TODKS

TODKS

Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis, Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis.
Адрес сайта: http://www.smartaddons.com
10 Январь 2018

119 декабри соли 2017 бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъбасти соли ҷавонон дар Маркази илму фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе V-умин Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавононро доир карданд.
Дар кори Форуми мазкур намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстии алоҳидаи назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, аҳли зиё, донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе, хабанигорон ва дигарон иштирок доштанд.
Чорабинии мазкурро роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории Форум ва Фестивали мазкур ба ҷавонон имкон медиҳад, аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Аз Раёсати ҶДРФТ сипосгузор буд, ки чунин чорабиниҳоро доир менамояд. Ва ин чорабинӣ чун анъана бо як шукуҳу шаҳомати хоса доир мегардад.

22Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҳамагонро бо ин рӯйдодҳои муҳим самимона табрик намуд. Таъкид кард, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ ва Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, барои таҳкими дӯстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамояд.
Сипас, мушовири Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дергачев Валерий Владимирович суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои гирди ҳам ҷамъ шудани намояндагони қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад.
Инчунин дар ҷаласа Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сейтимов Нурлан Мусатаевич, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббасалӣ Каром оғли Гасанов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоисломов Шоқосим Исманович, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, академик, узви вобастаи АИ ҶТ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» Меҳринисо Нағзибекова, проректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров, устодони ДДОТ ба номи С. Айнӣ, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германи» Сайфулло Хайруллоев, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Франсия» Соқибой Султонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева ва дигарон дар бораи фаъолияти худ ва Форуми анҷуманҳои дӯстӣ маълумот доданд.

33Дар охири ҷаласаи панҷумин Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ба Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббасалӣ Каром оғли Гасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева, адиб ва олими тоҷик, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон» Мирзо Шукурзода, муаллимаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон бо кишварҳои БЕНИЛЮКС» Манзура Улчабоева, директори Театри давлатии драмавии руссии ба номи В. Маяковский Дадоева Мунира, доктори илмҳои математика Фризе Срумова, раиси Иттиҳоди тоторҳои Тоҷикистон «Умет» Хисамова Мусалифа, аъзои Фонди ҷамъиятии «Халлухиён» Раҳмоил Сафаров ва дигарон Ифтихорномаи Раёсати ҶДРФТ-ро бо китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.
Форуми анҷуманҳои дӯстӣ ва Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон дар рӯҳияи дӯстӣ ва рафоқат баргузор гардида, он барои таҳкими дӯстӣ ва муносиботи фарҳангии миёни ҷавонон, мардуми сарзамини Тоҷикистон мусоидат менамояд.
DSC 0928Ҳамон рӯз (19.12.2017 аз соати 13:00 то 15:00) консерти идона дар толори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Фестивали дӯстии донишҷӯён ва ҷавонон баргузор шуд.
Дар консерт намояндагони корпусҳои дипломатии шаҳри Душанбе, аъзои ҷамъиятҳои дӯстии дар назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, ақалиятҳои миллӣ, донишҷӯёни донишгову донишкадаҳои шаҳри Душанбе ва хабарнигорон иштирок намуданд.
Проректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров консерти идонаро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузории ин чорабинӣ барои таҳким ёфтани дӯстӣ миёни донишҷӯёни хориҷӣ, ошноии бештар пайдо кардан аз фарҳанг ва расму ойини якдигар мусоидат менамояд.DSC 0835
Баъдан, роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич зимни суханронии худ махсус қайд намуд, ки ҶДРФТ дар якҷоягӣ бо Намояндагии Россатрудничество дар ин самт корҳои хеле назаррасро тули панҷ сол анҷом медиҳанд. Ба ҷавонон муроҷиат карда гуфт, ки онҳо баҳри густариши равобитҳои фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ низ бояд мавқеи устувор дошта, ба он саъю кушиш намоянд.
Сипас аз тарафи дастаҳои ҳунармандони донишҷӯёни мактабҳои олӣ вобаста ба мавзӯи дӯстӣ, сулҳу ваҳдат барномаи ҷолибу рангоранги консертӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.

09 Январь 2018

ЉАМЪИЯТЊОИ ДЎСТИИ ДАР НАЗДИ РАЁСАТИ ЉАМЪИЯТИ ДЎСТЇ ВА РАВОБИТИ ФАРЊАНГИИ ТОЉИКИСТОН БО КИШВАРЊОИ ХОРИЉЇ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА

 

Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї њамчун ташвиќкунандаи сиёсати хориљиву дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалї, дўстии халќњо ва равобити фарњангии байни онњо кори худро дар самти иљрои вазифањои оинномавї, пешрафти фаъолияти љамъиятњои дўстии дар доираи он амалкунанда, ќавитар гардонидани иртибот бо иттињодияњо ва марказњои миллию фарњангии аќаллиятњои миллї, густариши њамкорї бо сафоратњо, ташкилотњои байналмилалии муќими кишвар, шарикон, инчунин сафоратњои Тољикистон дар мамлакатњои дигар анљом медињад.

Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар њамкории зич бо маќомоти иљроияи њокимяти давлатии марказї ва мањалї, ташкилотњои љамъиятию сиёсї, муассисањои илмиву фарњангї, ки фаъолияташон ба рушди робитањои байналмилалї нигаронида шудааст, амал менамояд.

Яке аз њадафњои асосии Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї сиёсати сулњљўёнаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва фаъолият дар доираи арзишњои миллию фарњангї ва дипломатияи мардумї мебошад.

