TODKS

TODKS

Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis, Quisque interdum hendrerit molestie. Vestibulum adipiscing, tellus sit amet accumsan lobortis.
Адрес сайта: http://www.smartaddons.com
25 Октябрь 2023

        vstrecha 17.10.23 217 октябри соли 2023 дар бинои Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) мулоқоти Раиси Раёсати ҶДРФТ муҳтарам Хайруллоев Сайдулло бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар бо дархости ҷониби покистонӣ баргузор шуд.

Баъд аз дуруд ва таҳният, сӯҳбатро муҳтарам Сайдулло Хайруллоев оғоз карда, ҷаноби Сафирро бо таъин шудан ба ин вазифа табрик намуданд ва аъзоёни Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон»-ро, ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, муаррифӣ намуданд.

Дар мулоқот раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» проессор Шодимуҳаммад Суфизода, аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Баҳром Олимов, кормандони ҶДРФТ Иброҳим Абдуллозода, Файзулло Тиллоев, ҷонишини Сафири Покистон дар Тоҷикистон Имад Насим, тарҷумони Сафорат Манучеҳр Салимов иштирок намуданд.

Дар оғоз Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии  Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Хайруллоев Сайдулло қайд намуданд, ки ҳар як Сафир вобаста ба фаъолияти худ нақше дар муносибатҳои дуҷониба мегузорад ва изҳори орзу намуданд, ки Сафири навтаъини Покистон дар муносибатҳои Тоҷикистону Покистон нақши босазое хоҳад гузошт. Аз ҷониби худ Ҷамъияти дӯстӣ бо истифода аз дипломатияи мардумӣ барои боз ҳам қавитар гардонидани муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ ва сиёсии ду кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

vstrecha 17.10.23 1Сипас, Сайдулло Хайруллоев баъзе фактҳои таърихиро ёдовар шуда гуфтанд, ки Тоҷикистону Покистон аз бисёр ҷанбаҳо шабеҳи якдигар мебошанд, чунки дар Покистон низ бисёр тоҷикҳое, ки чорсад сол пеш ба Покистон муҳоҷират намуда буданд, дар таърих, фарҳанг, илм ва сиёсати кишвари Покистон нақши намоёне гузоштаанд. Вале, дар баъзе ҷиҳатҳо Покистон аз Тоҷикистон дар пеш меистад, хусусан, дар масъалаи демократия, илмҳои дақиқ ва ғайра. 

         Баъдан, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар суханронӣ намуда, барои ин вохӯрии басо муҳим изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ӯ баъд аз ба Тоҷикистон омаданаш, худашро дар ин кишвар ҳеҷ бегона ҳис накардааст ва гӯё дар ватани худ адои вазифа карда истода бошад. Чунки аз рӯи рафтор, урфу одатҳо ва бисёр ҷиҳатҳо мардумони ҳар ду кишвар бисёр монандӣ доранд.

Ҷаноби Сафир қайд намуд, ки рушди демократия дар Покистон басо таърихи қадима дорад ва баъд аз ба даст даровардани истиқлолият дар соли 1948, онро мардум ва ҳукумати Покистон доим кӯшиш мекунанд, ки боз ҳам инкишоф диҳанд. Вай қайд намуд, ки Тоҷикистон низ дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ 30-сол дастовардҳои хеле бузургро ноил гаштааст. Ӯ ёдовар шуд, ки то ҳол   Эътимодномаашро ба Президенти кишвар насупорида бошад ҳам, лекин бо вуҷуди он ба фаъолияти дипоматӣ шурӯъ намудааст. Вай ваъда дод, ки баъд аз супоридани Эътимоднома ва расман ба фаъолияти сафирӣ шурӯъ карданаш, пеш аз ҳама аъзоёни Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистонро ба Сафорат даъват намуда, роҳҳои тақвияти дӯстии мардуми ду кишварро баррасӣ хоҳад намуд.

         vstrecha 17.10.23 3Баъд аз он, муҳтарам Сайдулло Хайруллоев аз баъзе хотироти худ аз даврони фаъолияташон ба ҳайси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуда, бо баъзе аз ашхоси таърихии Покистон ба монанди шоир Файз Аҳмад, Беназир Бхутто, Парвиз Мушарраф ва дигарон шинос шуданашон ва сӯҳбатҳо гузарониданашон ёдовар шуданд.

         Сипас, сухан ба Раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» профессор Шодимуҳаммад Суфизода дода шуд. Ш. Суфизода зарурати тақвияти дӯстии Тоҷикистону Покистонро қайд намуда, таъкид карданд, ки ба мо зарур аст, ки ҳамкориҳоро дар ҷодаи фарҳанг, илм, иқтисодиёт ва ғайра васеъ намоем. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки авохири моҳи ноябр профессор Ш. Суфизода дар Конфронсе, ки дар Покистон бахшида ба аллома Иқбол гузаронида мешавад, иштирок намуда, маърӯзаи илмие низ хоҳанд намуд. Ба ғайр аз ин, 9 ноябр дар Факултаи забонҳои Аврупо ва Осиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ Конфронси илмӣ барпо карда мешавад.

         Дар анҷоми сӯҳбат Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ муҳтарам Сайдулло Хайруллоев ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Саид Сарвар ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

12 Июнь 2023

    25 майи соли 2023 бо ташаббуси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар якҷоягӣ бо Сафорати Федератсияи Россия ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия чорабинӣ таҳти унвони «Форуми дӯстӣТоҷикистон – Хитой – Россия» баргузор гардид.

Дар Форуми дӯстӣ сафирон, намояндагони мақомоту сохторҳо, ректорони донишгоҳҳо, раисону намояндагони Ҷамъиятҳои дӯстии алоҳидаи дар доираи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї фаъолияткунанда, сарварони ширкатҳои бузурги дар Тоҷикистон амалкунанда, доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони донишҷӯдастаҳои эҷодӣ ва ғайра ширкат доштанд.

Қабл аз оғози воқеии чорабинӣ меҳмонони фахрӣ бо ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россиядоктори илмҳои иқтисодпрофессор Файзулло Машраб Қурбоналӣ мулоқот намуданд.

Инчунин, дар даромадгоҳи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия намунаҳои маҷаллаи «Дӯстӣ» ва намоиши суратҳои кинооператор, фотохудожник Заур Дахте ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар кори форум Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Цзи ШуминСафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Вячеславович Григорев, Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Хайруллоев Сайдулломуовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ Шарипова МушаррафаКотиби генералии Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия Полозков Владимир Михайлович ва корманди пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии МГМО Вазорати корҳои хориҷии Россия Михаил Алексеевич Конаровский суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Форуми дӯстӣТоҷикистон – Хитой – Россия таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳоки дар рӯҳияи дӯстӣэҳтиром ба манфиатҳои тарафайн ва рушди ғояҳои бунёдии дипломатияи мардумӣ бунёд ёфтааст.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Цзи Шумин қайд карданд: «Пешниҳоди баргузории Анҷумани дӯстии халқҳои ТоҷикистонХитой ва Россия ба рушди дарозмуддати муносибатҳои дӯстонаи ин давлатҳо нигаронида шудааст.

Ман мехоҳам ба Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљїинчунин ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия барои даъват миннатдории самимӣ баён кунамТоҷикистон як кишвари муҳим дар Роҳи бузурги Абрешим будадар замони худ дар робитаи Осиё ва Аврупотаҳкими байни Шарқу Ғарб ва густариши табодули байни тамаддунҳо нақши беназир бозидаастАз ин раванд як қатор кишварҳоаз ҷумла Хитой ва Россия баҳра бурданд».

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Вячеславович Григорев дар суханронии худ зикр намуданд: «Ба созмондиҳандагони форум барои имкони баргузории чорабинӣ изҳори сипос намудаба иштирокчиёни кори пурсамар таманно кард ва итминон дорамки хулосаҳо ва пешниҳодҳоеки дар рафти чорабинӣ баён мешаванд, дӯстии ҳақиқиро боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд кард.

Робитаҳои байни кишварҳои мо таърихи тӯлонӣ ва бой доранд ва садсолаҳо пеш меравандАз қадимулайём корвонҳо аз Шарқ ба Ғарб бо пайраҳаҳо рафта, тамаддунҳои моро ба ҳам мепайванданд, ба ояндаи сарнавишти умумии таърихӣ асос мегузоранд. Халқҳои мо ҳамеша бо майлу хоҳиши самимии маънавӣ нисбат ба ҳамдигар, ҳамфикрии ҳамдигар ва майлу хоҳиши дар сулҳу амонӣ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кардан фарқ мекарданд».

       Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Хайруллоев Сайдулло дар суханрониашон қайд намуданд, ки бо забони руссӣ замима мегардад:

«Уважаемые Послы Сергей Вячеславович – председатели обществ дружбы с отдельными странами, деятели науки, культуры, образования, представители государственных структур, студенты добро пожаловать на наш совместно организованный Форум.

В наше сложное время повысилась ответственность всех перед всеми, в том числе общественных организаций, работающих на международном уровне.

Итоги Государственного визита Председателя Китайской Народной Республики Си Цзиньпина в Россию в марте 2023 года и состоявшихся переговоров с Президентом Российской Федерации В.В.Путиным получили колоссальный резонанс во всём мире, особенно вдохновили народы СНГ, вызвали позитивные отклики и высокие оценки общественности дружественных с Россией стран.

Руководство, Президиум Таджикского общества дружбы и культурных связей с зарубежными странами (ТОДКС) в свете данного события решили выйти в Посольство РФ в РТ с инициативой об организации в Душанбе торжественного мероприятия, посвященного дружбе, ещё большему сближению народов России, Китая и Таджикистана. Наше предложение было воспринято и одобрено Посольствами России и Китая, и как результат проходящий данный Форум. Это ещё раз доказывает, что возможности народной, общественной дипломатии шире официальной.

Помимо всего, этот шаг явится ярким примером воплощения целей и задач, принципов взаимодействия, обозначенных в Соглашении о сотрудничестве между Международным союзом общественных объединений «Российская ассоциация международного сотрудничества» и Таджикским обществом дружбы и культурных связей с зарубежными странами, подписанном в городе Душанбе 23 ноября 2022 года. Это послужит и реализации пунктов Соглашений, подписанных в 2019 году между ТОДКС и Китайским Народным Обществом дружбы с заграницей, ТОДКС и Китайским Комитетом ШОС по добрососедству, дружбе и сотрудничеству.

На наш взгляд, неоценимое значение данному Форуму придали выступления Послов России и Китая – двух главных стратегических партнёров Таджикистана. Далее выступление гостей – Российская ассоциация международного сотрудничества, поздравления от наших партнёрских организаций – Китайского Народного Общества дружбы с заграницей и Китайского Комитета ШОС по добрососедству, дружбе и сотрудничеству вызовут большой интерес присутствующих, и все узнают какие большие дела совершают общественные организации наших трёх стран, докажут нашу солидарность и общность целей.

Проведение данного форума будет иметь важное общественно-политическое значение, станет заметным событием в сфере культурно-гуманитарного сотрудничества, внесёт вклад в дело укрепления дружбы и взаимопонимания между народами наших стран, повышения роли народной дипломатии.

Желаю удачи и процветания всем нашим зарубежным друзьям и участникам Форума».

Сипас, муовини раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ Шарипова МушаррафаКотиби генералии Ассотсиатсияи ҳамкориҳои байналмилалии Россия Полозков Владимир Михайлович, корманди пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии МГМО Вазорати корҳои хориҷии Россия Михаил Алексеевич суханронӣ намуданд. Инчунин, табрикоти видеоӣ аз ҷониби муовини раиси Ҷамъияти халқии Хитой оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Ян Дуна ва табрикоти Котиби генералии Кумитаи Хитой оид ба ҳамсоягӣдӯстӣ ва ҳамкории СҲШ Чжэн Вэй қироат карда шуд.

Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Хайруллоев Сайдулло ба ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия доктори илмҳои иқтисодпрофессор Файзулло Машраб ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣпрофессор Хушвахтзода Қобилҷон барои ҳамкории зич бо Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљїбарои саҳм дар рушди робитаҳои таълимӣфарҳангӣгуманитарӣ ва дӯстонабарои пешбурди тарбияи ахлоқӣ ва эстетикии насли ҷавони кишварбарои пешбурди ғояҳои дипломатияи мардумӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

Баъдан, қисмати тантанавии форум оғоз гардид. Ансамблҳои ҳунарии маркази фарҳангию маърифатии Конфутсии дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва коллективҳои маркази фарҳангии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия намоишҳои консертии худро намоиш доданд.

 

Кормандони

Љамъияти дўстї ва равобити

фарњангии Тољикистон

бо кишварњои хориљї                                                 Ф. Тиллоев, Д. Шайимов

09 Март 2023

1 чаласа 28.02.202328 феврали соли 2023 ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) дар соли 2022 баргузор гардид.

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи ҳисоботии солонаро ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи ҷаласа, ки мавзӯъҳо: шунидани ҳисоботи солонаи Раёсати ҶДРФТ дар соли 2022, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022), суханронии раисону аъзои Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, қабули қарорҳо оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2023, муҳокима ва тасдиқи нақшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2023 ва дигар корҳои ҷорӣ иборат буд, шинос намуд.

Дар ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ барои соли 2022 аъзои Раёсат, масъули Намояндагии ҶДРФТ дар вилояти Хатлон, раисону намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ фаъолият мекунанд, сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, ки ин Ҷамъияти дӯстӣ ҳамкорӣ доранд ва даъватшудагони дигар иштирок намудаанд.

Аз ҷумла: Хайруллоев Сайдулло – Раиси Раёсати ҶДРФТ, Шарифова Мушаррафа – ҷонишини Раиси Раёсат, Олимов Кароматулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон», Раҷабов Ҳабибулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», Зайниддинзода Наҷмиддин – намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кожин Водим Владиславович – намоянда аз Маркази илмию фарҳангии Россия дар шаҳри Душанбе «Россотрудничество», Шодимуҳаммади Сӯфизода – директори Китобхонаи марказии илмии АМИТ ба номи Индира Гандӣ, Раҳмонзода Азимҷон – муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Манзура Улчабоева – муаллимаи Донишкадаи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, Тоҷиддин Мардонӣ – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб», Сайфуллоев Хайрулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германия», Валаматзода Темур – аъзои Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Куба», Шукурзода Мирзо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон», Абдурасулов Анвар – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Беларус», Нағзибекова Меҳринисо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия», Восиева Рухшона – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», Султонзода Соқибой – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса», Ходжаева Людмила – референти (намояндаи) ҶДРФТ дар вилояти Хатлон, Марям Исоева – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Таскира Мирхайдарова – аъзои Маркази миллӣ–мадании тотору бошқирдҳои Тоҷикистон «Дуслик», Қурбанова Каиржан – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», Ҷурғосиев Муллоаҳмадшоҳ – муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон», Абдуллозода Иброҳим – референти ҶДРФТ, Дахте Заур – суратгири маҷаллаи «Дӯстӣ», Эшқуватов Ҳасан – раиси Ҷамъияти Халухиён, Қулматов Юсуф – аъзои Ҷамъияти Халухиён ва дигарон иштирок доштанд.

Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ вазифаҳои оинномавии худро иҷро намуда, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида дар ниҳодҳо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат ҳисоботҳои хешро пешниҳод карданд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро чун ҳамеша дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазоратҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ пеш бурд.

Бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) дар худи идораи Ҷамъияти дӯстӣ, инчунин дар баъзе Ҷамъиятҳои дӯстии назди он бо кӯшиши масъулон ҷаласаҳо доир гаштанд.

Дар доираи баргузории чорабиниҳо баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашнҳои давлатӣ, аз ҷумла, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ ва байнидавлатӣ, аҳамияти хос дода шуд.

Иртибот бо Сафоратҳо чун ҳамеша дар давраи ҳисоботӣ қавӣ буд.

25 январи соли 2023 яке аз эроншиносони машҳури тоҷик, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон» Мирзо Муллоаҳмадов дар сини 75-солагӣ олами фониро падруд гуфтанд. Рӯҳат шод бод, Худо раҳматаш кунад.

Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида, марказҳои фарҳангии ташкилотҳои ақаллиятҳои миллӣ кори худро дар асоси нақшаи чорабиниҳои соли 2022 ба роҳ монданд. Имрӯз ҳисоботҳои худи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва раисони баъзе ҷамъиятҳои алоҳида шунида мешаванд.

