САФОРАТИ ХИТОЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

Автор 
Опубликовано:08 Сентябрь 2016
6300 раз Последнее изменение Четверг, 08 Сентябрь 2016 17:19
Оцените материал
(0 голосов)

САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ: «САФОРАТИ ХИТОЙ ДАР ТОҶИКИСТОН ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ҶДРФТ МЕБОШАД» Раиси Раёсати Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин мулоқот намуд. Атташеи Сафорат оид ба робита бо ҷомеа ҷаноби Ҷоу низ ташриф оварда буд

Дар ҷараёни вохўрӣ масъалаи густариши равобити фарҳангӣ ва  илмиву адабӣ баррасӣ гардид. Раиси Раёсати ҶДРФТ ҷаноби Юе Бинро ба муносибати Сафири Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш самимона муборакбод гуфта, ба ў дар иҷрои умури дипломатиаш дар кишварамон барору муваффақиятҳо таманно намуд. Роҷеъ ба фаъолияти ҶДРФТ маълумот дода, Сайдулло Хайруллоев иброз дошт, ки гарчанде мақсади асосии ниҳоди мо тақвияти дўстиву бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ миёни халқи тоҷик ва мардумони кишварҳои гуногун аст, бо қавму миллатҳои дар Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзӣ низ босамар кор мебарад ва ин дар асоси дипломатияи мардумӣ роҳандозӣ шудааст.


Сайдулло Хайруллоев дар идома изҳор дошт, ки дар байни 23 ҷамъияти дўстии алоҳидаи дар назди Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ фаъолиятбаранда Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Хитой» хеле фаъол буда, Ҷамъияти уйғурҳои Тоҷикистон бо мо ҳамкории хуб ва муносиботи қавӣ дорад. 

ҶДРФТ бо Ҷамъияти дўстии мардумии Хитой бо кишварҳои хориҷа низ равобити хуб дошта, бо сарвари он хонум Ли Сяолинь муносибати рафиқона дорем. Миёни ҶДРФТ ва Ҷамъияти дӯстии Шанхай як санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.


Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди ҶДРФТ мебошад,- гуфт Сайдулло Хайруллоев ва афзуд, ки мо дар якҷоягӣ чанд чорабинии фарҳангӣ баргузор намудаем. Аз ҷумла, дар робита ба ташрифи Президенти Ҷумҳурии Мардумии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи баргузории нишасти навбатии Сарони кишварҳои аъзои ШОС, нашри махсуси маҷаллаи «Дўстӣ»-ро бо мусоидати Сафорати кишвари шумо дар Тоҷикистон ба роҳ мондем. Ин маҷалла ба Сарони кишварҳои аъзои ШОС ва иштирокчиёни дигари Саммит тақсим карда шуд ва аз сўи онҳо баҳои баланд гирифт. Сайдулло Хайруллоев ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Хитой босамар арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки таъсиси корхонаҳои хурду бузург ва миёнаи саноатии муштарак, сохтмони роҳҳову пулҳо, нақбҳо ва марказҳои барқу гармидиҳӣ аз равобити хуб доштани ду кишвар ва ҳамсояи дўст гувоҳӣ медиҳад.


«Мо умедворем, ки таъйин шудани шумо ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои мо дар тамоми арсаҳо беш аз пеш мусоидат менамояд», гуфт Сайдулло Хайруллоев. 
Сипас, муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова ва Раиси Ҷамъияти дўстии «Тоҷикистон – Хитой», ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Идигул Тағо низ дар бораи ҳамкориҳои ҶДРФТ ва  ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода бо xониби Хитой ва бо Сафорат андешаҳои хешро иброз доштанд.  
Сафири Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин аз даъвати Раиси Раёсати ҶДРФТ ва пазироии самимии ў изҳори хушҳолӣ ва арзи ташаккур карда, таъкид намуд, ки ман аз таъйин шудана ба ҳайси Сафири Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хушҳол ҳаст, зеро қаблан дар Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун ёвари Сафир фаъолият кардааст. Ҷаноби Юе Бин изҳор дошт: тайи солҳое, ки ман дар Тоҷикистон набудам ва имрўз ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар кишвари шумо қарор дорам, мебинам, ки симои шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир ёфтааст, ин шаҳр боз ҳам зеботар шуда, биноҳои гуногуни баланди маъмуриву истиқоматӣ қомат афрохтаанд. Бо таваҷҷуҳ ба он, ки ман дар Сафорати Хитой дар Тоҷикистон қаблан кор карда будам, аз фаъолияти ҶДРФТ огоҳ ҳастам, бо ин ниҳоди фарҳангӣ ҳамкории зич доштем ва чанд чорабинии муҳими фарҳангиро низ дар якҷоягӣ баргузор намудаем.

Сафири Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин дар идома гуфт, ки ў ба унвони Сафир аз тамоми дониш, маҳорат ва таҷрибаи худ барои тақвияти равобити ҳарду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо истифода хоҳад кард.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Апрель 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30