Раёсати Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї якљоя бо намояндагии Љамъияти дӯстӣ дар вилоятњо ва 24 Љамъияти дўстии дар наздаш амалкунанда, дар пешбурди сиёсати дохиливу хориљии давлат дар сатњи дипломатияи мардумї бо зерсохторњову доираи васеи фаъолонаш сањми назаррас дорад.

          Маќсади асосии Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва дигар бахшњои дар вилоятњо ташкилёфта, тарѓиб ва тањкими дўстї, фарњанг, маданият ва расму оини миллатњои дигари маскуни Тољикистон ва тарѓиби таърихи фарњанги кишвари мо дар хориљ мебошад ва ин њам њадафњои асосии љамъият, фаъолияти он дар доираи арзишњои миллию фарњангї ва дипломатияи мардумї аст.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ХИТОЙ»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Халќии Хитой 4 январи соли соли 1992 барќарор шудаанд.

Сафорати Љумњурии Халќии Хитой дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоњ ёфта, фаъолият доранд

Шўъбаи тољикистонии Љамъияти дўстии Советї ва Хитой дар шањри Душанбе 30 октябри соли 1958 дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфтааст.

Раиси аввалинаш дотсенти кафедраи акушерии Институти тиббии Тољикистон М. Пўлодов буд.

Дар соли 1990 раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Мўсо Диноршоев буданд. Баъдан, раиси Љамъияти мазкур Носиров Юсуф Саидович, муовинони раис Соњибов Абдуназар, Мамадазимов Абдуѓанї, котибони масъул С. Ѓуломмуњиддинов, Майтдинова Гузел ва Лидия Кузнесов буданд. Дар солњои баъдин, собиќ ректорони Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи С. Улуѓзода – Носирљон Салимов, Хуршедљон Зиёев ва Идигул Тағо Қосимзода раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой»-ро ба ӯҳда доштанд.

Салимӣ Носир д.и.ф., профессор, академики АМИТ, аъзои комиссияи интихобот ва райпурсии ҶТ, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой»-ро ба ӯҳда доштанд.

Алҳол аз 21 январи соли 2024 ба ҳайси раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Қурбонзода Рухшона Қурбон – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДОТ ба номи С Айнӣ интихоб гашта фаъолият доранд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ГЕРМАНИЯ»

 

Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» бо ду Сафорат Љумњурии Федеративии Германия ва Љумњурии Австрия равобит дорад.

Муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Федеративии Германия моњи декабри соли 1992 барќарор шуданд.

Сафорати Германия яке аз аввалин намояндагии хориљї дар Љумњурии Тољикистон буда, фаъолияти худро дар Душанбе 10 июни соли 1993 оѓоз намудааст.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар шањри Бонни Љумњурии Германия 6 сентябри соли 1994 кушода шуда, соли 1999 ба шањри Берлин кучонида шуд.

Муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Австрия 25 марти соли 1992 барќарор гардидаанд. Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Вена моњи декабри соли 1997 кушода шудааст.

Моњи ноябри соли 1958 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфтааст.

Айни њол, Хайрулло Сайфуллоев – мудири кафедраи забонњои романиву германии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» мебошад.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТЇ ВА РОБИТАЊОИ ФАРЊАНГИИ «ТОЉИКИСТОН – АФЃОНИСТОН»

 

15 июли соли 1992 муносибатњои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Исломии Афѓонистон барќарор гардидаанд.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Афѓонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурўъ кард. Аввалин консулгарии Љумњурии Тољикистон дар шањри Толиќон, вилояти Тахори Љумњурии Исломии Афѓонистон соли 1996 ба фаъолият шурўъ намуда буд.

Ифтитоњи бинои нави Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Афѓонистон 25 октябри соли 2010 ба вуќўъ пайваст.

Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии «Тољикистон – Афѓонистон» 10 майи соли 1960 њамчун шўъбаи тољикистонии Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии Иттифоќи Шўравї бо кишварњои хориљї ташкил шуд. Тољикистон он замон дар байни 15 љумњурии иттифоќї ягона љумњурие буд, ки дорои чунин љамъият бо кишвари дигар буд.

Аввалин раиси Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии «Тољикистон – Афѓонистон» нависандаи маъруфи тољик Сотим Улуѓзода мебошад.

Баъдан, директори Институти забон ва адабиёти Академияи фанњои РСС Тољикистон Носирљон Маъсумї, Нур Табаров ва Савлатшо Мерганов раисии Љамъияти Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии «Тољикистон – Афѓонистон»-ро ба ўњда доштанд.

Айни њол, Ќосимшо Искандаров – саркотиби илмии Академияи миллии илмњои Тољикистон, сарвари Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии «Тољикистон – Афѓонистон» мазкур мебошад.

 

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЊИНДУСТОН»

 

Муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Њиндустон 28 августи соли 1992 барќарор гардид.

Соли 1994 Сафорати Љумњурии Њиндустон дар шањри Душанбе ифтитоњ ёфт.

Љумњурии Тољикистон Сафорати худро дар шањри Дењлї соли 2003 ифтитоњ намуд.

4 августи соли 1962 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон» бо номи Љамъияти дўстї ва алоќањои фарњангии Тољикистон бо Њиндўстон дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт. Академик Бањодур Искандаров раиси Љамъияти мазкур интихоб шуд.

