Ба ифтихори 25-соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Автор 
Оцените материал
(0 голосов)

Сайдулло Хайруллоев – Раиси Раёсати Љамъияти дўстї

ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї

301120161Дар зарфи 25-соли истиќлолият бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, бо вуљуди ба сар бурдани љанги шањрвандї, дучор омадан ба мушкилоту монеањо тањкурсии давлати соњибихтиёри худро гузоштем, бо љомеаи љањонї пайвастем ва рў ба рушд ќарор дорем. Имрўзњо дар њама љо ва дар њар маврид оиди афзалияту бартарият, файзу баракати истиќлолият сухан меравад. Воќеан, барои њар миллат давлатдории мустаќил дастоварду неъмати бебањост.

Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кашварҳои хориљї (ЉДРФТ), ки таърихи наздики 60-сола дорад, дар фазои соњибистиќлолї мутобиќ ба рисолат ва вазифањои оинномавии худ, якљоя бо зерсохторњояш – 23 Љамъияти дўстї бо мамлакатњои алоњида, дар тањкими дўстию њамдигарфањмии байни халќњо, наздик кардани фарњангњо, таќвияти тањаммулпазирї ва дигар арзишњои умумибашарї сањми назаррас мегузорад.

Љамъиятњои дўстии дар доираи ЉДРФТ амалкунанда дар нињоди Академияи илмњо, мактабњои олї ва дигар сохторњо таъсис дода шуда, њар яке дар самти равобити илмию фарњангиву омўзишї корњои босамар анљом медињад. Солњои охир, баъди таъсиси намояндагињои ЉДРФТ дар вилоятњо, фаъолияти ташкилот тамоми љумњуриро фарогир шуд.

Дар даврони истиќлолият, баъди ифтитоњи Сафоратњои мамолики гуногун дар Тољикистон, иртиботи ЉДРФТ бо намояндагињои дипломатї ва ташкилотњои байналмилалии муќими љумњурї, инчунин, кор бо намояндагони аќаллиятњои миллї ва марказњои фарњангии онњо низ самти муњими фаъолияти ЉДРФТ гашт.

Маљаллаи мавсимии “Дўстї”- нашрияи ЉДРФТ, ки аз соли 2003 ба забони русї ба табъ расида, тарѓибгари босуботи сиёсати давлат дар масъалаи муносиботи байни миллатњо, чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он шинохта шудааст, низ самараи даврони истиќлол мебошад. Маљаллаи “Дўстї” дар фазои иттилоотии љумњурї ва берун аз он маќоми хос дошта, тавассути Љамъиятњои дўстии њаммонанди худ, Сафоратњо ва бо роњњои дигар дар мамолики гуногун пањн мегардад. Боиси ифтихор аст, ки ду нашри махсуси маљаллаи “Дўстї” дар ду саммити Созмони Њамкорињои Шанхай (СЊШ) бахшида ба муносибатњои дуљониба ва робитањои гуногуни Тољикистон бо Хитой (саммити Душанбе с.2014) ва Тољикистон бо Россия (саммити Уфа, с.2015) дастраси сарони давлатњо ва иштирокдорони ин њамоишњои бонуфуз гардид. Бо ибтикори ЉДРФТ ба табъ расидани ду маљмўаи шеърњои намояндагони аќаллиятњои миллїтањти унвони “Единство многообразия” њодисаи муњими њаёти фарњангї ва иќдоми муттањидкунандаи халќњои гуногунтабори Тољикистон буд. Якчанд чорабинї – рўнамоии ин маљмуа дар шањрњои Душанбе ва Норак бо фарогирии теъдоди хеле зиёди ањли љомеа ба иди дўстиву бародарии халќњо табдил меёфт.

Дар панљ соли охир Форуми Љамъиятњои дўстї ва Фестивали дўстии донишљўёни тољик ва хориљї, ки ба њукми анъана даромада, тањти унвони “Гуфтугўи халќњо – гуфтугўи тамаддунњо” доир мешавад, дар тањкими дўстии байни халќњо, махсусан љавонони гуногунмиллати маскуни љумњурї, муттањид кардани онњо зери ѓояњои инсондўстию рафоќат иќдоми боарзиши замон арзёбї мешавад.

Аз иттифоќи њасана истифода бурда, тамоми мардуми азизи љумњуриро бо 25-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон табрику тањният мегўям.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Ноябрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30