият мекунанд, сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода», ки дар Паёми навбатии Президенти маҳбуби кишвар таъкид гардид, ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, 25 ҷамъияти дӯстии дар тобеияти он қарордошта, намояндагиҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазорату кумитаҳоҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда, ҷиҳати тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ, ки яке аз абзорҳои муассири сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад, корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.
Сипас, дар идомаи ҷаласа муовини раиси ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода оид ба фаъолият ва иқдому ташаббусҳои дар соли 2025 амалинамудаи Ҷамъият гузориши муфассал ироа намуд. Номбурда густариши иртиботу ҳамкорӣ бо корпуси дипломатиро ҳамчун намунаи фаъолияти назарраси Ҷамъият дар соли сипаригардида таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар ин замина аз ҷониби роҳбарияти ҶДРФТ мулоқоту вохӯриҳои судманд бо Сафирони Венесуэла, Ҷопон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон ва Фаластин доир гардиданд.
Дар гузориш, ҳамчунин аз таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Венесуэла» дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, фаъол гардонидани Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор намудани намоиши аксҳои аксбардори маъруф, зиндаёд Заур Дахте таҳти унвони «Ваҳдатнигор», рӯнамоии китоби «Қарлуқҳо: таърихи иҷтимоӣ-сиёсии қарлуқҳо дар асрҳои VII–XIII ва робитаҳои этникӣ-фарҳангии онҳо бо тоҷикони Мовароуннаҳр» (бо забони русӣ), ҳамкориҳои пайваста бо воситаҳои ахбори омма, баргузории вохӯриҳо, мулоқотҳо ва мизҳои мудаввар бо намояндагиҳои Ҷамъият дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ёдоварӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби 25 Ҷамъияти дӯстии назди ҶДРФТ низ бо мақсади тарғиби фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикӣ чорабиниҳои гуногун амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, баргузории озмунҳои байналмилалии «Пули забони чинӣ» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, «Иншои беҳтарин» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, нашри мақолаҳо ва мусоҳибаҳо, ҳамчунин доир намудани маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангию ҳунарӣ аз зумраи ин иқдомҳо арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон зикр шуд, ки маҷаллаи «Дӯстӣ», ки бо мақсади таблиғи фаъолияти ҶДРФТ таъсис ёфтааст, дар соли ҳисоботӣ мунтазам нашр гардида, бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи махсуси он таҳия ва ба табъ расонида шуд.
Дар қисмати музокираҳо доктори илмҳои таърих, профессор, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Афғонистон» Қосимшо Искандаров, референти ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон Худоёрзода Раҷабалӣ, котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Сайфиддин Суннатӣ суханронӣ карда, фаъолияти ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Дар охир раиси ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии дар назди ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ фаъолиятдошта, ҳамзамон ба намояндагиҳо дар вилоятҳо барои ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамарашон дар соли 2025 изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ фаъолияти минбаъдаи ҶДРФТ бояд боз ҳам тақвият ёфта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо тамоми миллату халқиятҳои дохил ва хориҷи кишвар равона карда шавад.
Инчунин, барои фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ саҳми арзанда дар таҳким ва рушду густариши алоқаҳои дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ, пешбурди дипломатияи мардумӣ шахсони зерин: Петров Дмитрий Игоревич – мушовири калони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулназарзода Жило – ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Корея», Сайфиддин Суннатӣ – сармутахассиси шӯъбаи фарҳангии рўзномаи «Ҷумҳурият», котиби масъули Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон», Зулфиқори Раҷабалӣ – саромузгори кафедраи забони олмонии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, аъзои Ҷамъияти дўстии «Тољикистон – Германия», Саминова Зауре Сабиткалиевна – раиси Ҷамъияти қазоқҳои Тоҷикистон «Байтерек», Худоёрзода Раҷабалӣ – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, референти ҶДРФТ дар вилояти Хатлон бо Ифтихорномаи Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сарфароз гардонида шуданд.
МУЛОҚОТ БО САФИРИ ДАВЛАТИ ФАЛАСТИН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
12-уми декабри соли 2025 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Сафири давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналадинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯзаи давлати Фаластин ва доир ба робитаҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Фаластин ва тавсеаву густариши ин ҳамкориҳо давоми солҳои охир мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафири давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналадин зимни суханронии худ бо қаноатмандӣ нахуст аз пуштибонии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз ваъияти имрӯзаи давлати Фаластин сипосу миннатдорӣ иброз намуд.
Тақвияти робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳангу ҳунар аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки мавриди гуфтугӯйи ҷонибҳо қарор гирифт.
«Он рӯз дур нест, ки сулҳ дар давлати Фаластин барқарор хоҳад шуд ва мо барои рушду тавсеаи робитаҳо дар ҳама ҷабҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд дар заминаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам омодаи ҳамкорӣ хоҳем буд, изҳор дошт Сайдулло Хайруллоев.
Дар фарҷоми мулоқот миёни ҷонибҳо барои таъсиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Фаластин дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ки ба рушди робитаҳои дӯстӣ миёни ҳар ду давлат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, изҳори умед карда шуд.
19-уми ноябри соли 2025 мулоқоти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» Абдуғаффор Абдуҷаббор, котиби масъули ҷамъият Картан Қурбанова, сармуҳаррири маҷаллаи «Дӯстӣ» Наҷмиддин Зайниддинзода иштирок намуданд.
