Мизи мудаввар таҳти унвони «Роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин»

Автор 
Опубликовано:28 Май 2024
907 раз Последнее изменение Вторник, 28 Май 2024 08:43
Оцените материал
(1 Голосовать)

PXL 20240520 10030822320 майи соли 2024 дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» мизи мудаввар таҳти унвони «Роҳҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой», намояндаи Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия (РАМС) дар Тоҷикистон, раиси Бунёди миллии «Роҳи абрешим роҳи муттаҳидшавӣ», ҷонишини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, намояндагони Маркази Конфутсий назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Ҷалласаро раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» профессор Қурбонзода Рухшона Қурбон оѓоз намуда, мењмононро хайрамаќдам гуфт, зимни суханрони зикр намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин намунаи шоистаи ҳамкориҳои муваффақ ва ҳамкории як давлати бузург ва ҳамсояи он мебошанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 январи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, нахустин мулоқоти сарони Чину Тоҷикистон дар Пекин 9 марти соли 1993 баргузор гардида буд. Дар натиҷа раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро имзо карданд. Ин ва дигар мисолҳо дараҷаи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва майлу хоҳиши тарафайнро барои васеъ истифода бурдани афзалиятҳои якдигарии тарафҳо ба мақсади мустаҳкам намудани дустӣ ва хамкорӣ равшан ифода мекунанд.

Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин сухан ронда, ҳозиринро ба муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии мардумии Чин табрик намуда, иброз дошт, ки гарчанде мақсади асосии ниҳоди мо тақвияти дўстиву бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни халқи тоҷик ва мардумони кишварҳои гуногун аст, бо қавму миллатҳои дар Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзӣ низ босамар кор мебарад ва ин дар асоси дипломатияи мардумӣ роҳандозӣ шудааст. Ичунин, ба иштирокдорон дар кори ҷалласа комёбї тамано намуд. Дар  идома Шарипова М.В. - намояндаи Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия дар Тоҷикистон дар мавзӯиҲамкориҳо бо Чин ва шумораҳои махсуси маҷаллаи «Дӯстӣ»”, Маитдинова Г.М. - профессори кафедраи минтақашиносии хориҷӣ ва сиёсати хориҷӣ, директори Маркази таърихи давлати ДСРТ оид ба “Ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар доираи СҲШ”, Мамадазимов А.М. - раиси Хазинаи миллии «Роҳи абрешим – роҳи муттадид» дар мавзӯи Муваффақиятҳои аввалиндараҷа дар робита бо лоиҳаи мегаи чинии «Як камарбанд - як роҳ» бо стратегияи миллии рушди Тоҷикистон (то соли 2030), Тан Цзин – раиси Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон ва Хань Дончи котиби генералии Федератсияи диаспораҳои чинӣ дар хориҷа маърўзањои хешро ќироат намуданд. Боиси тазаккур аст, ки маърӯзачиён баромад намуда масъаллаҳои густариши равобити фарҳангӣ ва илмиву адабии Тоҷикистону Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд. Чорабинии ЧТ Хитой 20.05.2024

Дар фарҷоми баромад профессор Қурбонзода Рухшона зикр намуд, ки Тоҷикистону Чин, ки дар тӯли асрҳо бо кӯҳҳои баланд ва рӯдхонаҳои пуроб ба ҳам мепайванданд, барои ташаккул ва рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи дӯстӣ ва шарикии судманд саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Бешубҳа, онҳо дорои потенсиали бузурги афзоиш ва пешомадҳои хеле хуб мебошанд. Тоҷикистон ва Чин имрӯз на танҳо ҳамсояҳои наздик, балки шарикони боэътимоде мебошанд, ки дар таъмини амнияти муштарак ва минтақавӣ якҷоя иштирок мекунанд.

Пас аз баррасию муҳокимаи масоили рӯзномаи ҷалласа, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Чин профессор Қурбонзода Р. Қ. ҷалласаро пушида эълон намуд.

 

                                                                 Раиси Љамъияти дўстии«Тољикистон –профессор Қурбонзода Рухшона