СУЛҲ – ПАЁМИ ТОҶИКИСТОН БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Автор 
Опубликовано:10 Июль 2026
8 раз Последнее изменение Четверг, 16 Июль 2026 06:33
Оцените материал
(1 Голосовать)


photo 2026-07-16 10-56-07Дар шароите ки ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои рӯзафзуни сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва буҳронҳои гуманитарӣ рӯ ба рӯ гардидааст, масъалаи таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо беш аз ҳар вақти дигар аҳаммияти ҳаётӣ касб намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори муколамаи созанда тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои муҳимми байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун иштирокдори фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалӣ устувор гардонидааст. Қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, гувоҳи равшани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва саҳми он дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад.
Маҳз бо ҳамин ҳадаф 30 июни соли 2026 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бахшида ба қабули Қатъномаи мазкур ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон Латофат Шарипова, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон», академик Кароматулло Олимов, котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Шодиён, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Саидумар Раҷабов, раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, шоир, публитсист ва рӯзноманигор Абдуқаҳҳор Қосимзода, корманди Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат Элмурод Турсунов, ходими илмӣ Маҳмуд Холов, раиси Фонди ҷамъиятии «Халлухиён» Ҳасан Эшқувватов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Саодат Азизова ва Ортиқи Қодир, овозхон Раҳима Шалоэр, мутарҷим ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Комила Камолова, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкор Сабоҳат Раҳимзода, муовини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ Зулайхо Зокирова, котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» Каиржан Курбанова, мудири шуъбаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Файзулло Тиллоев ва дигар намояндагони доираҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон Латофат Шарипова ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти таърихии Қатъномаи мазкурро, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 дар иҷлосияи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд, мавриди таҳлил қарор доданд.
 photo 2026-07-16 10-56-32Таъкид гардид, ки ин Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як ташаббуси дипломатии навбатӣ, балки паёми башардӯстонаест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамгироӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак дар роҳи ҳифзи сулҳу амният даъват менамояд. Моҳияти аслии он муттаҳид сохтани давлатҳо барои пешгирии низоъҳо, таҳкими суботи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда бо мақсади зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯз ва оянда мебошад.
Иштирокчиёни ҳамоиш таъкид намуданд, ки ташаббуси байналмилалии «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», имзои «Эъломияи Хуҷанд» ва «Созишномаи таърихӣ оид ба ҳалли масъалаҳои сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон» дастовардҳое мебошанд, ки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшида, мавқеи онро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар устувор гардониданд.
Зикр гардид, ки қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди дипломатияи сулҳофар инъикос менамояд.
 Дар идомаи ҷаласа Кароматулло Олимов, Саидумар Раҷабов, Элмурод Турсунов, Иброҳим Абдуллозода, Марям Исоева, Сабоҳат Раҳимзода, Абдуқаҳҳор Қосимзода ва Ортиқи Қодир доир ба аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот ибрози андеша намуданд.
Дар суханрониҳо таъкид шуд: «Барои мо сулҳ танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест. Сулҳ ормони чандин насл, самараи Ваҳдати миллӣ ва асоси зиндагии орому осудаи ҷомеа мебошад». Ҳамзамон иштирокчиён изҳор доштанд, ки вазифаи ҳар як инсони соҳибандеша ҳифз ва таҳкими сулҳ буда, бояд ҳама саъю талош намоем, то сулҳ ба арзиши воқеии зиндагии инсоният табдил ёбад.
Дар анҷоми чорабинӣ ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир барои саҳми арзандааш дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва тарғиби арзишҳои миллӣ Ифтихорномаи Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон тақдим гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо сиёсати сулҳпарваронаи худ собит намудааст, ки бо ташаббусҳои созанда дар ташаккули рӯзномаи байналмилалӣ нақши муассир дошта метавонад. Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати инсонмеҳвар буда, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.
 
Файзулло Тиллоев
мудири шуъбаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ
ва равобити фарҳангии Тоҷикистон
бо кишварҳои хориҷӣ

 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Июль 2026 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31