АХБОР

АХБОР (64)

13 феврали соли 2019 дар идораи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї (минбаъд ЉДРФТ) љаласаи њисоботии солонаи Раёсати Љамъияти мазкур барои соли 2018 баргузор  гардид.

Нишасти мазкур тањти раисии Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта, дар он масъулони Намояндагињои ЉДРФТ дар вилоятњо, раисон ва намояндагони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњидаи дар доираи ЉДРФТ фаъолияткунанда иштирок доштанд.

Аз љумла Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев, муовини Раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, котиби Раёсат Файзулло Тиллоев, сармуњаррири маљаллаи «Дўстї» Мавлуда Шарифова, сармутахассис Ибод Ѓафуров, намояндагињои ЉДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, дар вилояти Суѓд Нодирљон Солиљонов, аз Љамъиятњои дўстии назди ЉДРФТ фаъолияткунанда раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њабибулло Раљабов, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Восиева Рухшона, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» Хайрулло Сайфуллоев, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Афѓонистон» Ќосимшо Искандаров, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия» Мењринисо Наѓзибекова, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Машњура Вазирова, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» Мирзо Муллоањмадов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон» Мирзо Шукурзода, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» Абдусаттор Нуралиев, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» Каиржан Ќурбонова, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» Љўра Латипов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» Соќибой Султонов, ва намояндагони дигар љамъиятњои дўстии алоњида иштирок доштанд.

Љаласаро Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоњ намуда, њозиронро бо масъалањои љаласа, ки аз «Њисоботи солонаи Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар соли 2018», «Муњокима ва тасдиќи наќшаи кории Раёсати ЉДРФТ барои соли 2019», «Баромади намояндагї дар вилоятњо ва раисони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњида» иборат буд, шинос намуд.

Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Дар давраи њисоботї Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї вазифањои оинномавии худро иљро намуда, намояндагињои он дар вилоятњо, љамъиятњои дўстии алоњида дар нињодњо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат њисоботњои хешро пешнињод карданд.

Дар доираи баргузории чорабинињои гуногуни соли 2018 ба љињати сазовор ва дар сатњи баланд истиќбол намудани Рўзи Вањдати миллї, Истиќлолияти давлатї ва Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї ањамияти хос дода шуд.

Бахшида ба Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар худи идораи Љамъияти дўстї, инчунин дар баъзе Љамъиятњои дўстии назди он ва баъзе марказњои миллию фарњангї бо кўшиши масъулони ташкилот љаласањо доир гаштанд.

Раёсати Љамъияти дўстї дар давраи њисоботї фаъолияташро чун њамеша дар њамкории зич бо маќомоти иљроияи њокимяти давлатии марказї ва мањаллї, вазоратњо, муассисањои илмиву таълимї ва фарњангї пеш бурд. Чорабинињои калон, аз љумла, форуми љамъиятњои дўстї ва фестивали дўстии љавонони тољик ва хориљї, ки анъанавї шудааст, якљоя бо Намояндагии Росструдничество ва дигар шарикон амалї гардид ва мо аз онњо барои њамкории судманд хеле миннатдор њастем.

31 январи соли 2018 дар бинои пештараи Љамъияти дўстї љаласаи њисоботии солонаи Раёсат баргузор ва наќшаи кории умумї барои соли 2018 тасдиќ гардид, ки аксарияти Шумо шоњиди он будед.

Дар чорабинињои мо иштирок кардани сафирон ва намояндагони корпусњои дипломатї ифодагари арзи эњтироми онњо нисбати фаъолияти пурсамари мост.

Ташаккур ба раисони љамъиятњо, масъулони намояндагињои Љамъияти дўстї дар вилоятњо ва роњбарони муассисањое, ки дар нињодашон љамъиятњои дўстии алоњида фаъолият мебаранд. Инчунин ташаккур ба сарварони обшинањои миллї, ки ваќти худро дареѓ надошта, якљоя бо мо кори дипломатияи мардумиро пеш мебаранд.

Соли гузашта бо сабабњои молиявї таљлили 60-солагии таъсис ёфтани Љамъияти дўстї дар назар буд, имсол насиб бошад дар наќшаи корї гирифта шудааст.

