Зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни мақомоти ду давлат 26 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. Барои шарҳи Ёддошти имзошуда хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҷасур АБДУЛЛО бо раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло ХАЙРУЛЛОЕВ суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Пас аз имзои Ёддошти тафоҳум корро аз чӣ оғоз карданӣ ҳастед?
Сайдулло Хайруллоев: Аввалан бояд иттилоъ диҳем, ки Ёддошти тафоҳум, яъне Меморандум дар бораи ҳамкории байни Кумитаи оид ба муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) ташаббуси ин ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар буда, баъди баррасиву мувофиқаи матни он аз ду ҷониб ва ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо ҳуҷҷат барои ба имзо расонидан омода гардид.
17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дар он 26 санад ба имзо расид, ки дар қатори онҳо Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Кумитаи оид ба муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ буд.
Ин санади зиндагисози байни ду кишвари дӯст моро вазифадор кард, ки мақсадҳои дар он зикршударо дар муҳлати чаҳор сол амалӣ гардонем ва умед аст, ки он ҳатман тамдид мегардад.
Мо аз ин иқдоми неки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле мамнун буда, ба Кумитаи мазкур барои чунин итминон ба ташкилоти ҷамъиятии мо арзи сипос менамоем.
Аввалин иқдоми ҶДРФТ дар иҷрои вазифаҳои ин санад – якҷоя бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ташкил кардани Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон (15–17 сентябри соли 2018) аст. Ҷамъияти дӯстӣ дар ин самт таҷриба дошта, солҳои пеш якҷоя бо сафоратҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Япония бо ҷалби доираи васеи тамошобинон рӯзҳои кинои ин давлатҳоро баргузор кардааст.
АМИТ «Ховар»: Барои густариши дӯстӣ ва робитаи фарҳангӣ истифодаи кадом зарфиятҳо ва самтҳои ҳамкориро муҳим мешуморед?
Сайдулло Хайруллоев: Тамоми самтҳои ҳамкорӣ, ки ба густариши дӯстӣ, ривоҷи дипломатияи мардумӣ ва робитаҳои фарҳангӣ алоқаманд аст, дар бандҳои ин Ёддошти тафоҳум сабт гардидаанд.
Тибқи ин ҳуҷҷат тарафҳо ҳамкориро дар соҳаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ, илмӣ ва иттилоотӣ тибқи қонунгузориҳои давлатҳои худ ва дар асоси баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва манфиати ҳамдигар ба роҳ мемонанд ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараке, ки ба наздикшавии халқҳои ду мамлакат, мустаҳкамӣ ва рушди дипломатияи мардумӣ мусоидат менамоянд, асоси ин ҳамкорӣ хоҳад буд.
Инчунин табодули ахбори вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни густариши дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагии байнифарҳангии мардумони ду давлат ба роҳ монда шуда, ҷой додани маводи ҳамкории тарафайн дар маҷаллаи «Дӯстӣ»-нашрияи ҶДРФТ амри зарурӣ хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар Тоҷикистон марказҳои фарҳангии ӯзбекзабонон фаъолият менамоянд. Аммо ҷамъияти алоҳида вуҷуд надорад. Оё ташкили Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» дар назар аст?
Сайдулло Хайруллоев: То ин дам дар ҷумҳурӣ робитаҳои фарҳангиро бо кишвари ҳамсоя қисман ва дар сатҳи худ марказҳои фарҳангии ӯзбекзабонони вилояти Суғд — «Маънавиёт» ва «Қадрият» анҷом медоданд, ки намояндагии ҶДРФТ дар вилояти Суғд бо онҳо иртиботи қавӣ ва ҳамкории босамар дорад.
Таъсиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон» нияти деринаи мо буда, ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум ҳарчи зудтар амалӣ гардидани ин иқдомро тақозо мекунад. 2 августи соли 2018, ҳангоми мулоқоти Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар идораи Ҷамъияти дӯстӣ дар ин мавзӯъ сухан рафт ва ин пешомади нек боиси хушнудии ҳарду ҷониб буд. Алҳол мо пайгири таъсис додани ҷамъияти зикршуда мебошем.
АМИТ «Ховар»: Дар оянда барои густариши робитаҳои дӯстонаю бародаронаи тоҷикону ӯзбекон иҷрои кадом корҳо дар назар аст?
Сайдулло Хайруллоев: Ояндаи ин ҳамкорӣ низ дар бандҳои алоҳидаи Ёддошти тафоҳум акс ёфтааст ва тарафҳо баҳри ҳамкории дӯстонаи доираҳои гуногуни ҷамъиятӣ дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла, иқтисодиёт, илм, маърифат, фарҳанг, экология, сайёҳӣ ва варзиш фаъолона мусоидат хоҳанд кард.
Тарафҳо инчунин барои барқарор кардани алоқаи байни ҷавонон ва арбобони фарҳангии ҳарду мамлакат бо роҳи табодули дуҷониба мақсадҳои дурнамои Ёддошти тафоҳумро амалӣ менамоянд.