Дар навбати худ, дар шањрњои калони Њиндустон (ба монанди шањрњои Дењлї, Ланкнав, Канпур ва ѓайра) Љамъиятњои дўстии Њиндустон бо Иттињоди Шўравї амал мекарданд.

Дар мустањкам намудани дўстии халќњои тољику њинд хидмати академик Бобољон Ѓафуров ва шоири маъруф Мирзо Турсунзода басе калон аст. Онњо дар он љо обрўи бузург соњиб ва сазовори љоизаи ба номи Љавоњирулло Нењру гашта буданд.

Баъдан, Ањрор Мухторов академик, мудири шуъбаи Иститути таърихи АИ ЉТ, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон»-ро идома дода, муовинони раис Њабибулло Раљабов, Карим Шоњин ва котибони масъул, Матлуба Тошева, Фариддун Облоќулов буданд.

Айни њол, Њабибулло Раљабов – доктори илмњои филология, профессор, мудири шўъбаи њинду покистони Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи А. Рўдакї, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ПОКИСТОН»

6 июни соли 1992 байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Исломии Покистон муносибатњои дипломатї барќарор шуданд.

Соли 1993 Љумњурии Исломии Покистон дар Љумњурии Тољикистон Сафорати худро боз намуд ва фаъолияти он аз ибтидои соли 1994 шурўъ гардид. 23 феврали соли 2005 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Исломии Покистон ба фаъолият шурўъ намуд.

24 ноябри соли 1966 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї ташкил ёфтааст.

Дар соли 1989 раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» Вазири маданияти РСС Тољикистон Мењрубон Назаров, урдушинос Шарафнисо Пулодова муовини раис интихоб шуда буданд.

Баъдан, Шарафнисо Пулодова, Кароматулло Олимов раиси Љамъияти мазкурро ба ӯҳда доштанд.

Аз10 апрели соли 2023 то 17 майи соли 2024 Сӯфизода Шодимуҳаммад д.и.ф. профессор, директори китобхонаи ба номи Индира Ганди АМИТ, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон»-ро ба ӯҳда доштанд.

Аз 17 майи соли 2024 Қурбонов Ҳайдар мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси раиси Ҷамъияти мазкур интихоб гашта фаъолият доранд.

 

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ТУРКИЯ»

 

29 январи соли 1992 Љумњурии Туркия истиќлолияти Ҷумҳурии Тољикистонро ба расмият шинохт. 22 марти соли 1992 Сафорати Љумњурии Туркия дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурўъ намуд.

Моњи декабри соли 1995 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Анкара ифтитоњ гардид. Инчунин, соли 2011 Консулгарии генералии Љумњурии Тољикистон дар шањри Истамбул ба кор шурўъ намуд.

6 октябри соли 1993 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» дар конференсияи муассисон дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт.

Муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї, Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Сафорати Љумњурии Туркия дар Љумњурии Тољикистон, Вазорати робитаи иќтисодии берунаи Љумњурии Тољикистон, Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, Вазорати сохтумон, Иттифоќи нависандагон, Иттифоќи љавонон, якчанд корхонањои шањри Душанбе буданд.

Дар конференсияи муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Туркия дар Љумњурии Тољикистон Г. Эрдиванли, намояндагон аз вазорату идорањои дар боло зикр шуда иштирок доштанд.

Изатулло Њаёев раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия», Ќурбон Сатторов муовини раис, Моњима Шарипова котиби масъул интихоб шуданд.

Баъдан, раиси Љамъияти мазкур Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Раљабмад Амиров интихоб гардид. Пас аз Р. Амиров, Муњиба Ёќубова, Ислом Содиќов, Абдувоњид Шамолов, Муҳиба Маҳмадҷонова раиси Ҷамъияти мазкурро ба ӯҳда доштанд.

Айни њол, аз моҳи июни соли 2023 Муҳамадҷонзода Олимҷон Обидҷон раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – РОССИЯ»

 

Љумњурии Тољикистон бо Федератсияи Россияро таърихан муносибатњои чандинасраи дўстона бо њам мепайвандад.

Федератсияи Россия яке аз аввалин давлатњоест, ки истиќлолият ва соњибихтиёрии Љумњурии Тољикистонро ба расмият шинохтааст. Заминаи шаклњои нави њамкориро дар шароити рушди мустаќилона Протокол дар бораи муќаррар намудани муносибатњои дипломатї миёни ду кишвар асос гузошт, ки 8 апрели соли 1992 дар шањри Душанбе ба имзо расид.

4 майи соли 1992 дар шањри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия фаъолияти худро оѓоз кард.

Дар таърихи 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Љумњурии Тољикистон дар шањри Москва ба Намояндагии Љумњурии Тољикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, 18 декабри њамон сол дар заминаи он Сафорат таъсис дода шуд. Алњол, дар шањрњои Екатеринбург ва Уфа консулгарињои генералии Љумњурии Тољикистон фаъолият мекунанд, ки љињати њифзи њуќуќу манфиатњои шањрвандони Тољикистон дар минтаќањои Россия ва густариш бахшидан ба њамкорињо наќши муњим дорад.

25 октябри соли 1994 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия» дар конференсияи муассисон дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфтааст.

Дар конференсия масъалањои таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия», интихоби раис ва Раёсати љамъият, Оинномаи љамъияти мазкур ва ѓайра баррасї шуданд.

Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї Майсара Калонова дар конференсия раисї кард. 32 нафар дар конференсия иштирок доштанд.

