Ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2023

Автор 
Опубликовано:08 Февраль 2024
1265 раз Последнее изменение Четверг, 08 Февраль 2024 13:37
Оцените материал
(1 Голосовать)

vokhuri 27 феврали соли 2024 ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои соли 2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) аъзои Раёсат, масъулони Намояндагии ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисону намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ фаъолият мекунанд, сарваро иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии а қаллиятҳои миллии кишвар, ки бо ин Ҷамъияти дӯстӣ ҳамкорӣ доранд ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи ҳисоботӣ оиди баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023), суханронии раисони Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ҳисобот оид ба фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2023, қабули қарорҳо оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2024, муҳокима ва тасди қи на қшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2024-ро шуниданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи ҳисоботии солонаро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи ҷаласа, ки мавзӯъҳо: шунидани ҳисоботи солонаи Раёсати ҶДРФТ барои соли 2023, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2023), суханронии раисону аъзои Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, қабули қарорҳо оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2023, муҳокима ва тасди қи на қшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2024, ба фаъолон супоридани Ифтихорнома бахшида ба 65-солагии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва дигар корҳои ҷорӣ иборат буд, шинос намуд.vokhuri 3

Яке аз ҳадафҳои асосии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии а қаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии му қими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.

Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2023 вазифаҳои оинномавии худро иҷро намуда, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида дар ниҳодҳо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат ҳисоботҳои хешро пешниҳод карданд.

 vokhuriРаёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро чун ҳамеша дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазоратҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ пеш бурд.

Бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи Ҷамъияти дӯстӣ, инчунин дар баъзе Ҷамъиятҳои дӯстии назди он ҷаласаҳо доир гаштанд.

Дар соли 2023 иртибот бо Сафоратҳо чун ҳамеша дар давраи ҳисоботӣ қавӣ буд.

Бо ташаббуси Сайдулло Хайруллоев бахшида, ба 65-солагии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (таъсисаш 30 октябри соли 1958) Маҷмӯаи махсус (Бюлетен) бо номи «Пойдорӣ ва устувории робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ» ба нашр расид, ки ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.

Сипас, ҷонишини Раиси Раёсати ҶДРФТ Абдуллозода Иброҳим дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти яксолаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 2023 гузориш дод.

Баъдан, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Кароматулло Олимов, раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова ва раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Фаронса» Султонзода Соқибой оиди фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида суханронӣ намуда, аз фаъолияти худ дар соли сипаригашта мухтасар истода гузаштанд. Аз робитаи қавӣ ва кумаку дастгирии роҳбарияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро қайд намуда, ба фаъолияти кории Ҷамъияти дӯстӣ баҳои қаноатбахш доданд.

Зимни баррасии масъалаҳо зикр карда шуд: Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии а қаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии му қими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.dusti-m 24

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ аъзои Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ҳайати 7 нафар аз он ҷумла: Хайруллоев Сайдулло – Раиси Раёсат, Абдуллозода Иброҳим – муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ, Олимов Кароматулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон», Қосимшо Искандаров – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Афғонистон», Асрори Мирзошоҳрух – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Туркманистон», Наѓзибекова Меҳринисо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» ва Султонзода Со қибой – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса» интихоб карда шуд. Инчунин, на қшаи кории ҶДРФТ барои соли 2024 муҳокима гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо тасди қ карда шуд.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботӣ аз ҷониби Сайдулло Хайруллоев бахшида ба 65-солагии ба фаъолон Маҷмӯаи махсус (Бюлетен) бо номи «Пойдорӣ ва устувории робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ» ва Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Сомонаи интернетии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ www.friendship.tj муло қоту чорабиниҳои доиркардаи худи ҶДРФТ ва Ҷамъиятҳои дӯстии дар назди он фаъолиятбарандаро бо аксҳои ҷолиб манзури истифодабарандагон мекунад.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо бисту чор Ҷамъияти дӯстии дар наздаш амалкунанда ва доираи васеъи фаъолонаш чорабиниҳои асосии барои соли 2023 ба на қша гирифтаашро иҷро намуда, дар ривоҷи дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳо, мустаҳкам кардани ҷомеаи гуногунмиллати тоҷикистониён ва ниҳоят, пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат саҳм гузошт.                                                        

                                                                                                                                                                                                                                 

 Файзулло Тиллоев,
мудири шӯъбаи Раёсати
Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити
фарҳангии Тоҷикистон
бо кишварҳои хориҷӣ