Форуми VI-уми анҷуманҳои дўстӣ

Автор 
Опубликовано:13 Декабрь 2018
12837 раз Последнее изменение Пятница, 14 Декабрь 2018 06:15
Оцените материал
(1 Голосовать)

DSC 1Дар таърихи 7 декабри соли 2018 бо ташаббуси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) якҷоя бо Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми VI-уми анҷуманҳои дўстӣ дар мавзўъи «15-сол дар хидмати дўстӣ ва пешбурди ѓояҳои дипломатияи мардумӣ» (бахшида ба 15-солагии таъсисёбии маҷаллаи «Дўстӣ»)  доир гардид.

Дар кори Форуми мазкур намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аъзои Раёсат ва фаъолони ҶДРФТ, роҳбарони Ҷамъиятҳои дўстии алоҳидаи назди ҶДРФТ фаъолияткунанда, роҳбарону аъзои иттиҳодияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон, аҳли зиё, донишҷўёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе, хабанигорон ва дигарон иштирок доштанд.

Чорабиниро Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо ин рўйдоди муҳим самимона табрик намуд. Таъкид кард, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дўстӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ҶДРФТ, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, барои таҳкими дўстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамоянд.

DSC 2Сипас Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерйевич иброз дошт, ки баргузории Форуми мазкур ба ҳукми анана даромада, барои ҷомеаи имрўза махсусан муҳим арзёбӣ мешавад ва ба ҷавонон имкон медиҳад, аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Аз Раёсати ҶДРФТ сипосгузор буд, ки чунин чорабиниҳоро доир менамояд.

Баъдан, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ба фаъолияти ҶДРФТ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ҶДРФТ дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои қаробати қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди Ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши арзанда дорад. Дар охири суханрониаш барои саҳми маҷаллаи «Дўстӣ» дар таҳкими дипломатияи мардумӣ доштан ва 12 сол сардабири маҷаллаи мазкур буданаш ба Шарипова Мушаррафа Ифтихорномаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.

DSC 3Сипас, муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарипова оид ба таърихи таҳаввулот ва муҳтавои маҷаллаи «Дўстӣ» маърўза кард.

Баъдан, дар Форум мушовири Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сейтимов Нурлан Мусатаевич, Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамедзода Гасан Дилсуз оѓлу, академик, узви вобастаи АИ ҶТ, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Манзура, роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминийи тоҷик «ТАЛКО» Сатторов Игор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон» Майрам Исоева, раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба» Ҷўра Латипов, референти ҶДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, намояндаи Маркази миллӣ фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон Мирхайдарова Таскира, муовини раиси Кумитаи сулҳу ризоияти милии Тоҷикистон Ҳамидова Ҳафиза ва дигарон суханронӣ намуданд.    

DSC 4Дар Форуми мазкур бахшида ба 15-солагии таъсисёбии маҷаллаи «Дўстӣ» намояндагони мақомот, муассисот ва ташкилотҳои гуногун табрикоташонро пешкаш карданд. Аз ҷумла табрикоти раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед, факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав, директори Осорхонаи  таърихӣ – кишваршиносии вилотии «Авесто» Пиракова Г., Ректори Донишгохи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ҷамшед Ҷуразода, директорони Институти Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Зафар Розиқов ва Чень Хунбин,  сармуҳаррири рўзномаи «Согдийская правда» Исоқҷон Зокиров, директорони Институти  Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷия Ҷингфан ва Қосимов Фаррух, раиси Ҷамъияти дўстии «Кишварҳои Скандинавия – Тоҷикистон» Халил Абдулазиз (Шветсия), Рассоми халқии Тоҷикистон Раҳимҷон Ҳамдамов ба самъи ҳозирон расонида шуд. Аъзои Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» Оспанова Нарима шеъри навэъҷоди худро бахшида ба маҷаллаи “Дӯстӣ” қироат кард. Дигар иштирокдорон таассуроти худро аз маҷалла ва Форуми анҷуманҳои дўстӣ ибрози ақида намуданд.

DSC 5Дар анҷоми ҷаласаи Форуми VI-уми анҷуманҳои дўстӣ аз тарафи дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (яке аз ниҳодҳои анҷуманҳои алоҳида) барои иштирокчиён вобаста ба мавзўи дўстӣ, сулҳу ваҳдат барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш карда шуд. Дар охир хитойидухтари хурдакак Сумайя шеъри Фирдавсиро  бомаҳорат қироат кард ва боиси аҳсани ҳозирин гашт.

Форуми анҷуманҳои дўстӣ дар рўҳияи бародариву рафоқат ва ифтихормандӣ баргузор гардида, аз ватани сулҳпарвари Тоҷикистон - хонаи умеди халқу миллатҳои гуногун, намоишдиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Тоҷикистон дар масъалаи муносибати байни халқҳову давлатҳо зуҳур кард. 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31