Неъматуллоев Собит Њабибуллоевич – Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия», муовинони раис С.Н. Махсумов, Юшин Валерий ва котибони масъул Э. Разоќова, Лидия Кузнесов интихоб шуданд.

Баъдан, муовинони раис Бадалов Ањмад, Тамара Абдушукурова, Валерия Юший Иванович ва котиби масъул Лола Ќурбонова буданд.

Сипас, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия»-ро Нуриддин Саид ба ӯҳда доштанд.

Айни њол, Нағзибекова Меҳринисо д.и.ф., профессор, проректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ТУРКМАНИСТОН»

 

Муносибатњои дипломатии байни Љумњурии Тољикистон ва Туркманистон, њамчун ду кишвари соњибистиќлол 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барќарор намудани муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст.

Моњи феврали соли 1995 дар Ашхобод Сафорати Љумњурии Тољикистон ба кор шурўъ кард. Дар Душанбе низ Сафорати Туркманистон фаъолият мекунад.

Соли 1994 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт, ваъле бо сабабњои номаълум фаъолият накардааст.

Баъдан, 4 сентябри соли 2002 Љамъияти мазкур аз нав фаъолият кард. Раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон»-ро Одинаев Саидмуҳаммад доктори илмҳои физикаву математика, профессор, ноиби президенти АМИТ ба ӯҳда доштанд.

То моҳи июни соли 2023 Илњомљон Оймуњаммадзода – директори Институти геология, сохтмони ба заминљунбї тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмњои Љумњурии Тољикистон, баъдан сардори Геологияи тоҷик, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон»-ро ба ӯҳда доштанд.

Айни ҳол, аз 8 июни соли 2023 Мирзошохрух Асрорӣ н.и.ф., сарходими илмии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – КОРЕЯ»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Корея 27 апрели соли 1992 барќарор карда шудаанд.

Љумњурии Корея намояндагии дипломатии худро бо роњбарии Кордор дар пойтахти Тољикистон шањри Душанбе соли 2008 ифтитоњ намуд.

Моњи октябри соли 1997 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфта, Сайфулло Сафаров – љонишини директори Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» интихоб шуд.

Баъдан, Раљабмад Амиров – собиќ ректори Консерваторияи миллии Тољикистон ба номи Т. Сатторов, Салимӣ Носир – р ектори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ раиси Ҷамъияти мазкур буданд.

Айни њол, аз 13 марти соли 2023 Гулназарзода Жило д.и.ф., профессор, ректори Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷӣ ба номи С. Улуғзода, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Корея» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЉУМЊУРИИ ХАЛЌЇ–ДЕМОКРАТИИ КОРЕЯ»

 

     26 октябри соли 1998 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Љумњурии Халќї–Демократии Корея» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї ташкил шуд.

Раиси Љамъияти мазкурро Х. Абдуллоев директори заводи «Тољиктекстилмаш» ба уњда дошт.

Баъдан, Холмурод Шарифов, Абдуѓанї Мамадазимов – роњбари Фонди миллии «Шоњроњи абрешим – шоњроњи бањамої», Юсуфљон Воњидов – сардори раёсати кадрњо ва корњои махсуси Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, раисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Љумњурии Халќї–Демократии Корея» буданд.

Айни ҳол, Насимов Азимқул – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тољикистон – Љумњурии Халќї–Демократии Корея» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЌИРЃИЗИСТОН»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ќирѓизистон 14 январи соли 1993 барќарор гаштаанд. Аз моњи марти соли 1997 дар шањри Душанбе Сафорати Љумњурии Ќирѓизистон фаъолият мекунад. Дар шањри Бишкек низ Сафорати Љумњурии Тољикистон амал мекунад.

Соли 1998 бо ташаббуси Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї гурўње ба Љумњурии Ќирѓизистон сафар намуд ва њамон сол Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон» бо сарварии Д.Р. Давлатов – муовини раиси Њизби халќии демократии Тољикистон ташкил карда шуд.

Баъдан, Миралї Достиев – собиќ муовини аввали Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон, раиси Ҷамъияти мазкур буданд.

Сипас, Мирзо Шукурзода – мудири шўъбаи насри Иттифоќи нависандагони Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон»-ро то марти соли 2024 ба ӯҳда доштанд

Аз 4 марти соли 2024 ба ҳайси раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирѓизистон» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Музаффарҷон Ҷосуп интиҳоб гашта аст.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЌАЗОЌИСТОН»

 

Љумњурии Тољикистон муносибатњои дипломатиро бо Љумњурии Ќазоќистон 7 январи соли 1993 барќарор намуда, моњи июни њамон сол намояндагии дипломатии Тољикистон дар ин кишвар ба фаъолият шурўъ кард.

Намояндагии дипломатии Љумњурии Ќазоќистон дар шањри Душанба аз соли 1998 фаъолият дорад.

     23 октябри соли 2001 маљлиси муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» доир гашт. Дар маљлис Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї Майсара Калонова, намояндаи Сафорати Љумњурии Ќазоќистон дар Љумњурии Тољикистон К.И. Кобландин, ректори Донишгоњи аграрии Тољкистон Љ. Таѓоев, доктори илми санъатшиносї Лариса Додхудоева, профессор А. Нуралиев, З. Мадаминљонова, М. Тоштемиров, Р. Ќосимова, С. Гулов ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд. Дар рўзномаи маљлис масъалањои зерин муњокима шуданд:

1.Дар бораи равобити фарњангии Тољикистону Ќазоќистон

2.Тасдиќи шинномаи Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон»

3.Интихоби Раёсати Љамъияти мазкур

4.Интихоби раис, муовини раис ва котиби масъули Љамъияти мазкур

Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї Майсара Калонова дар баромадаш зикр кард, ки факултетњои иќтисодї, агробизнеси Донигоњи аграрии Тољикистон шўъбаи энтнографии институти таърих ва этнографияи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, корхонаи Ремстройдормаш ва шахсони алоњида оид ба таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» ба мо мурољиат намуданд.

