МУЛОҚОТИ САЙДУЛЛО ХАЙРУЛЛОЕВ БО ХОНУМ ЛИ ОК РЁН

Автор 
Опубликовано:08 Сентябрь 2016
3289 раз Последнее изменение Четверг, 08 Сентябрь 2016 17:09
Оцените материал
(1 Голосовать)

Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев Раиси Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён ва корманди ин ниҳод Ҷанг Ҷихунро ба ҳузур пазируфт. 

 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи фаъолиятҳои ҷамъиятҳои ҳарду кишвар барраси гардид.

 

Сайдулло Хайруллоев нахуст дар бораи фаъолияти ҶДРФТ ва Ҷамъиятҳои назди он фаъолияткунанда маълумот дода, изор дошт, ки айни ҳол 23 Ҷамъити дӯстӣ бо кишварҳои гуногуни хориҷӣ аз ҷумла Ҷамъити дӯстии «Тоҷикистон – Корея» (роҳбараш Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Салимӣ Носир) амал мекунад. 
Сайдулло Хайруллоев  таъкид кард, ки ҶДРФТ аз соли 1958 фаъолият намуда, мақсади асосии он ва дигар ҷамъиятҳои дӯстии наздаш амалкунанда тарғиб ва ташвиқи дӯстӣ, фарҳанг, маданият ва расму оини миллии мардуми  кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва аз кишвари мо дар хориҷ мебошад. Ҳадафи асосии мо фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳанг ва дипломатияи мардумӣ аст.
Ташкил намудани Ҷамъиятҳои дӯстӣ дар заминаи донишгоҳҳо яке аз роҳҳои тақвият бахшидани фаъолияти ин ҷамъиятҳо ва дар ин замина ҷалб намудани ҷавонон, хусусан донишҷӯён дар баргузории чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриҳои гуногун ба шумор меравад. Омeхта шудани забони куриёӣ дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва сол то сол афзудани шумораи мутахассисони ин соҳа таҳкимбахши робитаи Тоҷикистону Кореяро мунтазам пурра мегардонад ва ин боиси пешрафти кишвар низ хоҳад буд.

 

Раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён зимни қадрдонӣ аз пазироии самимонаи Раёсати ҶДРФТ изҳори ташаккур намуда, иброз дошт, ки мақсади сафари мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ бо ин кишвари зебои Осиёи Марказӣ мебошад.
Номбурда зимни тавсифи манзараҳои зебои Тоҷикистон таъкид кард, ки ман қабл аз сафар ба кишвари шумо дар бораи табиати зебо ва мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон, манзараҳои зебои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз тариқи васоити ахбори омма маълумоти муфассал ба даст оварда будам, хусусан, маро бештар ба худ кашиданд ва ман тасмим гирифтам, ки аз ин Ҷумҳурии хушобуҳаво дидан намоям.

 

Хонум Ли Ок Рён дар бораи таърихи таъсиси ин ниҳоди фарҳангии кишвараш маълумот дода, гуфт, ки Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 1994 бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои фарҳанг бо кишварҳои Осиёи Миёна таъсис дода шудааст.
Дар мулоқот масоили дигари мавриди назари ҷонибҳо дар доираи таҳкими дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ баррасӣ гардид.
Дар интиҳои мулоқот Меморандуми ҳамкорӣ байни Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Ассосиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ  ба имзо расид.

 

Хонум Ли Ок Рён ва Ҷанг Ҷихун ҳамроҳи кормандони ҶДРФТ ба Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварда бо роҳбарияти муассиса ва донишҷӯёни бахши куриёгии ин донишгоҳ мулоқот намуд.

Меҳмонон ҳамчунин ба Қалъаи Ҳисор сафар карда, ёдгориҳои меъморӣ ва артефактҳои таърихии дар осорхонаи ин ҷо ҷамъоваришударо мушоҳида намуданд.

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Октябрь 2021 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31