Баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

Баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва25-солагии таъсиси ИДМ дар шаҳри Норактаҳти шиори "Гуфтугӯи халқҳо – гуфтугӯи тамаддунҳо"

01Бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ), Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Кохи фарҳанги шаҳр чорабинии мутантан бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти шиори "Гуфтугӯи халқҳо – гуфтугӯи тамаддунҳо" баргузор гардид.

            02Дар ин чорабинӣ Сафирони Фавќулода ва Мухтори Федератсияи Россия Игорь Лякин–Фролов, Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббасалї Гасанов, Љумњурии Қазоқистон Нурлан Сейтимов, роњбари Намояндагии "Россотрудничество" дар Тољикистон Михаил Вождаев, ходимони илму фарҳанг, намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ва эҷодкорони русзабон, намояндагони ВАО иштирок доштанд.

 

 

03Мувофиќи наќшаи тартибдодаи Намояндагии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар вилояти Хатлон масъул Латофат Шарипова меҳмонон (зиёда аз 40 нафар) нахуст аз китобхонаи "Дӯстии халқҳо"- шаҳри Норак дидан карда, сипас дар Кохи фарҳанг бо намунаи осори рассомони вилояти Хатлон шинос шуданд.

 

 

04Сафирони номабаршуда, љонишини авали раиси шањри Норак Дилшод Асоев, љонишини раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарипова, сардабири рўзномаи «Адабиёт ва санъат» Мансур Сайфиддин ва дигар ширкаткунандагони ин чорабинӣзимни суханрониҳои худ баргузории ин чорабиниро барои тақвияти дӯстиву бародарӣ байни сокинони гуногунмиллати љумњурї густариши равобити фарҳангӣҶумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, дастгирии истеъдодҳои худрўй бо муаррифии онњо ба ањли љомеа, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар замири насли наврас ваҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.

 

 

06Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ – муаллифони маљмўаи ашъори «Единство многообразия: Шагнув из времени во времена», ки онро Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба табъ расонид ва рўнамоии онро чун асоси ин чорабинї пешнињод кард, аз намунаҳои эљоди худ барои ҳозирон шеърњоқироат карданд. Ин њамоиши фарҳангӣ барномаи консертӣ низ дошт ва бештари матни сурудҳо аз эҷодиёти иштирокчиёни маљмўа мунтахаб шуда њунармандони Ќасри фарњанг ва кўдакону мактабиёни шањри Норак низ ин маъракаро обод карда, ширкатгари чунин як маъракаи сиёсию фарњангии хотирмон шуданд.

            Пас аз хотимаи бахши фарҳангии чорабинии мазкур меҳмонон аз Нерӯгоҳи барқи обии Норак дидан карда, дар бораи таърихи сохтмони ин иншооти нодиру шањир иттилоъ пайдо карданд.

06