ЧОРАБИНӢ ТАҲТИ ШИОРИ «ХАЛҚҲОРО ДӮСТӢ АРВАНД КУНАД», – РУССИАШ: «НАРОДЫ ДРУЖБОЮ СИЛЬНЫ»

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

         18.10.2023 ДМТ 1Нимаи дуюми рӯзи 18 октябри соли 2023 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, зерсохтори он – Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия», Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия – РАМС, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Халқҳоро дӯстӣ арванд кунад», – руссиаш: «Народы дружбою сильны» ҷамъомади ботантана доир гардид.

Чорабинӣ бо иштироки кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони РАМС, Сафорати Федератсияи Россия ва чанде аз Сафоратҳои ИДМ дар Тоҷикистон, инчунин роҳбарон ва фаъолони анҷуманҳои дӯстӣ, намояндагони мақомоту сохторҳои гуногун, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов рӯи кор омад.

Чорабиниро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе хуш омадед гуфт. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон бо Россия муносибатҳои неки ҳасана ва шарикии боэътимод, ки таърихи тӯлонӣ дорад ва дар асоси бовариву эътимоди байниҳамдигарӣ тавсеа меёбад, ба ҳам пайваст месозад.18.10.2023 ДМТ 3

IMG-20231023-WA0004Баъдан, Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев суханронӣ намуданд, ки бо забони руссӣ замима мегардад:

«Уважаемые участники сегодняшнего торжества, уважаемые Послы и представители посольств, уважаемые гости – российские коллеги и соратники, добро пожаловать на мероприятие, посвящённое чествованию Дружбы!

Важным аспектом сотрудничества между странами, в том числе между Таджикистаном и Россией является народная дипломатия, которая способствует укреплению международных связей и доверия между странами.

Отношение между Россией и нынешним Таджикистаном имеют долгую историю, уходящую корнями в далёкие времена, начиная с советского периода эти узы укреплялись. При советском союзе дружба и братство народов достигли своей наивысшей точки. Отрадно, что в период обретения независимости нашими странами мы не утеряли главные наши ценности и эти узы служат ярким примером крепкой дружбы и тёплых отношений, всестороннего сотрудничества между двумя странами.

Одним из важных инструментов, способствующих ещё большему укреплению всесторонних связей служат образующиеся новые общества. Сегодня будет подписано Соглашение о сотрудничестве между «Обществом дружбы с Таджикистан» созданное при Российской Ассоциации международного сотрудничества и нашим Обществом дружбы «Таджикистан – Россия». И этот шаг будет способствовать ещё большему углублению взаимопонимания, развития культурных и гуманитарных связей между двумя странами и нашими народами.

Уверен, этот союз двух обществ станет мощным инструментом для ещё большего укрепления дружеских связей гуманитарного и культурного сотрудничества. Его значение заключается в том, что он будет способствовать близкому контакту между отдельными гражданами и сообществами России и Таджикистана, создаст возможности для большей интеграции в сфере развития народной дипломатии и межкультурного диалога.

Сегодняшнее торжество проходит под лозунгом «Народы дружбою сильны» и сегодня мы в этом убедимся.

Всем желаю доброго здоровья, благополучия и процветания».

18.10.2023 ДМТ

Дар идомаи чорабинӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григориев Семён Вячеславович, Полозков Владимир Михайлович – котиби генералии Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия – РАМС, Саттор Миа – раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстии «Россия – Тоҷикистон», соҳибкори рус, президенти ширкати «National Grop» («Гурӯҳи миллӣ»), Смирнова Светлана Константиновна – раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Россия, муовини аввали дабири кул, роҳбари Котиботи генералии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» Нағзибекова Меҳринисо, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» академик Кароматулло Олимов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ва дигар меҳмонон суханронӣ намуданд.

18.10.2023 ДМТ 6Зерсохтори Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ – Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия» ва Анҷумани дӯстии Россия бо Тоҷикистон ва байни ташкилоти «Прогресс»-и Австрия Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар таҳкими муносибатҳои байни давлатҳою халкҳо ва ривоҷи дипломатияи мардумӣ нақши бузург мебозад.

Дар охири чорабинӣ ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ансамбли «Славян»-и Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия ҳунарнамоӣ намуданд. 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Май 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31