Сайдулло Хайруллоев дар оғоз Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро бо ташрифаш шодбош гуфта, оид ба фаъолияти ҷамъият, робитаҳои он бо Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои ҳамкориҳои дучониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг маълумоти мухтасар дод.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов низ изҳор дошт, ки муносибатҳои дипломатии ҳар ду давлат дар сатҳи ниҳоят баланд қарор дошта, минбаъд барои таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳа дар ҳама арсаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш талош хоҳад кард.
Баррасии вазъи соҳаи маориф, хусусан фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумии ақаллиятҳои миллии ҳар ду кишвар, таъмини онҳо ба адабиёти таълимӣ, табодули донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз масъалаҳои дигаре буд, ки мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
РӮНАМОИИ КИТОБ ОИД БА ҚАРЛУҒҲО ВА РОБИТАҲОИ ЭТНИКИЮ ФАРҲАНГИИ ОНҲО БО ТОҶИКОНИ МОВАРОУННАҲР
18 ноябри соли 2025 дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ рӯнамоии китоби «Карлуки социально-политическая история карлуков VII – XIII вв и их этнокультурная связь с таджиками Мавереннахра» баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев оғоз бахшида, рӯзнома ва ҳайати меҳмононро муаррифӣ намуд. Номбурда изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита бо ақаллиятҳои миллӣ ҷавҳари асосии муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил дода, аз нигоҳи мансубияти миллӣ, забон, ҳифзи анъанаву расму оин, ақаллиятҳои миллӣ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
Сипас, директори Бунёди фарҳангии халқҳои турк – «Дунёи Турон», узви Ассамблеи умумиҷаҳонии халқҳои турк Карлин Махпиров оид ба робитаҳои дӯстӣ бо ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронї карда, аз нақши Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар тақвияти ин робитаҳо тавсиф намуд.
Дар идома котиби масъули Фонди ҷамъиятии «Халлухиён», муаллифи китоби «Карлуки социально-политическая история карлуков VII – XIII вв и их этнокультурная связь с таджиками Мавереннахра» Раҳмоил Сафаров оид ба муҳтавои китоби мавриди назар мухтасар маълумот дод. Номбурда изҳор дошт, ки намояндагони сершумори мардуми қарлуғ узви ҷудонопазири ҷамоаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти қарлуғҳоро бо Фонди ҷамъиятии «Халлухиён» таҳти рақами ягонаи мушаххас 0419018345 аз 28-уми декабри соли 2012 таъсис додаанд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор ба расмият дароварда шудааст.
Мақсади асосии ҷамъият мусоидат намудан ба ҳифз, рушд ва тарғиби мероси мадании қарлуғҳо мебошад. Ҷамъияти қарлуғҳои Тоҷикистон узви фаъоли Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ буда, дар ҳамкории наздик тӯли фаъолияташ як қатор корҳои назаррасро, ки дӯстиву рафоқат ва суботу амониро дар кишвари азизамон тараннум мекунанд, аз қабили иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ташкили шабиншиниҳо, рӯзҳои ёдбуд, тантанаҳо, гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, чопи китоб ва дигар нашрияҳо анҷом додааст, изҳор дошт Раҳмоил Сафаров.
Дар идома пажуҳишгар, узви «Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Мирсаид Раҳмонов, роҳбари раиси Ҷамъияти қазоқони Тоҷикистон «Байтерек» Зауре Саминова ва Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон» Латофат Шарипова роҷеъ ба робитаҳои дӯстиву фарҳангии намояндагони халқиятҳои Тоҷикистону Қазоқистон суханронӣ намуданд.
Дар охир раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев барои таҳкими дӯстӣ аз ҷониби директори Бунёди фарҳангии халқҳои турк – «Дунёи Турон» Карлин Махпиров бо медали «Дӯстлик» сарфароз гардонида шуд.
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ ҚАЗОҚТАБОР
14-уми ноябри соли 2025 муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода директори Бунёди фарҳангии халқҳои турк – «Дунёи Турон», узви Ассамблеи умумиҷаҳонии халқҳои турк Карлин Махпировро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ роҳбари шуъбаи нашриёти «Мектеп» Раҳметҷан Хоҷамбердиев, котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» Каржан Қурбанова, мудири шуъбаи раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Файзулло Тиллоев, котиби масъули Фонди љамъиятии «Халлухиён» Сафаров Раҳмоил ва муҳиррири маҷаллаи «Дӯстӣ» Фаридуни Умарбек ширкат намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид робитаҳои фарҳангии тоҷикон ва қазоқҳо, вазъи ақаллиятҳои миллии ҳар ду кишвар, таърих, урфу одат ва анъанаҳои деринаи онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Пас аз мулоқот ҷонибҳо аз Ҷамъияти қазоқон «Байтерек» дар шаҳри Душанбе боздид намуда, ба фаъолияти он аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид роҳбари Ҷамъияти қазоқон «Байтерек» дар Тоҷикистон Зауре Саминова иттилоъ дод, ки ҷамъияти мазкур соли 2006 таъсис ёфта, ҳадафи он муттаҳид кардани ақаллиятҳои миллии қазоқистонӣ ва расонидани ёрмандӣ дар ҳалли аксар масъалаҳои ҳалталаб ба онҳо мебошад.
Номбурда изҳор дошт, ки дар баробари ривоҷ додани дипломатияи мардумӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ барои ақаллиятҳои миллии аз Қазоқистон дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагидошта, ҳамзамон самти дигари фаъолияти онҳоро таълими забон ва анъанаҳои мардуми қазоқ барои ин гурӯҳи шаҳрвандон ташкил медиҳад.