Иртиботи ҷамъиятҳои дӯстии дохилӣ бо ҷамъиятҳои беруни кишвар низ назаррас буд, ки аз гузоришҳои имрӯза хабардор мешавед.

Ташаккур ба раисони ҷамъиятҳо, масъулони намояндагиҳои Ҷамъияти дӯстӣ дар вилоятҳо ва роҳбарони муассисаҳое, ки дар ниҳодашон ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида фаъолият мебаранд. Инчунин, ташаккур ба сарварони намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки якҷоя бо мо кори дипломатияи мардумиро пеш мебаранд».

Сипас, ҷонишини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти яксолаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар соли 2022 гузориш дод.

Баъдан, сухан ба раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов дода шуд. Академик К. Олимов дар баромади худ оиди фаъолияти яксолаи Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Покистон» ва корҳои анҷомдода дар ин самт истода гузашт. Инчунин, оиди нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) баромад намуданд.

3_чаласа_28.02.2023.jpgИнчунин, Тоҷиддин Мардонӣ – раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Мамлакатҳои Араб», Султонзода Соқибой – раиси Ҷамъияти «Тоҷикистон – Фаронса», Кожин Водим Владиславович – намоянда аз Маркази илмию фарҳангии Россия «Россотрудничество», Манзура Улчабоева – муаллимаи Донишкадаи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Ходжаева Людмила – референти (намояндаи) ҶДРФТ дар вилояти Хатлон оиди фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида суханронӣ намуда, аз фаъолияти худ дар соли сипаригашта мухтасар истода гузаштанд. Аз робитаи қавӣ ва кумаку дастгирии роҳбарияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро қайд намуда, ба фаъолияти кории ҶДРФТ баҳои қаноатбахш доданд.

Зимни баррасии масъалаҳо зикр карда шуд: Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳо анҷом дод.

Яке аз ҳадафҳои асосии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад.

Раёсати ҶДРФТ фаъолияти худро дар соли 2022 дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монд. Дар доираи баргузории чорабиниҳо баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар шаҳрванди кишвар азизу гиромист, аҳамияти хоса дода шуд.

Сомонаи интернетии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо номи www.friendship.tj мулоқоту чорабиниҳои доиркардаи худи ҶДРФТ ва Ҷамъиятҳои дӯстии дар назди он фаъолиятбарандаро бо аксҳои ҷолиб манзури истифодабарандагон мекунад.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботии солона, нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2023 муҳокима ва тасдиқ гардид. Масъалаи қабули қарорҳо «Дар бораи ҳисоботи фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2022», «Дар бораи тасдиқи нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2023» бо назардошти пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ якҷоя бо бисту чор Ҷамъияти дӯстии дар наздаш амалкунанда ва доираи васеъи фаъолонаш чорабиниҳои асосии барои соли 2022 ба нақша гирифтаашро иҷро намуда, дар ривоҷи дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳо, мустаҳкам кардани ҷомеаи гуногунмиллати тоҷикистониён ва ниҳоят, пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат саҳм гузошт.

28 Декабрь 2022

1 1         21 ноябри соли 2022 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Љумҳурии Куба (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) дар Љумҳурии Тољикистон - Оскар Сантана Леонро бо хоҳиши ў ба ҳузур пазируфт.

         Дар љараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои фарҳангии Тољикистону Куба баррасї шуд.

     Сайдулло Хайруллоев дипломати кубагиро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, ба ў дар фаъолиятҳои минбаъдаи дипломатиаш барору комёбиҳо таманно кард.

 

         Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев зимни шинос намудани Сафири нави Куба бо самтҳои гуногуни фаъолияти Љамъияти мазкур ва ҳамкориҳои фарҳангии он изҳор дошт, ки дар назди Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї 24 Љамъияти дўстї бо кишварњои алоњида фаъолият доранд ва яке аз онњо Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» раисаш Латифов Љ.Л. мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Љумҳурии Куба Оскар Сантана Леон низ зимни ташаккур аз пазироии самимї, ҳамзамон хостори таҳкими муносиботи фарҳангии кишвараш бо Љумҳурии Тољикистон шуд.

Баъдан, суханро ба раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» Љўра Латифов дод. Номбурда оиди фаъолияти Љамъият маълумоти мушаххас дода, аъзои Раёсати Љамъиятро якояк ба Сафир муаррифї намуд.

Сипас, ҷонини раиси Раёсати ЉДРФТ М. Шарипова оид ба фаъолияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї ва Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» маълумот доданд.

Дар охир Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Љумҳурии Куба дар Љумҳурии Тољикистон Оскар Сантана Леон китоби Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ва аз шумораҳои маҷаллаи «Дӯстӣ» тақдим намуд.

29 Март 2021

Халқи тоҷик бо мардуми Фаронса аз давраҳои қадим муносибати дӯстона дошт, вале ин муносибатҳо аз охири асри XIX сар карда, рӯ ба инкишоф оварданд. Ҳанӯз қабл аз Инқилоби Бухоро маорифпарварони тоҷик бо сарварии Аҳмади Дониш ба фарҳангу тамаддуни мутараққии фаронсавӣ таваҷчуҳи хоса зоҳир менамуданд. Маорифпарварони тоҷик Мирзо Сироҷи Ҳаким ва Пайрав Сулаймонӣ, ки дар ибтидои асри XX ба Фаронса сафар намуда буданд аз аввалин нафароне ҳастанд, ки муносибатҳои дипломатии халқиро байни мардуми тоҷику фаронсавӣ гузоштаанд ва дар осорашон аз он фарҳанги пешрафта бо камоли мамнуният ёдовар шудаанд.

1. Робитаҳои дӯстонаи тоҷикону фаронсавиён дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ нигоҳнакарда ба як қатор мушкилоти ҷойдошта хеле ривоҷу равнақ ёфт, ки натиҷаи он пеш аз ҳама муносибати дӯстонаи устод Айнию Лоҳутӣ бо адибони фаронсавӣ буд. Аз ҷониби дигар дар ин давра осори насрию назмии адибони фаронсавӣ тавассути забони русию форсӣ ва туркӣ ба забони тоҷикӣ хеле зиёд тарҷума ва дастраси мардум гардидаанд.

Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса ба таври боядушояд дар давраи соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Фаронса ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз чорабиниҳои сиёсию фарҳангии зиёде баргузор гардидаанд, ки ҳар кадоми онро метавон дар алоҳидагӣ баррасӣ намуд.

Вохӯрии охирине, ки дар сафорати Фаронса дар Тоҷикистон баргузор гардид, бешубҳа дар рушди минбаъдаи равобити фарҳангии дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса такон бахшида метавонад.

Рӯзи 3 марти соли 2021 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, ҷонишини раиси ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова, нависанда Мирзонасриддин, раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Фаронса” Соқибой Султонзода ва мусаввири маҷаллаи “Дӯстӣ” Заур Дахте бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран ва масъули бахши фарҳангии сафорат Лола Роже вохӯрӣ доир намуданд. Ҳангоми вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти дӯстии мардуми тоҷику фаронсавӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ барои тарғибу ташвиқи фарҳанги ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд. Хусусан муовини раиси ҷамъият М. Шарифова доир ба таърихи ҷамъияти дӯстӣ, ки соли 1958 таъсис ёфтааст маълумоти ҷолиби диққат дода, аз ҳар кадом ҷамъиятҳо ва дастовардҳои онҳо дар ҳар давру замон ёдрас шуд. Ҳамчунин М. Шарифова дар хусуси маҷаллаи “Дӯстӣ” ва маводи дохили он маълумот дода, якчанд нусхаи охирини онро ба сафир пешкаш намуд. Дар рафти суҳбат М. Шарифова иброз намуд, ки барои озод намудани Фаронса ва муқовимат бар фашизм саҳми тоҷикон низ назаррас аст ва қаҳрамониҳои Раҳимов Қодирро хотиррасон кард.

2. Нависанда Мирзонасриддин дар хусуси фаъолияти нависандагиаш сухан ронда, аз рағбату робитаи адибони тоҷик ба адабиёти фаронсавӣ ёдовар шуд. Номбурда гуфт, ки адибони давраи собиқ Шӯравии тоҷик ҳама аз адабиёти фаронсавӣ бохабар буданд ва аз он илҳом мегирифтанд. Зимнан нависанда романи ба забони русӣ тарҷумашудаи худро ба Сафир ҷаноби Мишел Тарран тақдим намуд.

Раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Фаронса” С. Султонзода дар хусуси робитаҳои тоҷикону фаронсавиён дар давраҳои пеш аз Инқилоби Бухоро, давраи Шӯравӣ ва муосир сухан ронда, иброз намуд, ки имрӯз адибони фаронсавиро мутарҷимони тоҷик на аз забони русӣ, балки аз забони асл тарҷума карда истодаанд. Аз фурсат истифода намуда С. Султонзода монографияи худ “Проблема материи и её атрибутов в философии Ибн Сины”-ро, ки натиҷаи таҳқиқоти семоҳааш дар Фаронса мебошад, ба ҳозирин туҳфа намуд.

Дар охир Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба Сафир ҷаноби Мишел Тарран барои қабул миннатдорӣ баён намуда, барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори хушбинӣ кард.

Мишел Тарран дар навбати худ таъкид дошт, ки мо низ ҷонибдори тақвият бахшидани ҳамкориҳои дӯстонаи фарҳангӣ мебошем ва тавассути анҷумани омӯзгорони забони франсавӣ ба ҷамъияти дӯстӣ кумаки худро дареғ намедорем.

 Султонзода С. – раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Фаронса”

 

10 Март 2021

 2 марти соли 2021 Ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (минбаъд ҶДРФТ) дар соли 2020 баргузор гардид.

Нишасти мазкур таҳти раисии Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта, дар он масъули намояндагии ҶДРФТ дар вилояти Хатлон, раисон ва намояндагони Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳидаи дар доираи ҶДРФТ фаъолияткунанда, намояндаи ақалиятҳои миллӣ иштирок доштанд.

Аз ҷумла, Хайруллоев Сайдулло – Раиси Раёсат, Шарифова Мушаррафа – Ҷонишини Раиси Раёсат, Раҷабов Ҳабибулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҳиндустон», Муллоаҳмадов Мирзо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Эрон», Шукурзода Мирзо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қирғизистон», Сайфуллоев Хайрулло – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Германия», Латифов Ҷӯра – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Куба», Насимов Азимқул – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ҷумҳурии Халқӣ–Демократии Корея», Искандаров Қосимшо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Афғонистон», Нағзибекова Меҳринисо – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Россия», Султонзода Соқибой – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Фаронса», Салимӣ Носир – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», Байдуллоев Аъзам – ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», Восиева Рухшона – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Хитой», АбдуҶабборов Абдуғаффор – раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», Қурбанова Каиржан – котиби масъули Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», Мансуров Умед – Ҷониши раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Япония», Дороншоева Некбахт – котиби масъул Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Туркия», Суфизода Шодимаҳмад – мудири китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , Шарипова Латофат – референт, раиси Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон , Давлатова Роҳила – референт (намоянда) дар вилояти Хатлон, Мирҳайдарова Таcкира – аъзои Маркази миллӣ–мадании тотору бошқирдҳои Тоҷикистон «Дуслик», Тиллоев Файзулло – мудири Шӯъбаи Раёсат, Кандаурова Гуландом – котиби коргузор, Муқимов Хайрулло – референт, Шайимов Диёр – референт, Дахте Заур – суратгири маҷаллаи «Дӯстӣ», Аҳмадҷонов Исмоил – сармуҳосиб, Муқимов Авазхон – мудири хоҷагӣ ва ғайра иштирок доштанд.

Ҷаласаро Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо рӯзномаи ҷаласа, ки мавзӯъҳои шунидани ҳисоботи солонаи Раёсати ҶДРФТ дар соли 2020, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021), муҳокима ва тасдиқи нақшаи кории Раёсати ҶДРФТ барои соли 2021, қабули қарорҳои дахлдор оид ба фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2021 ва дигар корҳои Ҷорӣ иборат буд, шинос намуд.

Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ вазифаҳои оинномавии худро иҷро намуда, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, Ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида дар ниҳодҳо босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат ҳисоботҳои хешро пешниҳод карданд.

Дар доираи баргузории чорабиниҳо баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашнҳои давлатӣ ва дигар ҷашнҳои миллӣ, ки барои ҳар шаҳрванди кишвар азизу гиромист, аҳамияти хоса дода шуд.

Бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худи идораи Ҷамъияти дӯстӣ, инчунин дар баъзе Ҷамъиятҳои дӯстии назди он ва баъзе марказҳои миллию фарҳангӣ бо кӯшиши масъулони ташкилот ҷаласаҳо доир гаштанд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро чун ҳамеша дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, вазоратҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ ва фарҳангӣ пеш бурд.

6 марти соли 2020 дар инҷо ҷаласаи ҳисоботии солонаи Раёсат баргузор гардид, ки аксарияти Шумо шоҳиди он будед.

Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, намояндагиҳои он дар вилоятҳо, Ҷамъиятҳои дӯстии алоҳида, марказҳои фарҳангии ташкилотҳои ақаллиятҳои миллӣ кори худро дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба роҳ монданд. Ҳисоботи худи Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, раисони ҷамъиятҳои алоҳида шунида мешавад.

Дар охир қайд намудан зарур аст, ки дар соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва хуруҷи пандемияи CОVID-19 дар аксар кишварҳои олам таъсири худро расонд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, дар баробари дигар давлатҳо аз сироятии коронавирус эмин намонд.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ, намояндагиҳо ва Ҷамъиятҳои алоҳида ҳамаи чорабиниҳои асосии барои соли 2020 ба нақша гирифташударо иҷро намуда, илова бар он чандин чорабиниву иқдоми назарраси пурракунандаи вазифаҳои оинномавиро ба Ҷо оварданд ва имрӯз ин фаъолият аз ҷониби ҳозирон баҳогузорӣ мешавад».

Сипас, муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарипова дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2020 ҳисобот дод. Муҳимтарин рӯйдодҳо, чорабиниҳо, ҳамкорӣ бо Сафоратҳо, иштирок дар Форумҳо, ҳамкори бо шарикон махсус қайд гардид.

Баъдан, сухан ба раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Афғонистон» Қосимшо Искандаров дода шуд. Қ. Искандаров оиди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, нуқтаҳои муҳим ба фаъолияти ҶДРФТ марбути он диққати махсус доданд.

Дар охири ҷаласаи ҳисоботии солона, нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2021 муҳокима гардид.

Масъалаи қабули қарорҳо «Дар бораи ҳисоботи фаъолияти Раёсати ҶДРФТ дар соли 2020», «Дар бораи тасдиқи нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2021» бо назардошти пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.

06 Январь 2021

VII-умин Форуми анљуманњои дўстї бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттањид, 75-солагии Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї ва 95-солагии Россотрудничество

 

28 декабри соли 2020 бо ташаббуси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї (минбаъд ЉДРФТ) якљоя бо Намояндагии  Россотрудничество дар Тољикистон ва бо дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Љумњурии Тољикистон – бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии мустаќар дар шањри Душанбе, раисони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњида, бо фарогирии зиёиёни маъруф, роњбарони иттињодия ва марказњои фарњангии аќаллиятњои миллї, донишљўён ва намояндагони ВАО Форуми VII-уми  анљуманњои дўстї бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттањид, 75-солагии Ѓалаба дар Љанги Бузурги Ватанї ва 95-солагии Россотрудничестворо доир гардид.

Чорабиниро Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо ин рўйдоди муҳим самимона табрик намуд. Таъкид кард, ки ташкил намудани Форуми анҷуманҳои дўстӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, ки бо ташаббуси ЉДРФТ, Сафорати Федератсияи Россия дар Љумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Россотрудничество баргузор мешаванд, барои таҳкими дўстӣ ва бародарии халқу миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ва берун аз он мусоидат менамоянд. Суханронии Сайдулло Хайруллоев бо забони руссї замима мегардад.

         Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов иброз дошт, ки баргузории силсилаи Форумњо ва Форуми кунунї, барои љомеаи имрўза махсусан муҳим арзёбї мешавад ва ба љавонон имкон медиҳад, аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқу миллатҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо кунанд. Аз Раёсати ЉДРФТ сипосгузор буд, ки чунин чорабиниҳоро доир менамояд.

