3 феврали соли 2025 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Тоҷикистон Кристофер Алберто Мартинез Берротеранро бо хоҳиши ў ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Сайдулло Хайруллоев дипломати Венесуэларо ба муносибати ба ин мақом таъйин шуданаш табрик намуда, ба ў дар фаъолиятҳои минбаъдааш барору комёбиҳо таманно кард.
Сайдулло Хайруллоев зимни шинос намудани Сафири нави Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Тоҷикистон бо фаъолияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон изҳор дошт, ки ин нињод 24 љамъияти дўстї бо кишварњои алоњидаро муттаҳид намудааст ва акунун бо муносибатҳои ҳасана Љамъияти дўстии Тоҷикистону Боливарии Венесуэла 25-ум хоњад шуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Кристофер Алберто Мартинез Берротеран дар навбати худ аз пазироии самимии мизбон изњори сипос намуда, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии бештари кишвараш бо Љумҳурии Тољикистон шуда, аз Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Ҷумҳурии Венесуэла сафар намояд.
Зимни мулоќот љонибњо вазъи кунунї ва дурнамои муносибатњои дуљонибаро баррасї карда, дар марњилаи муосир наќши дипломатияи мардумиро њамчун унсури калидии њамкории байнидавлатї арзёбї намуданд.
Дар охир Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев ба Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла дар Љумҳурии Тољикистон Кристофер Алберто Мартинез Берротеран нусхаҳои солҳои охир чопшудаи маҷаллаи «Дўстї» ва харитаи ҳакоккишудаи Тоҷикистонро тақдим намуд.
Сармуҳаррири маљаллаи «Дўстї»
Наҷмиддин Зайниддинзода