Дар маљлис Оинномаи Љамъияти мазкур ба муњокима гузошта шуда, он ќабул гардид. Њайати Раёсати љамъият иборат аз 25 нафар пешнињод ва тасдиќ гардид.

Ректори Донишгоњи аграрии Тољкистон (њозира Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Ш. Шотемур) Таѓоев Љамолиддин Саидовичраиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон», муовинони раис Лариса Додхудоева – доктори илми санъатшиносї, Абдусаттор Нуралиев – профессори факултети журналисти Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон, котиби масъул Карижан Курбонова пешбарї шуданд. Номзадии онњо дар љаласа якдилона љонибдорї ёфтанд.

Баъдан, Абдусаттор Нуралиев – профессори факултети журналисти Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон»-ро ба ӯҳда доштанд.

Айни ҳол, Абдуҷабборов Абдуғафор Содиқович, нависанда, тарҷумон, академики Академияи рассоми ҶТ, сардори шӯъбаи нашрияи «Адиб», Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЭРОН»

 

Љумњурии Исломии Эрон истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро соли 1991 ба расмият шинохт ва моњи январи соли 1992 аввалин шуда Сафорати худро дар Душанбе кушод.

Моњи июли соли 1995 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Тењрон ифтитоњ гардид.

 

Моњи марти соли 2002 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» дар назди Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї таъсис ёфт.

Муњаммадљон Шакурї раиси ифтихории Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» буданд, баъдан то соли 2023 Мирзо Муллоаҳмадов д.и.ф., профессор, узви вобастаи АИҶТ раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон»-ро ба ӯҳда доштанд.

Айни њол, аз 15 уми марти соли 2023 д и ф профессор академики АМИТ сарходими илмии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Кароматулло Олимов раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – БЕЛАРУС»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Беларус 5 сентябри соли 1996 тавассути мубодилаи ёддоштњо оѓоз гардид.

Аз соли 1997 дар шањри Минск Сафорати Љумњурии Тољикистон амал менамояд. Њамчунин, дар шањри Душанбе аз соли 2011 Сафорати Љумњурии Беларус фаъолият дорад.

 

31 январи соли 2003 дар толори маљлисгоњи Донишгоњи давлатии техникии Тољикистон ба номи М. Осимї маљлиси муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» доир гашт.

Дар он муовини Вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон А. Саторзода, сармутахассиси шўъбаи робитањои хориљии Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон Ф. Ќосимова, Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї М. Калонова, муовини Фонди њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон А. Валиев, ректори Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон Х. Суфиев ва дигарон иштирок карданд.

Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї, Донишгоњи давлатии техникии Тољикистон ба номи М. Осимї ва чанде аз кафедрањои он, Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, Фонди тољикистонии њифзи иљтимоии ањолї, Институти илмї-тадќиќотии физикаи АИ ЉТ, мактаби миёнаи № 21 шањри Душанбе ва ѓайра дар бораи таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус»-ро љонибдорї намуданд. Саидмуњаммад Одинаевро раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» интихоб карданд.

Баъдан то охири соли 2021Анвар Абдурасулов – мушовири ректори Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М. Осимї, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус»-ро ба ӯҳда доштанд.

Аз соли 2022 роҳбарии Ҷамъияти дӯсти Тоҷикистон – Белорус ба зиммаи проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М Осимӣ Саъдуллозода Шаҳриёр вогузор карда шудааст.

Аз 10 январи соли 2024 раиси Ҷамъияти дӯстӣ Тоҷикистон –Белорус,ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи С Осимӣ Доктори илмҳои техники,профессор Давлатзода Қудрат Қамбар интихоб гаштааст.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – УКРАИНА»

 

Муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон бо Украина 24 апрели 1992 барќарор гардиданд.

Санади муњиме, ки муносибатњои дуљониба бар он асос ёфтаанд, Ањднома дар бораи дўстї ва њамкорї байни Љумњурии Тољикистон ва Украина 6 июли соли 2001 мебошад.

 

3 апрели соли 2003 маљлиси муассисони Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» дар толори Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон баргузор шуд. Дар маљлис муовини Вазири корњои хориљии Љумњурии Тољикистон Абдунабї Саторзода, мушовири калони Президенти Љумњурии Тољикистон Ќурбон Восиев, Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї Майсара Калонова ва дигарон иштирок ва суханронї намуданд.

Барои таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» намояндагони Раёсати Љамъияти дўстї ва алоќаи мадании Тољикистон бо мамлакатњои хориљї, Донишгоњи давлатии миллии Тољикистон, факултањои њуќуќшиносї ва иќтисодии донишгоњи мазкур, Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи М. Осимї, Донишгоњи технологии Тољикистон, мактабњои тањсилоти умумии № 9, 53, шахсони алоњида иштирок ва сањм гузоштанд.

Раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» В.С. Зайченко интихоб шуд ў соли 2007 вафот кард.