         Баъдан, иљрокунандаи Роҳбари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иванов Иван Сергеевич суханронӣ намуд. Зимни баромади худ ба фаъолияти ҶДРФТ таҳти роҳбарии Сайдулло Хайруллоев баҳои баланд дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ЉДРФТ дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои қаробати қавму миллатҳои гуногун, боз намудани роҳи муколамаи сулҳ ва рушди љомеаи шаҳрвандї нақши арзанда дорад.     Сипас, муовини Раиси Раёсати Љамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарифова бо маърўзаи аз таърихи 95-солагии Россотрудничество ва њамкории 62-солаи ин ташкилоти маъруф бо ЉДРФТ маърўза кард. Инчунин, академик, раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, љонишини раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Россия» Мењринисо Наѓзибекова, раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Куба» Љўра Латипов, намояндаи Маркази миллӣ фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон Мирхайдарова Таскира, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Япония» Умед Мансуров ва дигарон суханронї намуданд.

Дар Форуми VII-уми анљуманњои дўстї намояндагони Сафоратњои Россия, Ќазоќистон Алї Беркинбай (котиби II-ум), Ўзбекистон Турсунбеков, Мардонов (котиби якум), Туркманистон Бабаев Мердан (котиби якум), инчунин кормандони Маркази илму фарњангии Россия дар Тољикистон, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Беларус» Исроил Мирзоалиев, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Германия» Рањматулло Кучов, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ќазоќистон» Каиржан Курбанова, раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Ќирѓизистон» Мирзо Шукурзода, раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Туркия» Муњиба Мањмадљонова,  раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – Афѓонистон» Ќосимшо Искандаров, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» Умед Мансуров, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» Соќибой Султонов, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тоҷикистон – БЕНИЛЮКС» Парвина Ќурбонбекова, референти ЉДРФТ дар вилояти Хатлон Роњила Давлатова, раиси Маркази миллӣ фарҳангии «Дуслик»-и тотору бошқирдҳои Тоҷикистон Римма Хамзина, аъзои маркази мазкур Таскира Мирхайдарова, коргоњи эљодии «Оро» Манзура Улљабоева, раиси Ташкилоти осетинњои Тољикистон «Иристон» Зарифа Гуссаова, собиќадори ЉДРФТ Лустин Александр, кормандони ЉДРФТ, дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалї ибни Сино ва намояндагони васоити ахбори омма ва дигарон иштирок карданд.   

Дар анҷоми Форум Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Љумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов ба Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев Сипосномаи Намояндагии Россотрудничество таќдим намуд, Сайдулло Хайруллоев ба роњбари Намояндагии  Россотрудничество дар Тољикистон Иванов Иван Сергеевич, фаъолони ЉДРФТ Хамзина Римма, Пушкарёва Валентина, Хаджаева Людмила, Мансуров Умед Ифтихорномаи Раёсати ЉДРФТ-ро супориданд.

Инчунин, аз тарафи дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (яке аз ниҳодҳои анҷуманҳои дўстии «Тоҷикистон бо кишварњои БЕНИЛЮКС ва Ўзбекистон») барои иштирокчиён вобаста ба мавзўи Форум барномаи љолиби консертї пешкаш карда шуд.

Форуми VII-уми  анљуманњои дўстї дар рўҳияи бародариву рафоқат ва ифтихормандӣ баргузор гардида, дар ватани сулҳпарвари Тоҷикистон - хонаи умеди халқу миллатҳои гуногун дар њамдастии ЉДРФТ, Намояндагии Россотрудничество ва Сафорати Федератсияи Россия рўйи кор омад ва намоишдиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Тоҷикистон дар масъалаи муносибати байни халқҳову давлатҳо зуҳур кард.

 

17 Сентябрь 2020

        Дипломатияи парлумонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таърихи наздик ба сињсолаи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ назар афканда, мебинем, ки дар ин самти муҳим корҳои арзанда ба анҷом расида, дар баланд бардоштани иқтидори кишвар ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёд рӯи кор омадаанд.

Парламентаризми муоссири тоҷик дар даврони истиқлолият дар баробари ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ аз ҷумла рушду тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, инчунин дар ҷалби сармояи беруна ба лоиҳаҳои гуногуни кишвар низ нақши муассир дошт.       

Парлумони касбии мамлакат тайи бистсолаи охир бо шарофати сиёсати «дарҳои боз» ва ҷалби парлумонҳои дунё ба ҳамкории судманд дар кишвар лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаҳои саноат, энергетика, коммуникатсия амалӣ намуд, ки барои рушди устувори давлати мо заминаҳои мустаҳкам гузоштаанд.

Имсол парлумони касбии мамлакат 20-сола шуд. Дар ин росто мо наметавонем дар бораи яке аз асосгузорони парлумони касбии мамлакат - нахустин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҳарф назанем.

Шахсиятеро, ки дар борааш ҳарф мезанем, ба тарғибу дастгирӣ эҳтиёҷ надорад. Андешаҳои ӯ, суханонаш кайҳост, ки ба дили мардум роҳ ёфта, кору пайкори созандааш дар таърихи парламентаризми тоҷик ба ҳайси роњбари нахустин парлумони касбии мамлакат машҳур гаштааст.Бо номи ин абармарди миллат таърихи давлатдории тоҷикон пайвастагии ногусастае дорад.

Сайдулло Хайруллоев. Ин ном ба муарифиї ниёз надорад. Зеро аз замони њокимияти шўравї то кунун ин шахсият дар пешгоњи хизмат ба халќу ватан ќоим будаву масъулияти фарзандии худро ифо менамояд.  

Вақт нишон дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар интихоби Раиси парлумони касбии ҷумҳурӣ  Сайдулло Хайруллоев дар солҳои 2000-2010 хато накардаанд. Зеро Маҷлиси намояндагон, ки дар тули фаъолияташ ба нафъи халқу ватан хидмат карданро мақсади асосии худ қарор додааст, имрўз ба як мақоми шоиста, боэътимод ва устувори қонуният ва адолати мамлакат табдил ёфта, вазифаҳои масъуле ки ба зима дошт, бо сарбаландӣ иҷро карда истодааст. Ин мақоми олии қонунбарор дар ин муддат тавонист, ки вобаста ба талаботи замони муосир ва ҷомеаи тоҷик қонунҳои зиёдеро таҳия ва қабул намояд. Ин қонунҳо, ки дар сатхи меъёрҳои байналмилалӣ танзим гардида, ба тасвиб расидаанд, заминаи рушди устувор ва таъмини суботу амният дар ҷумҳурӣ мебошанд.

Нақши Сайдулло Хайруллоев ҳамчун аввалин Раиси Маҷлиси намояндагон махсусан дар ташаккули парлумони касбї ва дипломатияи парлумонї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бағоят муассир мебошад. Аз нуқтаи назари коршиносони масоили сиёсӣ Сайдулло Хайруллоев ба сифати саpмеъмоpе баpгyзида шуд, ки на танҳо парлумони касбии мамлакатро аз ҷиҳати сиёсӣ таpмим намуд, балки сохтмони онpо баp пояҳои yстyвоpy кӯҳи сифатан нав баpпо намуд.

Бинобар ин солҳои 2005-2010-ум дубора ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардидани ў аз ҷониби кулли вакилон далели ҳамчун ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ ва шахсияти шинохтаву бонуфуз ба шумор рафтани ў байни тамоми  қишрҳои ҷомеаи кишварамон буд. Хидматҳои ў дар вазифаҳои роҳбарии ташкилоту хоҷагиҳои гуногун, роњбарии ноҳияҳо, Кумитаи иҷроияи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар се даъвати Шўрои Олии Тоҷикистон намояндаи мардумӣ фаъолият намудани ў бо овозҳои аксарияти кулл интихоб шудани ўро ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси намояндагон таъмин намуд.