Дар давраи њисоботї Раёсати Љамъияти дўстї, намояндагињои он дар вилоятњо, љамъиятњои дўстии алоњида, марказњои фарњангии ташкилотњои аќаллиятњои миллї кори худро дар асоси наќшаи чорабинињо ба роњ монданд. Њисоботи худи Раёсати Љамъияти дўстї, намояндагињои он дар вилоятњо, раисони љамъиятњои алоњида шунида мешавад.

Дар охир ќайд намудан зарур аст, ки Раёсати Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, намояндагињо ва љамъиятњои алоњида њамаи чорабинињои асосии барои соли 2018 ба наќша гирифташударо иљро намуда, илова бар он чандин чорабиниву иќдоми назарраси пурракунандаи вазифањои оинномавии ташкилотро ба љо оварданд ва имрўз ин фаъолият аз љониби њозирон бањогузорї мешавад».

Сипас, муовини Раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарипова дар назди њозирон аз натиљаи фаъолияти яксолаи Раёсати ЉДРФТ дар соли 2018 гузориш дод.

Инчунин, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њабибулло Раљабов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Афѓонистон» Ќосимшо Искандаров, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» Мирзо Муллоањмадов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» Љўра Латипов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон» Мирзо Шукурзода оид ба фаъолияташон дар соли 2018 маълумот доданд.

Дар љаласа наќшаи кории ЉДРФТ барои соли 2019 муњокима гардида, бо назардошти пешнињодњо тасдиќ карда шуд.

Хулоса, Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї њамчун ташвиќкунандаи сиёсати хориљиву дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалї, дўстии халќњо ва равобити фарњангии байни онњо кори худро дар самти иљрои вазифањои оинномавї, пешрафти фаъолияти љамъиятњои дўстии дар доираи он амалкунанда, ќавитар гардонидани иртибот бо иттињодияњо ва марказњои миллию фарњангии аќаллиятњои миллї, густариши њамкорї бо сафоратњо, ташкилотњои байналмилалии муќими кишвар, шарикон, инчунин сафоратњои Тољикистон дар мамлакатњои дигар анљом медињад.

Маќсади асосии Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва дигар бахшњои дар вилоятњо ташкилёфта, тарѓиб ва ташвиќи дўстї, фарњанг, маданият ва расму оини миллии мардумони кишварњои хориљї дар Тољикистон ва аз кишвари мо дар хориљ мебошад.  Яке аз њадафњои асосии ташкилот фаъолият дар доираи арзишњои миллию фарњангї ва дипломатияи мардумї аст.

Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар њамкории зич бо маќомоти иљроияи њокимяти давлатии марказї ва мањалї, ташкилотњои љамъиятию сиёсї, муассисањои илмиву фарњангї, ки фаъолияташон ба рушди робитањои байналмилалї нигаронида шудааст, амал менамояд.                                    

   DSC 728912 декабри соли 2018 дар дафтари кории Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї (ЉДРФТ) Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Федеративии Германия дар Љумњурии Тољикистон Найтхарт Хёфер-Виссинг пазирифта шуд.

  Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев баъди хайрамаќдам, мењмонро бо таъриху таъиноти ташкилот ва вазифањои он шинос кард.

   Дар љараёни мулоќот масоили њамкории ду кишвар дар самтњои гуногун аз љумла, дар рушди муносибатњои фарњангї махсусан дар доираи фаъолияти  Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» мавриди баррасї ќарор дошт.

   Сайдулло Хайруллоев дар охири суњбат изњор намуд, ки ба таъриху фарњанги мардуми тољик таваљљуњ зоњир кардани пажуњишгарони олмонї шоистаи тањсин аст ва њамкорињои пурсамари илмию фарњангї, бешак, ба суди мардуми њар ду кишвар аст.   

   Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Федеративии Германия дар Љумњурии Тољикистон љаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг аз фаъолияти Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» самимона истиќбол намуда, онро омили асосї дар тањкими муносиботи Тољикистону Германия дар бахши илму омўзиш ва фарњанг маънидод карда ва омодагии Сафоратро дар масъалаи дастгирии иқдомњои Љамъияти мазкур баён дошт.

DSC 7300Сипас Сайдулло Хайруллоев риштаи суханро ба љонишини Раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарифова дод. Номбурда иттиллоъ дод, ки дар Тољикистон Германия ва олмонињоро хуб мешиносанд; аз таърихи ќадимтаринаш сар карда то давраи шукуфоии иќтисодиаш дар асри Х1Х ва то даврони муосираш огоњанд. Махсусан умумияти њиндуаврупої дар мавзўи забоншиносии таърихї, бархурдор будани интеллигенсияи тољик аз дастовардњои санъату маданияти олмон ва адабиёти он ин қаробатро тақвият мебахшад, таъкид кард ў.

