Вохўрии Сайдулло Хайруллоев бо профессор Расули Раҳин

Автор 
Оцените материал
(1 Голосовать)

DSC 7142

14 июни соли 2017 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев бо профессор Расули Раҳин мулокот кард.

 

DSC 7204

Сайдулло Хайруллоев оид ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ маълумот дода, ҳамзамон аз меҳмон таклиф ба амал овард, ки минбаъд ҳамкориро бо ниҳоди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ – Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – бо кишварҳои Скандинавия» таквият диҳад. Аз ҷумла дастрас намудани маҳаллаи илмиву фарҳангии «Ориён бурунмарзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофики максад мебошад. Ба ин васила доираи васеъи хонандагон бо тадкикоти илмии олимони бурунмарзии форсизабон ошноии бештар пайдо мекунанд. 

DSC 7228

Зимни суханронии худ Расули Раҳин кайд намуд, ки айни ҳол дар Стоголм икомат дорам. Аз соли 1996 маҳаллае бо номи «Ориён бурунмарзӣ» таъсис дода, то ҳол нашр мешавад. Маҳалла барои доираи васеи хонандагони форсизабон пешбинӣ шудааст. Дар он макола ва маводи пажуҳиш вобаста ба илму фарҳанг, ки дар Афғонистон имкони нашр кардан надорад, рўи чоп оварда мешаванд. Маҳалла фарогири мавзўъҳои ғолиб доир ба авзои сиёсӣ, таҳаввулоти феълии Афғонистон мебошад.

DSC 7255

Ў ба таълифи китобҳои илмӣ дар бораи фарҳанг, забон ва таърихи Афғонистон машғул мебошад. Ҳамзамон профессор Рсули Раҳин масъули нашрияи семоҳаи паҷуҳишии «Ориёноӣ бурунмарзӣ», нашрияи сиёсӣ-фарҳангии «Ховарон» ва ғайра мебошад. Бино ба маълумоти Расули Раҳин дар заминаи корҳои илмии олимони афғони бурунмарзӣ дар се ҷилд китоби алоҳида нашр шудааст.   
Асари илмии «Тоҷикони Афғонистон дар гузаргоҳи таърих» бо калами Расули Раҳин тааллук дорад.   

DSC 7273

Дар вохўрӣ муовини Раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муовини раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – бо кишварҳои Скандинавия» Мансур Суруш,  котиби масъули Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – бо кишварҳои Скандинавия» Эмомалӣ Файзов, кормандони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Аъзам Мўсоев, Мавлюда Шарипова, Нигора Нурматова, Файзулло Тиллоев иштирок доштанд.

DSC 7304

Дар охири мулокот Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ба профессор Расули Раҳин китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар китобу маҷаллаи «Дўстӣ»-ро туҳфа намуд.  
Расули Раҳин асари тадкикотии худ «Таърихи матбуоти Афғонистон»-ро ба Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев такдим кард. 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30