Маҳз дар давраи роҳбарии Сайдулло Хайруллоев ба парлумони кишвар равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ба таври фаъол ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнипалатавии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи миллии Россия дар пойтахти Тоҷикистон рост омад. Мақомоти қонунгузории ду кишвар масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ҳолати заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байни ду давлатро муҳокима карданд. Ғайр аз ин, дар давоми марҳилаҳои ҳамкорӣ ташрифи расмии аъзои раёсат ва дигар намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Россия аз кишварҳои якдигар мунтазам ба вуқӯъ пайваст, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ нақши муҳим бозид. Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба имзо расонида шуда, ҷиҳати татбиқи амалии он комиссияи доимоамалкунанда низ таъсис дода шуд. Баргузории ҷамъомади байнипарлумонии «Тоҷикистон - Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» (Душанбе, августи с.2006) ва Форуми навбатии байнипарлумонии «Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» (Москва, Санкт-Петербург, )-ро метавон аз чорабиниҳои муҳим дар доираи ин муносибатҳо ҳисобид.

Инчунин дар марҳилаҳои гуногуни њамкорї байни ҳарду кишвар созишномаҳои муҳим дар соҳаҳои иқтисод, молия, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расиданд, ки ин ҳамкорињоро байни ин ду шарики стратегї Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин санадҳое, ки байни ду давлат оид ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷорӣ қабул шудаанд, муайян менамуд.

Сайдулло Хайруллоев солҳои роҳбариаш дар парлумонро ба ёд оварда, ќими муаззами дастовару муваффаќияти худро дар эътимоди Пешвои миллат ва њамкорию дастёрии камандаи корї дониста,  чунин мегуяд: «ба ҳамаи онҳое, ки якҷоя кор кардем барои заҳмати пурсамару фидокорона ба хотири пешрафти давлату миллат изҳори сипос менамоям.

Мехоҳам ба вакилони муҳтарам, фраксияҳо ва ҳизбҳои парламентие, ки ҳамроҳам содиқона ба нафъи давлату ҳукумат хизмат кардаанд ташаккури алоҳида гӯям. Зеро ҳамаи онҳо бори гарони масъулияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба дӯш доштанд ва онро аз оғоз то анҷом ба таври шоиста дар ҷой ва мавқеи худ мутобиқ ба талаботи қонун ва воқеият сарбаландона иҷро намуданд.

Фикр мекунам, яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси даъвати ҳамонвақтаи мо ин буд, ки мо – вакилон тавонистем якдигарро бишнавем, ба андешаҳои якдигар эҳтиром гузорем ва мубоҳисаи касбиву коршиносонаро ба анъана табдил диҳем.

Мо дар қабули қарору қонунҳо ҳамеша таносуби дурусти адолатро дар мизони манфиати давлати миллии хеш, халқи Тоҷикистон ва ояндаи давлатдориамон ба ҳадди эътидол риоя намудем. Ва ин нуктаи муҳимми дарёфти адолат кори на ҳар фарди алоҳида, балки натиҷаи маҳсули ҳамдигарфаҳмии парламенти касбӣ буд. Ва якчанд ҷумлаи комилан самимӣ унвонии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтаниям, ки ин ҳама солҳо ҳамроҳи мо – вакилони ҳамон вақта буданд.

Ман онҳоеро ба кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷалб намудаам, ки мудати 20 сол мешавад тамоми тақозои парламентро ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар иқдомҳои дигар  ҳоло ҳам таъмин намуда истодаанд».

Сайдулло Хайруллоев  дар ҳақиқат  ҳамсафи содиқу бовафои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. У аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии ватанамон дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон буд.               «-Мо- тоҷикон миллати тамаддунофар бояд дар атрофии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   муттаҳид гардида,  «ҳушёрии сиёсӣ»-ро набояд аз даст диҳем, зеро он раҳномаи фардои дурахшони Тоҷикистон аст.

Президенти ҳар мамлакат шаҳсутуни ҳамон давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки камари ҳиммат баста, дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва сарватҳои Ватан саҳми беназир бигзорад. Барқарор гардидани сулҳи тоҷикон, ташкили давлати мустақили миллӣ, бунёди иншоотҳои муҳими кишвар далели корнамоии беназири Қаҳрамони ТоҷикистонАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аст. Тоҷикистонро мо бояд мисли Президент дар радифи ҷисму ҷон дўст дорем»-мегуяд Сайдулло Хайруллоев.

«-Мо бояд Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо дорад, дӯст дорем, аз таҷрибаи он сабақ бардорем ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорем»- меафзояд Сайдулло Хайруллоев.

Сайдулло Хайруллоев  ҳеҷ гоҳ барои худаш чизе  ҳам нагуфтааст. Вале барои ободию пешрафти ҷамъият, барои мардум  бисёр гуфтааст.

Мавсуф  аз зумраи он сиёсатмадоронест, ки дар рафти ҷаласаҳои парлумонӣ бо хираду маърифати худ ба андешаҳои вакилон  равшанӣ мебахшид. Дунёи маънавии ў хеле ранги аст. Чаро, ки ў бо олимону адибон, ҳакимону орифон тез- тез сўҳбатҳои илмию адабӣ меорояд.

Сайдулло Хайруллоев вакилони Маҷлиси намояндагонро танҳо ба росткорӣ, адлу адолат некию накукорӣ, арзишҳои маънавии умумибашариро пос доштанд ва баланд бардоштани сифати қонунҳо ҳидоят менамуд. Ин ба ў ба осони муяссар мегардид.  Чаро ки вакилони Маҷлиси намояндагон  ўро самимона дуст медоштанд ва ҳамеша эҳтиромашонро ба ҷо меоварданд.

Сайдулло Хайруллоев ҳангоми фаъолияташ дар парлумони касбии мамлакат ҳамеша таъкид мекарданд, ки бунёди ҷомеаи солиму мутамаддин орзую омоли ҳар як миллату халқияти олам буда, барои эъмори он бояд ҷаҳду талош кард. Аз ин хотир мутахасисони бахшҳои мухтаталифи ҷомеаро лозим аст, ки мавқеи солимро ихтиёр намуда, бо ахлоқи ҳамидаю эҳсоси баланди ватанпарастию худогоҳӣ ба ҷавонон намунаи ибрат бошанд. Мавқеи солим ин якрўю яктан будан аст, ки моро дар ҳамбастагӣ ба ваҳдати комил мерасонад.

Ҳамроҳи Устод  борҳо ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафари кори намудаам. У дар ҳама ҷо азизи мардум астКуҷое, ки нону намаки мардумро хурдааст онҷоро поку азиз пос доштааст.

Аз ҳама муҳимаш Сайдулло Хайруллоев аз ҷумлаи чунин симоҳои намоёни кишвар аст, ки дар зарфи даҳ соли фаъолияташ тавонист Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳуриро баҷаҳониён ба таври мусбат арзёби намояд.

Ин арбоби намоёни давлатӣ  ҳамчун сиёсатмадори шинохта  ҳамеша дар чорабиниҳои байналмилалӣ аз сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят намуда, манфиатҳои миллии моро аз ҳама боло мегузорадДар тамоми давру замон  ва имрӯз низ ҷомеа ба Сайдулло Хайруллоев  барин шахсиятхои нотакрор, окилу доно  ниёз дорад. Ҳоло ҳам Устод дар вазифаи  Раиси ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои хориҷӣ адои вазифа намуда, бо хирадмандию покизагӣ, гуфтору рафтори худ баҳри солимии ҷомеа гом мебардорад.

Имрӯз дар ҷумҳуриамон Сайдулло Хайруллоев барин сиёсатмадорон ангушт шуморанд. Ӯ ҳоло ҳам  бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқоту вохуриҳо анҷом додаҷавонмардона манфиатҳои миллии моро ҳифз менамоядУ дар роҳ ба сӯи адолат ва гул-гул шукуфии миллат хастаги роҳро  ҳис намекунад. Бузургии ӯ дар сарҷаъмии миллат аст. Аз ҳама муҳимаш барои чунин ҷавонмардон ҳеҷ гоҳ маҳал вуҷуд надорад

Дар ӯ сифатҳои зиёди инсонии олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан ба ҳам омадаанд.

Дар таърихи соҳибистиқлолии рушди парламентаризми муоссири тоҷик Сайдулло Хайруллоев шахсиятест, ки натанҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи парламентаризм, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии миллии ниёгонамон хизматҳои намоён кардаанд.

Сайдулло Хайруллоев аз ҳеҷ гуна андешаи мухолиф, назарҳои танқидомез ва суханҳои муқобил ҳарос надошт ва ҳоло ҳам надорад. Ӯ ҳамеша ҳақиқатро мепазирад. Зеро ҳар нафаре, ки барои давлату миллат хизмат кардааст, масъулияти давлату миллатро дар қадршиносии худ пайдо менамояд.