 

Дар фарљом М. Шарипова дар бораи маљалли «Дўстї» нашрияи ЉДРФТ, наќши он сухан карда, шумораи охирини онро, ки бештар ба мавзўи дўстии Тољикистон ва Ўзбекистон бахшида шудааст, ба мењмон пешкаш кард. Барои љаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг, ки то омадан ба Тољикистон Сафири Германия дар Ўзбекистон буд, ин њадия љолиб буд. Баъди иттилоъдодан аз робитањои адабї, тарљумаи намунањо аз осори шоирони олмон ба тољики қироати порчаи манзум аз «Фауст»-и Гёте љаноби Сафирро хеле руњбаланд кард.

 

DSC 7325Раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия», мудири кафедраи забонњои германию романии ДДОТ ба номи Садриддин Айнї Сайфуллоев Хайрулло оиди фаъолияти ин анљуман, иртиботи он бо Љамъияти дўстии «Германия – Тољикистон»  (сарвараш Александр Њайзер), робитањо дар риштаи омўзишї, дар доирањои илмии ду кишвар; диди мубодилаи байни ДДОТ ба номи С. Айнї бо донишгоњњои Њалле Њумболти ва дигар муассисоти Германия, байни устодон, махсусан байни донишљўёни ду кишвар, ташрифи аспирантњои олмонї ба Тољикистон барои Сафир маълумоти матлуб буд.

    Х. Сайфуллоев оиди ташрифи паёпайи пажўњишгарони Германия (бо мусоидати ЉДРФТ) бањри тадќиќоти илмї ва навиштани рисолањои илмї, алалхусус дар мавзўъи этнология, низ маълумоти дақиқ дод.

 Баъдан Сафир ба саволњояш посухњо гирифт ва аз ташрифаш изњори ризоият кард.

 Роњбарияти ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба љаноби Найтхарт Хёфер-Виссинг китоби  мусаъвари «Пешвои миллат»-ро пешкаш кард.

 Мулоќот бањри тањкими дўстї ва ќавитар гардонидани муносиботи тарафайн иќдоми муфид буд. Оид ба ин вохўрї дар маљаллаи «Дўстї» маълумот дарљ хоњад гашт.

 

 

 

 

 

              

 

 

       

DSC 1Дар таърихи 7 декабри соли 2018 бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) якҷоя бо Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми VI-уми анҷуманҳои дўстӣ дар мавзўъи «15-сол дар хидмати дўстӣ ва пешбурди ѓояҳои дипломатияи мардумӣ» (бахшида ба 15-солагии таъсисёбии маҷаллаи «Дўстӣ»)  доир гардид.

Дар кори Форуми мазкур намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони Ҷамъиятҳои дўстии алоҳидаи назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, аҳли зиё, донишҷўёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе, хабанигорон ва дигарон иштирок доштанд.

Чорабиниро Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо ин рўйдоди муҳим самимона табрик намуд. Таъкид кард, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дўстӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, барои таҳкими дўстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамоянд.

DSC 2Сипас Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерйевич иброз дошт, ки баргузории Форуми мазкур ба ҳукми анана даромада, барои ҷомеаи имрўза махсусан муҳим арзёбӣ мешавад ва ба ҷавонон имкон медиҳад, аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Аз Раёсати ҶДРФТ сипосгузор буд, ки чунин чорабиниҳоро доир менамояд.

Баъдан, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ба фаъолияти ҶДРФТ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои қаробати қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди Ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад. Дар охири суханрониаш барои саҳми маҷаллаи «Дўстӣ» дар таҳкими дипломатияи мардумӣ доштан ва 12 сол сардабири маҷаллаи мазкур буданаш ба Шарипова Мушаррафа Ифтихорномаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

DSC 3Сипас, муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова оид ба таърихи таҳаввулот ва муҳтавои маҷаллаи «Дўстӣ» маърўза кард.

