МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ҶАМЪИЯТҲОИ ДӮСТӢ ДАР РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМӢ»

Автор 
Оцените материал
(3 голосов)

2H7A5342-3456x230421 октябри соли 2024 дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҳти унвони «Нақши ҷамъиятҳои дӯстӣ дар рушди дипломатияи мардумӣ» мизи мудаввар доир гардид.

Чорабинӣ таҳти Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев дар доираи баргузории Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гарида, дар он Раиси Шурои генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо Смирнова Светлана Константиновна, мудири шуъбаи кишварњои ИДМ дар Ассамблеяи халќњои Авруосиё Нефедова Олга Владимировна, намояндаи расмии давлати Кувейт оид ба масъалаҳои дипломатияи мардумӣ Шейх Наиф Ал-Мухана Ал-Адвани, директори Институти дипломатияи фарҳангии Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳамад Алмуаини, узви Шурои олии машваратии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо Далбир Сингх, раиси Шурои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон Алмамбет Матубраимов, вакили Парлумони Шоҳигарии Баҳрайн Юсиф Зейнал, сарходими илмии Маркази «Дин ва давлат дар Осиё»-и Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Россия Максим Михалев, узви Шурои генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, президенти Ассотсиатсияи «Иттиҳоди шаҳрвандии Қазоқистон» Бану Нургазиева, директори Маркази дипломатияи мардумии Созмони Њамкории Шанхай дар Ӯзбекистон Кабулжон Сабиров, инчунин раисони Ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Кароматулло Олимов, «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова, «Тоҷикистон – Қирғизистон» Маҳмудзода Музаффарҷон, раиси Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Латофат Шарипова, котиби масъули Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Қазоқистон» Курбанова Каиржан, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб» Одинаев Абдухалил, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус» Ҷӯрахонзода Рауф, сармуҳаррири маҷаллаи «Дӯстӣ» Зайниддинзода Наҷмиддин ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки як ҷанбаи муҳимми ҳамкориҳои кишварҳо, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Россия дипломатияи мардумист, ки ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва эътимоди миёни кишварҳо мусоидат мекунад. Ӯ аз бунёди робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ тавсиф карда, густариши ин робитаҳоро намунаи равшани дӯстию муносибатҳои гарму самимӣ, ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар арзёбӣ намуд.2H7A5266-3456x2304

Таъкид гардид, ки пешниҳоди нақшаи муштараки чорабиниҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар соли 2024 барои таҳкими робитаҳои дӯстии Тоҷикистону Россия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ имкони бештар фароҳам меорад.

Барои таҳкими робитаҳои илмӣ, маданию маърифатӣ ва пешрафти иҷтимоию сиёсӣ ва мадании мамлакат дар назди Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 24 чамъияти алоҳидаи дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ дуру наздик амал мекунад, ки онҳо дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо ташкил шудаанд.

Дар баробари ин маҷаллаи «Дӯстӣ», ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад, дар таҳкими дӯстии халқҳо, робитаҳои хуби эҷодӣ саҳм гузошта, талош дорад, ки барои рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла бо кишварҳои Авруосиё ва Африқо заминаи мусоид фароҳам орад, гуфта шуд зимни суханронии Сайдулло Хайпуллоев.

Зимни музокирот иштирокдорон масъалаҳои истифодаи воситаҳои дипломатияи мардумӣ тавассути созмонҳои ҷамъиятӣ, рушди равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, инчунин таҷрибаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва инсондӯстӣ барои тарғиби қолабҳои беҳтарин ва ғояҳои инноватсионӣ, аҳаммияти дипломатияи мардумӣ дар муттаҳидсозии неруҳои ҷамъиятии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тақвияти эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо ва халқҳоро мавриди мубоҳиса қарор доданд.

Дар идома таъкид карда шуд, ки тақвияти муносибатҳои дӯстиву бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия, ҳамзамон кишварҳои аъзои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё дар асоси принсипҳои дипломатияи мардумӣ ва санадҳои расмӣ, ки сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатиро ба танзим медароранд роҳандозӣ шудааст.

Иштирокдорон аз мулоқоти баргузоргардида ва чорабиниҳои дар рӯзҳои минбаъда ба нақша гирифташуда ба ҳайси василаи муҳимми таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамаҷониба ёдовар шуда, изҳори умед намуданд, ки баргузории чорабиниҳои мавриди назар барои боз ҳам амиқтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарии ду кишвар ва халқҳои мо мусоидат мекунанд.2H7A5376-3456x2304

Дар охири мизи мудавар аз номи директори генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё А.Ю. Белянинов ба Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев Сипоснома тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо, Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, роҳандозӣ гардида, инчунин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикстон то 26-уми октябр идома меёбад.

Дар доираи ин лоиҳа як қатор форумҳо, панелҳои мубоҳисавӣ, бозиҳои тиҷории «Модели ИДМ» барои донишҷӯён, чорабиниҳои ҷашнвораи «Ҷаҳон хушбахтиро тасвир мекунад» ва намоиши филмҳои ғолибони ҷашнвораи «Мо якҷоя ғалаба кардем» ба номи Владимир Меншов дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, аъзои ҳайат бо шарикон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вохӯриҳо баргузор мекунанд, ки дар онҳо як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида хоҳанд шуд.