Сайдулло Хайруллоев ба тарбияи кадрҳои ҷавон диққати ҷиддӣ медиҳад. Чаро, ки худаш дастпарвари мактаби камолоти даврони шуравист.

«Ёд дорам солҳои роҳбариям дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ  Роҳбарияти олии кишвар дар даврони шуравӣ ва имрӯза нисбати мо кадрҳои ҷавон хеле сахтгиру серталаб буданд. Мудом мо ҷавононро дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги созандагии кишвар дастгири менамуданд. Падарона моро ғамхорӣ менамуданд»-мегуяд Сайдулло Хайруллоев.

Ҳадафи навиштани ин сатрҳо пеш аз ҳама ҳимояи корҳои неки оғозгардидаи Сайдулло Хайруллоев дар парлумони касбии мамлакат солҳои 2000-2010 мебошад. Сайдулло Хайруллоев ҳоло ҳам дар баромадҳояш борҳо таъкид менамояд, ки мақсади асосии мо муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин ҷода мо бояд ба одитарин ва олитарин хислати инсонӣ қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат такя намоем.

Сайдулло Хайруллоев рӯзи 10 августи соли 2020 ба сини мубораки 76 медарояд. Мо аз номи аҳли адаб, онҳое, ки ин ходими намоёни давлатиро изату эхтиром менамоянд, ҳайати эҷодии рузноманигорон ин шахсияти таърихиро табрику муборакбод намуда ба ӯ пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри пурбаракат орзу намуда, ҳамеша хоҳони онем, ки дар куҷое, ки набошад сиҳату саломат бошад

Мо бояд заҳматҳои фарзандони бузургу сарсупурдаи миллатамонро қадр намоем, то аз ин қадршиносӣ ояндагон ҳикмат ва таҷриба бардоранд.

 

Муҳамадато Султонов

журналист

Бознашр аз рўзномаи «ИмрӯзNews»

№ 129 (2128), сањ. 1-6-7 аз 7 августи соли 2020

 

http://imruz.tj/tj/articles/10784/  

Бинобар ин солҳои 2005-2010-ум дубора ба вазифаи Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардидани ў аз ҷониби кулли вакилон далели ҳамчун ходими намоёни ҳизбиву давлатӣ ва шахсияти шинохтаву бонуфуз ба шумор рафтани ў байни тамоми  қишрҳои ҷомеаи кишварамон буд. Хидматҳои ў дар вазифаҳои роҳбарии ташкилоту хоҷагиҳои гуногун, роњбарии ноҳияҳо, Кумитаи иҷроияи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, ҳамчунин дар се даъвати Шўрои Олии Тоҷикистон намояндаи мардумӣ фаъолият намудани ў бо овозҳои аксарияти кулл интихоб шудани ўро ба мақоми баланди Раиси Маҷлиси намояндагон таъмин намуд.

Маҳз дар давраи роҳбарии Сайдулло Хайруллоев ба парлумони кишвар равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ба таври фаъол ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2005 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байнипалатавии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Федератсияи Россия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи миллии Россия дар пойтахти Тоҷикистон рост омад. Мақомоти қонунгузории ду кишвар масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ҳолати заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байни ду давлатро муҳокима карданд. Ғайр аз ин, дар давоми марҳилаҳои ҳамкорӣ ташрифи расмии аъзои раёсат ва дигар намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Россия аз кишварҳои якдигар мунтазам ба вуқӯъ пайваст, ки ҷиҳати таҳкими минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ нақши муҳим бозид. Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба имзо расонида шуда, ҷиҳати татбиқи амалии он комиссияи доимоамалкунанда низ таъсис дода шуд. Баргузории ҷамъомади байнипарлумонии «Тоҷикистон - Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» (Душанбе, августи с.2006) ва Форуми навбатии байнипарлумонии «Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» (Москва, Санкт-Петербург, )-ро метавон аз чорабиниҳои муҳим дар доираи ин муносибатҳо ҳисобид.

Инчунин дар марҳилаҳои гуногуни њамкорї байни ҳарду кишвар созишномаҳои муҳим дар соҳаҳои иқтисод, молия, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар санадҳои муҳим ба имзо расиданд, ки ин ҳамкорињоро байни ин ду шарики стратегї Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин санадҳое, ки байни ду давлат оид ба самтҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷорӣ қабул шудаанд, муайян менамуд.

Сайдулло Хайруллоев солҳои роҳбариаш дар парлумонро ба ёд оварда, ќими муаззами дастовару муваффаќияти худро дар эътимоди Пешвои миллат ва њамкорию дастёрии камандаи корї дониста,  чунин мегуяд: «ба ҳамаи онҳое, ки якҷоя кор кардем барои заҳмати пурсамару фидокорона ба хотири пешрафти давлату миллат изҳори сипос менамоям.

Мехоҳам ба вакилони муҳтарам, фраксияҳо ва ҳизбҳои парламентие, ки ҳамроҳам содиқона ба нафъи давлату ҳукумат хизмат кардаанд ташаккури алоҳида гӯям. Зеро ҳамаи онҳо бори гарони масъулияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба дӯш доштанд ва онро аз оғоз то анҷом ба таври шоиста дар ҷой ва мавқеи худ мутобиқ ба талаботи қонун ва воқеият сарбаландона иҷро намуданд.

Фикр мекунам, яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси даъвати ҳамонвақтаи мо ин буд, ки мо – вакилон тавонистем якдигарро бишнавем, ба андешаҳои якдигар эҳтиром гузорем ва мубоҳисаи касбиву коршиносонаро ба анъана табдил диҳем.

Мо дар қабули қарору қонунҳо ҳамеша таносуби дурусти адолатро дар мизони манфиати давлати миллии хеш, халқи Тоҷикистон ва ояндаи давлатдориамон ба ҳадди эътидол риоя намудем. Ва ин нуктаи муҳимми дарёфти адолат кори на ҳар фарди алоҳида, балки натиҷаи маҳсули ҳамдигарфаҳмии парламенти касбӣ буд. Ва якчанд ҷумлаи комилан самимӣ унвонии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтаниям, ки ин ҳама солҳо ҳамроҳи мо – вакилони ҳамон вақта буданд.

Ман онҳоеро ба кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷалб намудаам, ки мудати 20 сол мешавад тамоми тақозои парламентро ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар иқдомҳои дигар  ҳоло ҳам таъмин намуда истодаанд».

26 Август 2020

 МУЛОҚОТ БАЊРИ ГУСТАРИШИ ЊАМКОРИЊО

Чанде пеш Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Исломии Покистон дар Тољикистон љаноби Имран Њайдар, атташеи тиҷоратї Рашид Имтиёз ва корманди ин Сафорат Гулрухсор Рањимоваро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғоз С. Хайруллоев мењмононро бо таърих, фаъолият ва вазифањои ЉДРФТ, Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» шинос карда, ќайд намуд, ки Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї њамчун тањкимбахши дўстии халќњо ва равобити фарњангии байни онњо, ташвиќгари сиёсати хориљиву дохилии давлат дар масъалаи муносиботи байналмилалї кори худро дар самти иљрои вазифањои оинномавї, таъмини пешрафти фаъолияти љамъиятњои дўстии дар доираи он амалкунанда, ќавитар гардонидани иртибот бо иттињодияњо ва марказњои миллию фарњангии аќаллиятњои миллї, густариши њамкорї бо сафоратњои давлатҳои хориҷии мустақар дар пойтахти Тољикистон ва ташкилотњои байналмилалии муќими кишвар, инчунин бо сафоратњои Тољикистон дар давлатњои гуногун, бо марказҳои фарҳангии тоҷикони бурунмарзӣ ва ѓайра анљом медињад.

ЉДРФТ ва намояндагињои он дар вилоятњо бо љалби доирањои васеъи ќишрњои гуногуни љомеъаи шањрвандї – ташкилотњои љамъиятию сиёсї, муассисањои илмиву фарњангї ва тањсилоти олї, анљуманњои њамрадифи худ –зимни дигар њадафњо – бештар дипломатияи мардумиро ривољ медињад.

Дар чорабинињои мо иштирок кардани сафирон ва намояндагони корпуси дипломатї ифодагари эњтироми онњо нисбати фаъолияти бисёрљонибаи мост”, – хулоса кард С. Хайруллоев.