Баъдан, Нуралї Шоев ректори Донишгоњи технологии Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» интихоб шуд.

Аз сабабе, ки Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» фаъолияти худро дар нињоди Донишгоњи технологии Тољикистон ба роњ мемонд, ректори донишгоњи мазкур, Нуралї Шоњиён ректори Донишгоњи давлатии Данѓара таъин шуд. Аз ин рў Н. Шоњиён дар ин донишгоњ низ фаъолияти Љамъияти мазкурро идома дода истодааст.

Айни њол, Шоҳиён Нуралӣ Набот сардори Шуъбаи рушди неруи инсонии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ фаъолият намуда дар як вақт роҳбарии Ҷамъияти дӯстӣ Тоҷикистон – Украина-ро низ ба ӯҳда дорад.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – КУБА»

 

17 марти соли 2006 вохўрии Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Майсара Калонова бо љонишини Вазири корњои хориљии Љумњурии Куба Элимо Кабалеро ва Сафири Љумњурии Куба дар Љумњурињои Осиёи Миёна Капота Камачо баргузор гардид.

Бошишгохи Сафорати Љумњурии Куба дар Љумњурии Тољикистон дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон љойгир аст.

Дар мулоќот оид ба таъсиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» ба миён омад. Љўра Латифов – профессор, устоди Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» интихоб шуд, ки то имрўз фаъолият мекунанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – МАМЛАКАТЊОИ АРАБ»

 

10 июли соли 2012 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» дар назди Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї таъсис ёфт.

Дар натиљаи овоздињї доктори илмњои филологї, профессор, сарходими шўъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдакї Тољиддин Нуриддин Мардонї раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» интихоб гардид.

Эмомов Асрориддин – досент, мудири кафедраи забон ва адабиёти араби Донишкадаи исломии Тољикистон љонишини раис ва Мардонов Акмал – корманди илмии шўъбаи арабшиносии Институти забон, адабиёт, шарќшиносї ва мероси хаттии ба номи Рўдакї, котиби масъули Љамъияти мазкур интихоб гардиданд.

Айни ҳол, аз 12 декабри соли 2023 раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» Зиёев Субҳиддин Насриевич номзади илми филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Осиё ва Аврупои АМИТ интихоб гаштааст.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ОЗАРБОЙЉОН»

 

Њамкорињои дуљонибаи Тољикистону Озарбойљон бо барќарор намудани муносибатњои дипломатї аз 29 майи соли 1992 оѓоз гардид.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Озарбойљон аз 23 марти соли 2008 фаъолияти худро оѓоз кард.

Сафорати Љумњурии Озарбойљон дар Љумњурии Тољикистон аз 22 сентябри соли 2007 фаъолият мекунад.

Љамъияти дўстии «Тољикистон – Озарбойљон» дар охири соли 2013 бо ташаббуси Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев таъсис ёфт.

Раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Озарбойљон», сармуњаррири рўзномаи «Народная газета» Сирољиддин Изатуллоев ва љонишини ў рўзноманигори Салимахон Вањњобзода интихоб шуданд.

Айни ҳол, аз 2 майи соли 2023 Маҳмадиёрзода Усмон Маъмур – д.и.к., профессор, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Озарбойљон» интихоб гашта фаъолият доранд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ЯПОНИЯ»

 

28 декабри соли 1991 Япония истиќлолияти Љумњурии Тољикистонро эътироф намуд. Муносибатњои дипломатї миёни ду кишвар 2 феврали соли 1992 барќарор гардиданд. Сафорати Япония дар Тољикистон ифтитоњ гардид.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Япония дар соли 2007 ифтитоњ ёфтааст.

3 апрели соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» бо ташаббуси Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев ва ректори Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон Нуралї Салихов дар нињоди Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон таъсис ёфтааст.

Айни ҳол, аз 11 апрели соли 2023 Файзулло Машраб Қурбоналӣ д.и.ф., профессор, ректори Донишгоњи славянии Россия ва Тољикистон раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония интихоб гашта фаъолият доранд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ФАРОНСА»

 

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Фаронса 3 марти соли 1992 барќарор шудаанд.

3 ноябри соли 2001 дар шањри Душанбе сафорати Љумњурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Љумњурии Тољикистон дар шањри Париж соли 2013 ифтитоњ ёфт.

Моњи майи соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» бо ташаббуси Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев ва ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї Абдуљаббор Рањмон дар нињоди Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї таъсис ёфтааст.

Ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї Абдуљаббор Рањмон, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» ва мудири кафедраи забони фаронсавии ин донишгоњ Султонзода Соќї, љонишини раис интихоб шуданд.

Аз охири соли 2014 то имрўз раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» мудири кафедраи забони франсавии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї Султонзода Соќї мебошад.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН – ВЕТНАМ»

 

Муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Сотсиалистии Ветнам моњи июли соли 1992 барќарор гардиданд.

Ќароргоњи Сафорати Љумњурии Сотсиалистии Вьетнам дар Љумњурии Тољикистон дар шањри Тошкент мебошад.

Дар охири соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ветнам» бо ташаббус ва дастгирии Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев таъсис ёфт.

Директори намояндагии «М&М»-и («МэндМ»-и) Швейтсария дар Тољикистон Азиз Шарипов раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Вьетнам», Хоанг Ван Хиеп љонишини раис интихоб шуданд.

Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ветнам» дар нињоди Корпоратсияи «Azia silk»-и дар Тољикистон буда, роњбараш Хоанг Ван Хиеп, љонишини раиси Љамъият барпо шудааст.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН БО КИШВАРЊОИ БЕНИЛЮКС»

 

БЕНИЛЮКС – шакли кутоњшудаи кишварњои Белгия, Нидерланд ва Люксембург аст.

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Белгия 29 апрели 1992 барќарор шудаанд.

Соли 2001 Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Брюссел ифтитоњ гардид, ки он њамзамон њамчун Намояндагии Љумњурии Тољикистон дар Иттињоди Аврупо фаъолият мекунад. Сафорати Шоњигарии Белгия дар Тољикистон дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон ќарор дорад.

Байни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Нидерланд 27 июли соли 1992 барќарор шудаанд.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Белгия њамзамон Сафорати ѓайримуќими кишвар дар Шоњигарии Нидерланд мањсуб мешавад.

Ќароргоњи Сафорати Шоњигарии Нидерланд дар Тољикистон дар шањри Остонаи Љумњурии Ќазоќистон мебошад.

Робитањои дипломатї миёни Љумњурии Тољикистон ва Гертсоггарии Бузурги Люксембург 22 майи соли 1992 барќарор шудаанд.

Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Белгия њамзамон сафорати ѓайримуќими кишвар дар Люксембург мањсуб мешавад. Ќароргоњи Сафорати Люксембург дар Тољикистон дар шањри Москва мебошад.

Дар охири моҳи ноябри соли 2014 Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои БЕНИЛЮКС» бо ташаббуси роњбарияти Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва рохбарияти Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино таъсис ёфтааст.

Раиси Љамъияти мазкур Убайдулло Ќурбонов – ректори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино интихоб шуд.

Баъдан, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои БЕНИЛЮКС» Гулзода Мањмадшоњ – ректори Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуали ибни Сино буданд.

Айнӣ ҳол, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои БЕНИЛЮКС» Шарипова Мушаррафа – намояндаи Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия (РАМС) дар Тоҷикистон мебошанд.

 

ЉАМЪИЯТИ ДЎСТИИ «ТОЉИКИСТОН БО КИШВАРЊОИ СКАНДИНАВИЯ»

 

Дар нимљазираи Скандинавия чор давлат Шветсия, Норвегия, Дания ва Финландия воќеъ буда, муносибати байни ин давлатњо ба усули вањдати минтаќавї асос ёфта, таърих ва анъанаи тулонї доранд.

Давлатњои минтаќа аз љињати сохтори сиёсї монархияи конститутсионї (Дания, Шветсия, Норвегия) ва љумњурии президентї (Финландия) мебошанд.

Муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Шветсия 9 декабри соли 1992 барќарор шудаанд.

Миёни Љумњурии Тољикистон ва Шоњигарии Норвегия соли 1992 муносибатњои дипломатї барќарор гардидаанд.

Робитањои дипломатии Љумњурии Тољикистон ва Финляндия 22 феврали соли 1992 барќарор шудаанд.

Моњи марти соли 2015 Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» (марказаш Стокњолм) таъсис ёфт.

Маќсад аз таъсиси ин љамъият муттањид намудани тољикони кишварњои собиќ Иттињоди Шўравї, шањрвандони форсизабони мурими Шветсия, Норвегия, Дания ва ѓайри Финландия, тарѓиби анъана, фарњанги забони тољикї мебошад.

Вохўрї ва суњбатњои муовини Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї М. Шарипова бо дўстону њамватанони тољик дар Шветсия сабаби таъсис додани Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» гардид.

Ин хабар бохушнудї пазируфта шуд. Шањрванди Шветсия собиќ корманди Созмони Амният ва Њамкории Аврупо дар Тољикистон Фронс Ваннберг, собиќ корманди рўзномаи «Комунисти Тољикистон» Тамара Хетагурова, меъмор, хатмкардаи Донишгоњи техникии Тољикистон Ману Улесон (Манучењр Умаров), хатмкардаи Университети давлатии Москва, журналист, корманди солњои 70-ум дар Институти шарќшиносии Академияи илмњои СССР тањти роњбарии академик Бобољон Ѓафуров Халил Абдулазиз, зодаи Шветсия Василики Василиус, чечен Виктория Нургушева, швед Анна Катса Содерберг, хатмкардаи Университети Шоњигарии Шветсия тољик Рустам Набиев ва модараш Мавлуда Набиева изњор доштанд, ки ба хотири тањкими дўстии байни халќњо омодаанд сањми худро гузоранд. Чанде дигарон низ узви фаъоли ин љамъият буданро хоњиш карданд.

Раиси Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» зодаи давлати Ироќ, собиќ дипломат, ходими љамъиятї, журналисти байналмилалї, шогирд ва дўсти Бобољон Ѓафуров – Халил Абдулазиз мебошад.

Љамъияти дўстии «Кишварњои Скандинавия – Тољикистон» бо дарназардошти густариши равобити њамкории судманд бо Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї тасмим гирифтанд, ки Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои Скандинавия»-ро таъсис дињанд.

15 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї љаласаи таъсис додани Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои Скандинавия» баргузор шуд.

Дар љаласа Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев, муовини раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, сармуњаррири маљаллаи «Дўстї» Мавлюда Шарипова, намояндаи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, муовини раиси Иттифоќи рассомони Тољикистон Манзура Улљабоева, муовини директори Театри љумњуриявии «Лухтак» Наргис Розиќова, сармуњаррири рўзномаи «Адабиёт ва санъат» Мансури Суруш, масъули бахши фарњангии Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино Эмомалї Файзов, фарњангшинос Дзарасти-Каноат Азза ва дигарон иштирок доштанд.