Баъдан, дар Форум мушовири Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сейтимов Нурлан Мусатаевич, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамедзода Гасан Дилсуз оѓлу, академик, узви вобастаи АИ ҶТ, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Манзура, роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминийи тоҷик «ТАЛКО» Сатторов Игор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Майрам Исоева, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба» Ҷўра Латипов, референти ҶДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, намояндаи Маркази миллӣ фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон Мирхайдарова Таскира, муовини раиси Кумитаи сулҳу ризоияти милии Тоҷикистон Ҳамидова Ҳафиза ва дигарон суханронӣ намуданд.    

DSC 4Дар Форуми мазкур бахшида ба 15-солагии таъсисёбии маҷаллаи «Дўстӣ» намояндагони мақомот, муассисот ва ташкилотҳои гуногун табрикоташонро пешкаш карданд. Аз ҷумла табрикоти раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед, факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав, директори Осорхонаи  таърихӣ – кишваршиносии вилотии «Авесто» Пиракова Г., Ректори Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷуразода, директорони Институти Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Зафар Розиқов ва Чень Хунбин,  сармуҳаррири рўзномаи «Согдийская правда» Исоқҷон Зокиров, директорони Институти  Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷия Ҷингфан ва Қосимов Фаррух, раиси Ҷамъияти дўстии «Кишварҳои Скандинавия – Тоҷикистон» Халил Абдулазиз (Шветсия), Рассоми халқии Тоҷикистон Раҳимҷон Ҳамдамов ба самъи ҳозирон расонида шуд. Аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» Оспанова Нарима шеъри навэъҷоди худро бахшида ба маҷаллаи “Дӯстӣ” қироат кард. Дигар иштирокдорон таассуроти худро аз маҷалла ва Форуми анҷуманҳои дўстӣ ибрози ақида намуданд.

DSC 5Дар анҷоми ҷаласаи Форуми VI-уми анҷуманҳои дўстӣ аз тарафи дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (яке аз ниҳодҳои анҷуманҳои алоҳида) барои иштирокчиён вобаста ба мавзўи дўстӣ, сулҳу ваҳдат барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш карда шуд. Дар охир хитойидухтари хурдакак Сумайя шеъри Фирдавсиро  бомаҳорат қироат кард ва боиси аҳсани ҳозирин гашт.

Форуми анҷуманҳои дўстӣ дар рўҳияи бародариву рафоқат ва ифтихормандӣ баргузор гардида, аз ватани сулҳпарвари Тоҷикистон - хонаи умеди халқу миллатҳои гуногун, намоишдиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Тоҷикистон дар масъалаи муносибати байни халқҳову давлатҳо зуҳур кард. 

DSC 467918 октябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки се рўз идома кард.

Зимни ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода изҳор дошт, ки имрўзҳо ҳар як халқу миллатро дар арсаи олам, пеш аз ҳама, бо китоб, таърих, фарҳанг ва адабиёташ мешиносанду эътироф мекунанд.

«Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумўи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд», - зикр намуд Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ.

DSC 4579Дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, намояндагони Россия, Ҳиндустон, Туркия, Франсия, ИМА, Афғонистон иштирок намуда, китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.

Дар доираи намоишгоҳ ба фурўш гузоштани маводи чопӣ дар мавзўъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намудҳои маҳсулоти полиграфӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, маҳфили шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, барномаи консертӣ, суҳбатҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар намоиш Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ иброз дошт, ки китоб дар ҳама давру замон сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳо будаву хоҳад монд.

Ҳадаф аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарѓибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омўзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.

DSC 4645Дар ҳамоиши фарҳангӣ муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова, кормандон Аъзам Мўсоев, Ибод Ғафуров, Мавлюда Шарипова, Файзулло Тиллоев, Аҳлиддин Исоев ва раисону фаъолони ҷамъиятҳои дўстии алоҳида иштирок доштанд.

  Дар Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» маҷаллаи «Дўстӣ», маҷмўаи шеърҳои намояндагони ақалиятҳои миллӣ «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», китобҳоии «Ҳафт суфраи Наврўз» суфраи аввал маҷмўаи ашъор ва тасвирҳо, «Сухане чанд, аз робитаҳои ду сарзамини тамаддунофар» (Бахшида ба бистсолагии робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой»), «Нахлистони тавҳид» (оид ба ашъори шоир ҷумъа Қувват), «Вахш эй сарчашмаи илҳоми ман» ва чанде аз асарҳои илмию бадеии фаъолони Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Эрон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Казоқистон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Кирғизистон», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба», Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Фаронса» ва дигарон ба намоиш гузошта шуданд.ДИПЛОМИ ВАЗОРАТИ ФАРХАНГИ ЧТ

Баъди Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» шумораҳои гуногуни маҷаллаи «Дўстӣ», маҷмўаи шеърҳои намояндагони аќалиятҳои миллӣ «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», китоби узви фаъоли ҷамъият, шоир Ҷумъа Кувват «Нахлистони тавҳид» ва китоби корманди Ҷамъияти мазкур Аъзам Мўсоев «Вахш эй сарчашмаи илҳоми ман» тақдим шуданд.

Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои иштироки фаъолона дар Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

dustiЗимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни мақомоти ду давлат 26 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва  робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. Барои шарҳи Ёддошти имзошуда хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО бо раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло ХАЙРУЛЛОЕВ суҳбат намуд.

 

АМИТ «Ховар»: Пас аз имзои Ёддошти тафоҳум корро аз чӣ оғоз карданӣ ҳастед?

Сайдулло Хайруллоев: Аввалан бояд иттилоъ диҳем, ки Ёддошти тафоҳум, яъне Меморандум дар бораи ҳамкории байни Кумитаи оид ба муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) ташаббуси ин ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар буда, баъди баррасиву мувофиқаи матни он аз ду ҷониб ва ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо ҳуҷҷат барои ба имзо расонидан омода гардид.

17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар он 26 санад ба имзо расид, ки дар қатори онҳо Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Кумитаи оид ба муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ буд.

Ин санади зиндагисози байни ду кишвари дӯст моро вазифадор кард, ки мақсадҳои дар он зикршударо дар муҳлати чаҳор сол амалӣ гардонем ва умед аст, ки он ҳатман тамдид мегардад.

Мо аз ин иқдоми неки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле мамнун буда, ба Кумитаи мазкур барои чунин итминон ба ташкилоти ҷамъиятии мо арзи сипос менамоем.

Аввалин иқдоми ҶДРФТ  дар иҷрои вазифаҳои ин санад – якҷоя бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ташкил кардани Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон (15–17  сентябри соли 2018) аст. Ҷамъияти дӯстӣ дар ин самт таҷриба дошта, солҳои пеш якҷоя бо сафоратҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Япония бо ҷалби доираи васеи тамошобинон рӯзҳои кинои ин давлатҳоро баргузор кардааст.

 

АМИТ «Ховар»: Барои густариши дӯстӣ ва робитаи фарҳангӣ истифодаи кадом зарфиятҳо ва самтҳои ҳамкориро муҳим мешуморед?

 

Сайдулло Хайруллоев: Тамоми самтҳои ҳамкорӣ, ки ба густариши дӯстӣ, ривоҷи дипломатияи мардумӣ ва робитаҳои фарҳангӣ алоқаманд аст, дар бандҳои ин Ёддошти тафоҳум сабт гардидаанд.

 

Тибқи ин ҳуҷҷат тарафҳо ҳамкориро дар соҳаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ, илмӣ ва иттилоотӣ тибқи қонунгузориҳои давлатҳои худ ва дар асоси баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва манфиати ҳамдигар ба роҳ мемонанд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараке, ки ба наздикшавии халқҳои ду мамлакат, мустаҳкамӣ ва рушди дипломатияи мардумӣ мусоидат менамоянд, асоси ин ҳамкорӣ хоҳад буд.

 

Инчунин табодули ахбори вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни густариши дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагии байнифарҳангии мардумони ду давлат ба роҳ монда шуда, ҷой додани маводи ҳамкории тарафайн дар маҷаллаи «Дӯстӣ»-нашрияи ҶДРФТ  амри зарурӣ хоҳад шуд.

 

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар Тоҷикистон  марказҳои фарҳангии ӯзбекзабонон фаъолият менамоянд. Аммо ҷамъияти алоҳида вуҷуд надорад. Оё ташкили Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» дар назар аст?

 

Сайдулло Хайруллоев: То ин дам дар ҷумҳурӣ робитаҳои фарҳангиро бо кишвари ҳамсоя қисман ва дар сатҳи худ марказҳои фарҳангии ӯзбекзабонони вилояти Суғд — «Маънавиёт» ва «Қадрият» анҷом медоданд, ки намояндагии ҶДРФТ дар вилояти Суғд бо онҳо иртиботи қавӣ ва ҳамкории босамар дорад.

