МУЛОҚОТ БО РАИСИ АНҶУМАНИ ДӮСТИИ ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОН АЛИАШРАФ МУҶТАҲИДИ ШАБИСТАРӢ

Автор 
Опубликовано:10 Октябрь 2024
89 раз Последнее изменение Четверг, 10 Октябрь 2024 09:18
Оцените материал
(1 Голосовать)

DSC 52808 октябри соли 2024 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистариро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Кароматулло Олимов, кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим, Тиллоев Ф., Раҳмонзода Ф., суратгири маҷаллаи «Дӯстӣ» Азимов Аминҷон ва дигарон иштирок намуданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ барои ташрифаш ба Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ изҳори сипос намуда, аз густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд. Њамзамон Сайдулло Хайруллоев аз хизматҳои ҷаноби Алиашраф Шабистарӣ дар таҳқиқу густариши адабиёт ва фарҳанги ду кишвари ҳамзабон тавсиф намуд.8.10.2024 мУЛОКОТ БО шАБИСТАРИ

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ низ аз даврони фаъолияташ ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон ва Эрон иштироки таърихӣ ва фарҳангии бисёре доранд. Номбурда тақвияти робитаҳои фарҳангиву адабии Тоҷикистону Эронро ҳамчун заминасози равобити дӯстиву шарикии ду давлати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар ҳоли имрӯз беш аз ҳарвақта бояд бо иҷрои барномаҳои гуногуни фарҳангӣ равобити мардумии ду кишварро тавсеа бидиҳем.

Дар охир ҷонибҳо чун рамзи эҳтиром ва садоқат ба ҳам китобҳои гуногуни тозанашр тақдим намуданд.  

Ёдовар мешавем, ки Алиашраф Шабистарӣ аз нахуст сафирони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки муддати 5 сол аз соли 1992 то 1997 дар ин вазифа фаъолият кардааст.