Дар љаласаи муассисон М. Шарипова – раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон бо кишварњои Скандинавия», Мансури Суруш – муовини раис, Манзура Улљабоева, Наргис Розиќова, Эмомалї Файзов, Дзарасти-Каноат Азза ба њайати Раёсати Љамъияти мазкуринтихоб шуданд.

 

ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ «ТОҶИКИСТОН – ӮЗБЕКИСТОН»

 

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ, инчунин пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, ба тавсеа ва таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд мунтазам сурат мегиранд. Президентҳои ду кишвар борҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд. Қобил ба зикр аст, ки тамосҳои мунтазам дар сатҳи роҳбарони ду давлат ва ҳамкориҳои фаъоли сиёсӣ ба таъмиқи равобит байни ду кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

2 августи соли 2018 Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ӯзбекистон» бо ташаббуси Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев зимни мулоқот бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич таъсис дода шуд.

Дар ин мулоќот њамчунин, муовини раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, раисони Љамъиятњоии дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њабибулло Раљабов, «Тољикистон – Куба» Љўра Латипов, «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» Тољиддин Мардонї, «Тољикистон – Ќирѓизистон» Мирзо Шукурзода ва котиби Раёсат Файзулло Тиллоев иштирок ва суханронї карданд.

Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич зикр намуд, ки муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистон аз моњи октябри соли 1992 барќарор шуда бошад њам, иртиботи неку ќарини халќњои њарду давлат решањои ќавии таърихї, равобити неки хешутаборї, урфу одати муштарак доранд.

Моҳи сентябри соли 2018 Ёддошти тафоњум доир ба њамкорї миёни Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва Кумитаи оид ба муносибатњои байни миллатњо ва робитањои дўстона бо кишварњои хориљии назди Девони Вазирони Љумњурии Ўзбекистон ба имзо расид.

Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ўзбекистон» давоми соли 2018 бо ташаббуси Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев дар нињоди Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи Абуалї ибни Сино таъсис ёфт. Раиси Ҷамъияти мазкур сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДТТ ба номи Абўалї ибни Сино Додхоев Љамшед Саидбобоевич интихоб шуданд.

Айни ҳол, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ўзбекистон» собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмов Мубинҷон мебошад.

 

 

05 Январь 2018

DSC 7142

14 июни соли 2017 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо профессор Расули Раҳин мулокот кард.

05 Январь 2018

DSC 4619

Общества дружбы «Таджикистан – Германия» - ТОДКС, (возглавляемого заведующим кафедрой романо-германских языков Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни Хайрулло Сайфуллоевым).  В течение почти трёх десятков лет проводит большую работу на поприще укрепления дружественных отношений народами  Таджикистана Германии и Австрии, расширения  образовательных, научных и культурных связей.

05 Январь 2018

DSC 7915

В следующем, 2018 году Центру Конфуция, организованному при ТНУ исполнится 10 лет. Го Вейдун прибыл оценить работу Центра, определить его роль в жизни таджикских студентов, выявить недостатки, если они имеют место.

05 Январь 2018

Баргузории чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва25-солагии таъсиси ИДМ дар шаҳри Норактаҳти шиори "Гуфтугӯи халқҳо – гуфтугӯи тамаддунҳо"

01Бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ), Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар Кохи фарҳанги шаҳр чорабинии мутантан бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти шиори "Гуфтугӯи халқҳо – гуфтугӯи тамаддунҳо" баргузор гардид.

05 Январь 2018

Мањфили рўнамоии шумораи навбатии Маљаллаи «Дўстї»

01Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ,Намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣдар вилояти Суғд Нодирљон Солиҷонов ва Латиф Султонов рўнамоии маҷмӯаи аќалиятњои миллї бо номи «Единство многообразия:Шагнув из времени во времена» ва маҷаллаи «Дўстї» шумораи дуюми соли 2016-ро муаррифи карданд.

05 Январь 2018

Конференсияи байналмилалии илмии "Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказї: дирўз ва имрўз" 1Конференсияи байналмилалии илмии "Раќс њамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказї: дирўз ва имрўз" ба ифтихори 100-солагии Артисти халќии СССР, барандаи љоизаи давлатии Иттињоди Шўравї, Љумњури Шўравии Тољикистон ва асосгузори хореографияи муосири тољик Ѓаффор Валаматзода, ки дар маљлисгоњи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Вазорати фарњанги ЉТ, Вазорати маориф ва илми ЉТ, Сафири Љумњурии Озарбољон дар Тољикистон, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аспирантон ва магистрони Академияи илмњо иштирок ва суханронї намуданд.

05 Январь 2018

Сайдулло Хайруллоев – Раиси Раёсати Љамъияти дўстї

ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї

301120161Дар зарфи 25-соли истиќлолият бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, бо вуљуди ба сар бурдани љанги шањрвандї, дучор омадан ба мушкилоту монеањо тањкурсии давлати соњибихтиёри худро гузоштем, бо љомеаи љањонї пайвастем ва рў ба рушд ќарор дорем. Имрўзњо дар њама љо ва дар њар маврид оиди афзалияту бартарият, файзу баракати истиќлолият сухан меравад. Воќеан, барои њар миллат давлатдории мустаќил дастоварду неъмати бебањост.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30