Дар ҷараёни вохӯрӣ љонибҳо оиди аз қадим дар қораи Осиё ба ҳам хеле наздик зистани ањолии ду кишвар, умумиятҳои диниву мазҳабӣ, шабеҳият доштани урфу одат, анъанаву расму ойини онњо, ба хусус тавъам будани маданияти маишии мардуми Покистон бо сокинони Бадахшони Тоҷикистон; ҳанӯз чањорсад сол қабл дар ҳудуди Покистони имрӯза маскун шудани тоҷикон ва то ҳанӯз дар шаҳрҳои Панҷобу Кашмир ва Лоҳури қаламрави он (зиёда аз 1 миллиону 220 њазор, бино бар маълумоти с. 2012) иқомат доштани онњо, хеле монанд будани забонҳои тоҷикиву урду, ҳатто қариб бе тарҷумон ҳамдигарро фаҳмидани соҳибони ин забонҳо ва ѓ. суњбат карда, ба хулоса омаданд, ки ин њама моро боз ҳам наздиктар мекунанд.

Љаноби Имран Ҳайдар зимни суханронї қайд кард, ки ҳангоми тамошои экспонатҳои Осорхонаи археологии Институти таърихи Академияи миллии илмњои Тољикистон ба чунин қаробат бештар мутмаъин гашт.

Дар љараёни мулоқот қайд гардид, ки таърихи робитаҳои дўстона ва иқтисодии байни Тоҷикистону Покистони аз даврони хеле қадим маншаъ гирифта, дањсолањои охир муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, њамвора робитаҳои фарҳангӣ хеле густариш ёфтанд.

Кормандони ЉДРФТ ёдовар шуданд, ки либосњои ширкати “Табани”, болопўшњо, пойафзор ва дигар колои аз чарми табиї дўхташудаи истењсоли Покистон дањсолањост, байни сокинони Тољикистон хеле маъмул ва мавриди ниёзанд.

Зимни суњбат дар мавзўъи робитањои илмиву адабї таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо иштироки олимони иқболшиноси ҳарду ҷониб ва дӯстдорони ашъори аллома Муҳаммад Иқбол баргузор кардани конфронсҳои байналмилаливу маҳфилҳои адабї анъана гаштааст.

Сайдулло Хайруллоев аз адибони шинохтаи ҳарду кишвар - шоири муборизи покистонӣ Файз Аҳмади Файз ва Шоири халқии Тоҷикистон, вассофи сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзода, аз ќаробати нек ва њатто меҳмони хонадони ҳамдигар шудани онњо ёдовар гашта, чанд мисраъ аз достони “Љони ширин”-ро ќироат кард, ки барои њозирон љолиб буд.

Љаноби Имран Њайдар, ки ќаблан бо раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» академик Кароматулло Олимов мулоќот дошт ва аз њадафу дастовардњои ин зерсохтори ЉДРФТ огоњ буд, оиди ривољи бештари муносибатҳои иқтисодиву тиљоратї, сайёҳиву фарњангї бо Тоҷикистон сухан карда, иброз дошт, ки Сафорати Покистон омода аст бо ЉДРФТ њамкории зичтаре дошта бошад ва ҳар иќдомеро, ки анљумани дўстї дар ин љода мегузорад, њатман дастгирї хоњад ёфт.

Љаноби Имран Ҳайдар изҳор дошт, ки мардуми калонсоли Тоҷикистон оиди Покистон бисёр чизҳоро медонанд, вале мутаассифона, насли ҷавон дар бораи мамлакаташ кам тасаввурот дорад. Ў пешниҳод кард, ки бањри ислоњи ин камбуд дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон дар мавзӯъи “Покистон чӣ гуна кишвар аст?” ё “Оиди Покистон чињо медонї?” озмуни иншо гузаронида шавад ва баъди натиҷагирӣ Сафорат омода аст ғолибони се ҷойи аввалро бо ҷоизаҳо қадр намояд.

Сафири Покистон ҳамзамон аз кам будани теъдоди донишҷӯёни покистонӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки дар ин самт њамроњ бошем ва ба ќадри салоњиятњоямон чора андешем.

Љаноби Сафир Имран Њайдар дар рафти суњбат пешниҳод намуд, ки барои рушди муносибатҳои њам дӯстиву њам фарҳангӣ якҷоя баргузор кардани фестивалҳои ҷавонон дар муассисањои тањсилоти олї, ки нињодњои љамъиятњои алоњидаи дўстї мебошанд, хеле нишонрас ва айни муддао хоњанд буд.

Сайдулло Хайруллоев аз вохӯрӣ изњори ќаноатмандї намуда, рў ба мењмон иброз дошт: – ҳар Сафире, ки барои беҳбудии муносибатҳои мардумони ду давлат сањми назаррас мегузорад, назди давлату халќаш хидмати бузургеро анҷом медиҳад. Эњсос мекунам, ки Шумо дар ин роњ иродати бештаре доред – ва афзуд: -банда аз номи ташкилоти худ пешниҳод менамоям, ки барои сафари аъзои Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон – Покистон” ба кишваратон мусоидат намоед, то бо ањли фарњанги давлати Шумо ќаробат њосил шавад. Инчунин ба таъсиси Ҷамъияти дӯстии “Покистон – Тоҷикистон” мусоидат намоед ва агар Шумо ҳамин корро анҷом диҳед, дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Покистон ва наздикшавии халќоямон саҳифаи наве хоҳед кушуд. Агар мову Шумо баъд аз Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода тавонем муносибатҳои ҳарду кишварро тавассути дипломатияи мардумї густариш дињем, як хидмати хеле муҳим ва бузурге мебуд барои баъдинагон.

Муовини Раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарифова аз ќадимияти муносибатњои мардумони њар ду кишвар ёдовар шуда, гуфт, ки таърихи гузаштаи дури Покистон амиќ буда, то ба даврони Њараппи мерасад. Ба тамаддуни ҳавзаи Ҳимолой ва Ҳиндукуш таваҷҷўҳ намоем, хоњем дид, ки таърихи беш аз панљњазорсоларо дар бар мегирад ва ин муқаддамтар аз тамаддуни ҳиндуориёист.

Доираи мањдуд бохабаранд, ки иддае, аз олимони рус аз асри XVIII инљониб оиди муштарак будани таъриху фарњанги “фарзандони пояи Ҳимолой” (дар ин љумла фарҳанги маишии тоҷикони Бадахшони Тоҷикистон ва њавзаи Зарафшон низ) тадќиќоти хеле љолиб доранд. Метавонем, онњоро асос карда, маълумотнома ё рисолае ба табъ расонем ва ё филме офарида, тариқи телевизионҳои ҳар ду давлат намоиш диҳем, то ҳамаи он дастовардњои таърихнигорї дар рафњои китобхонаҳо зери гард намонанд ва мо онњоро берун оварда, ба мардумони кишварҳоямон ҷилвагар созем... Вақте қаробати халқҳо ва махсусан умумияти таърихиашонро исбот мекунед, сарҳадҳо аз байн бардошта мешаванд. Яъне вақте “тамаддуни фарзандони пояи Ҳимолой” мегӯем, чандин халқу миллатҳоро бо ҳам муттаҳид мегардонем.

Љаноби Сафир ёдовар гашт, ки ҳамкориҳои тарафайн самарабахш хоҳанд буд ва ҷониби Покистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, тадбирҳо андешида, монеаҳои мавҷударо бартараф менамояд, то ҳамкориҳо бо ЉДРФТ беш аз пеш боровар ва қавитар бошанд.

Акси хотиравї: бо иштирокчиёни вохўрии Сайдулло Хайруллоев ва Имран Њайдар, 12 августи соли 2020

 

Дар фарљом роњбари ЉДРФТ С.Хайруллоев ба љаноби Имран Њайдар ду албоми мусаввари ба наќши Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бахшидашуда, як паннои бадеї ва чанд шумораи маљаллаи «Дўстї»-ро пешкаш кард.

Дар вохўрї раиси Кумитаи сулњу ризоияти миллии Тољикистон Латофат Шарипова, кормандони ЉДРФТ Заур Дахте, Мирзо Абдуллоев ва Файзулло Тиллоев иштирок доштанд. 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Апрель 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30