ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Автор 
Опубликовано:10 Февраль 2026
8 раз Последнее изменение Вторник, 10 Февраль 2026 08:24
Оцените материал
(1 Голосовать)

DSC 62226 феврали соли 2026 ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) баргузор гардид.

Ҷаласа дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ доир шуда, дар кори он аъзои Раёсат, масъулони намояндагии ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисону намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар тобеияти ҶДРФТ фаъолият мекунанд, сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев аз тадбирҳои муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода», ки дар Паёми навбатии Президенти маҳбуби кишвар таъкид гардид, ёдовар шуд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, 25 ҷамъияти дӯстии дар тобеияти он қарордошта, намояндагиҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазорату кумитаҳоҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда, ҷиҳати  тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ, ки яке аз абзорҳои муассири сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад, корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.

Сипас, дар идомаи ҷаласа муовини раиси ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода оид ба фаъолият ва иқдому ташаббусҳои дар соли 2025 амалинамудаи Ҷамъият гузориши муфассал ироа намуд. Номбурда густариши иртиботу ҳамкорӣ бо корпуси дипломатиро ҳамчун намунаи фаъолияти назарраси Ҷамъият дар соли сипаригардида таъкид намуда, изҳор дошт, ки дар ин замина аз ҷониби роҳбарияти ҶДРФТ мулоқоту вохӯриҳои судманд бо Сафирони Венесуэла, Ҷопон, Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон ва Фаластин доир гардиданд.

Дар гузориш, ҳамчунин аз таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Венесуэла» дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, фаъол гардонидани Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Ҳиндустон» дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор намудани намоиши аксҳои аксбардори маъруф, зиндаёд Заур Дахте таҳти унвони «Ваҳдатнигор», рӯнамоии китоби «Қарлуқҳо: таърихи иҷтимоӣ-сиёсии қарлуқҳо дар асрҳои VIIXIII ва робитаҳои этникӣ-фарҳангии онҳо бо тоҷикони Мовароуннаҳр» (бо забони русӣ), ҳамкориҳои пайваста бо воситаҳои ахбори омма, баргузории вохӯриҳо, мулоқотҳо ва мизҳои мудаввар бо намояндагиҳои Ҷамъият дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ёдоварӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби 25 Ҷамъияти дӯстии назди ҶДРФТ низ бо мақсади тарғиби фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикӣ чорабиниҳои гуногун амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, баргузории озмунҳои байналмилалии «Пули забони чинӣ» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, «Иншои беҳтарин» дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, нашри мақолаҳо ва мусоҳибаҳо, ҳамчунин доир намудани маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангию ҳунарӣ аз зумраи ин иқдомҳо арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон зикр шуд, ки маҷаллаи «Дӯстӣ», ки бо мақсади таблиғи фаъолияти ҶДРФТ таъсис ёфтааст, дар соли ҳисоботӣ мунтазам нашр гардида, бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи махсуси он таҳия ва ба табъ расонида шуд.

DSC 6292Дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Ҷумҳурии Корея» Жило Гулназарзода, доктори илмҳои таърих, профессор, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон Афғонистон» Қосимшо Искандаров, референти ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон Худоёрзода Раҷабалӣ, котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Сайфиддин Суннатӣ суханронӣ карда, фаъолияти ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ пешниҳодҳои судманд ироа карданд.

Дар охир раиси ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии дар назди ҶДРФТ бо кишварҳои хориҷӣ фаъолиятдошта, ҳамзамон ба намояндагиҳо дар вилоятҳо барои ҳамкорӣ ва фаъолияти пурсамарашон дар соли 2025 изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ фаъолияти минбаъдаи ҶДРФТ бояд боз ҳам тақвият ёфта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо тамоми миллату халқиятҳои дохил ва хориҷи кишвар равона карда шавад.

Инчунин, барои фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ саҳми арзанда дар таҳким ва рушду густариши алоқаҳои дӯстӣ ва равобити фарњангии Тољикистон бо мамолики хориљї, пешбурди дипломатияи мардумї шахсони зерин: Петров Дмитрий Игоревич – мушовири калони Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулназарзода Жило – ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ҷумҳурии Корея», Сайфиддин Суннатї – сармутахассиси шӯъбаи фарҳангии рўзномаи «Ҷумҳурият», котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон», Зулфиќори Раљабалї – саромузгори кафедраи забони олмонии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия», Саминова Зауре Сабиткалиевна – раиси Љамъияти ќазоќњои Тољикистон «Байтерек», Худоёрзода Раҷабалӣ номзади илмњои филологї, дотсент, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон, референти ҶДРФТ дар вилояти Хатлон ва Расулов Рустам – сармуҳосиби Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї бо Ифтихорномаи Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї сарфароз гардонида шуданд.