 

Таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» нияти деринаи мо буда, ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум ҳарчи зудтар амалӣ гардидани ин иқдомро тақозо мекунад. 2 августи соли 2018, ҳангоми мулоқоти Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар идораи Ҷамъияти дӯстӣ дар ин мавзӯъ сухан рафт ва ин пешомади нек боиси хушнудии ҳарду ҷониб буд. Алҳол мо пайгири таъсис додани ҷамъияти зикршуда мебошем.

 

АМИТ «Ховар»: Дар оянда барои густариши робитаҳои дӯстонаю бародаронаи тоҷикону ӯзбекон иҷрои кадом корҳо дар назар аст?

 

Сайдулло Хайруллоев: Ояндаи ин ҳамкорӣ низ дар бандҳои алоҳидаи Ёддошти тафоҳум акс ёфтааст ва тарафҳо баҳри ҳамкории дӯстонаи доираҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла, иқтисодиёт, илм, маърифат, фарҳанг, экология, сайёҳӣ ва варзиш фаъолона мусоидат хоҳанд кард.

 

Тарафҳо инчунин барои барқарор кардани алоқаи байни ҷавонон ва арбобони фарҳангии ҳарду мамлакат бо роҳи табодули дуҷониба мақсадҳои дурнамои Ёддошти тафоҳумро амалӣ менамоянд.

 

2 DSC tj2 августи соли 2018 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич мулоќот анљом дод.

Дар ин мулоќот њамчунин, муовини Раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, раисони Љамъиятњоии дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њабибулло Раљабов, «Тољикистон – Куба» Љўра Латипов, «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» Тољиддин Мардонї, «Тољикистон – Ќирѓизистон» Мирзо Шукурзода ва котиби Раёсат Файзулло Тиллоев иштирок ва суханронї карданд.

Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев доир ба фаъолияти ташкилот маълумоти муфассал дод. Ў аз љумла ќайд намуд, ки Љамъияти дўстии мазкур соли 1958 таъсис ёфта, дар доираи санадњои меъёрии њуќуќї ва Оинномаи Љамъият њамчун тарѓибкунандаи сиёсати хориљию дохилии давлат дар масъалањои муносибати байналмилалї, дўстии халќњо ва равобити фарњангии байни онњо тадбирњои зиёдеро амалї мегардонд.

Доираи фаъолияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї сол то сол густариш меёбад. Агар соли 2002 дар таркиби Љамъият 13 љамъиятњои дўстї бо кишварњои хориљї созмон дода шуда бошад, њоло шумораи онњо ба 23 адад расидааст.

Љаноби Сафир иттилоъ ёфт, ки Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї бо ассотсиатсия ва марказњои фарњангии аќаллиятњои миллии муќими Тољикистон аз љумла, марказњои фарњангии ўзбекзабонони вилояти Суѓд, “Маънавиёт” ва “Ќадрият” иртиботи ќавї ва њамкорињои босамар дорад.

friendship.tj 2.08.2018Робитањои дўстї миёни тољикону ўзбекон таърихи ќадим, бою рангин дорад. Дар мулоќот М. Шарипова, Т. Мардонї, Љ. Латипов, Њ. Раљабов ва М. шукурзода бо овардани мисолњои љолиб ин иддаоро таќвият доданд, бо зикри байтњои Абдурањмонї Љомї ва Алишер Навої суњбатро рангин карданд.

Музокироти сатњи олии Тољикистону Ўзбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Љумњурии Ўзбекистон Шавќат Мирзиёев ба Љумњурии Тољикистон судманд дониста шуда, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ин музокироти дуљонибаро њамчун оѓози марњилаи нав дар муносибатњои ду кишвар арзёбї намуданд.

Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич зикр намуд, ки муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистон аз моњи октябри соли 1992 барќарор шуда бошад њам, иртиботи неку ќарини халќњои њарду давлат решањои ќавии таърихї, равобити неки хешутаборї, урфу одати муштарак доранд.

Дар марњилаи кунунї бо љањду иќдоми неки роњбарони њарду кишвари бо њам дўст шароит фароњам омадааст, ки њамкорињо дар тамоми самту соњањо густариш ёбанд.

Дар ин амали нек созмонњои љамъиятї низ метавонанд сањми арзанда дошта бошанд.

 

             Котиби Раёсати

Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии

 Тољикистон бо кишварњои хориљї                                       Файзулло Тиллоев