МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА ДАР ТОҶИКИСТОН

Автор 
Опубликовано:14 Июнь 2024
617 раз Последнее изменение Вторник, 03 Сентябрь 2024 06:02
Оцените материал
(2 голосов)

5040704295 n12 июни соли 2024 мулоқоти раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим ва раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса» Соқибой Султонзода иштирок намуданд.

Сайдулло Хайруллоев дар оғози мулоқот ба сафири Фаронса барои ташрифаш ба Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ изҳори сипос намуда, дар бораи вазифаҳо, ҳадафҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Фаронса маълумоти муфассал дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни ҳар ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои маориф, фарҳанг изҳори ҳавасмандӣ намуда, вобаста ба дурнамои самтҳои имконпазири ин робитаҳо дар оянда мубодилаи афкор намуданд.

Сипас, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса» Соқибой Султонзода доир ба фаъолияти ҷамъияти номбурда маълумот дода, аз саҳми хонум Сафир дар пайванди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса ва ташаббусҳои ӯ дар баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ миёни ҳар ду кишварҳо ёдовар шуд.

Зикр карда шуд, ки давоми сол аз ҷониби ҷамъият чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмӣ дар робита ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса баргузор мегарданд, ки муҳимтарини онҳо чорабиниҳои Франкофонӣ, иштирок дар филмҳои фаронсавӣ, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар дар донишгоҳҳо мебошанд.  

Барои баргузории чорабиниҳои марбут ба фарҳанги фаронсавӣ дар Тоҷикистон дар баробари Сафорати Фаронса ва Маркази фарҳангии Бохтар, инчунин Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

Номбурда таъкид намуд, ки дар оянда кӯшиш хоҳанд кард, то барои равобити дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса бештар чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ ташкил карда шавад.

Хонуми Сафир дар навбати худ иброз дошт, ки дар оянда ба рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илм, маориф ва фарҳанг миёни Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар фарҷоми мулоқот Сайдулло Хайруллоев миннатдории худро ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл барои ҳамкориҳо дар татбиқи робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг баён намуда, таваҷҷуҳи хонум Сафирро барои мусоидат намудан ба густариши чорабиниҳо дар шакли конфронсу мизҳои мудаввар бахшида ба омӯзиши забону фарҳанги фаронсавӣ, тоҷикӣ, табодули муҳаққиқону донишҷӯён ҷалб намуд.

Мулоқот дар сатҳи хуб баргузор гардида, изҳори умед карда шуд, ки минбаъд низ робитаҳо дар самти таҳкими ҳамкориҳои фарҳангу маориф байни Тоҷикистону Фаронса тақвияти бештар касб хоҳад кард.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31