2 августи соли 2018 Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев бо Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич мулоќот анљом дод.
Дар ин мулоќот њамчунин, муовини Раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, раисони Љамъиятњоии дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њабибулло Раљабов, «Тољикистон – Куба» Љўра Латипов, «Тољикистон – Мамлакатњои Араб» Тољиддин Мардонї, «Тољикистон – Ќирѓизистон» Мирзо Шукурзода ва котиби Раёсат Файзулло Тиллоев иштирок ва суханронї карданд.
Раиси Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї Сайдулло Хайруллоев доир ба фаъолияти ташкилот маълумоти муфассал дод. Ў аз љумла ќайд намуд, ки Љамъияти дўстии мазкур соли 1958 таъсис ёфта, дар доираи санадњои меъёрии њуќуќї ва Оинномаи Љамъият њамчун тарѓибкунандаи сиёсати хориљию дохилии давлат дар масъалањои муносибати байналмилалї, дўстии халќњо ва равобити фарњангии байни онњо тадбирњои зиёдеро амалї мегардонд.
Доираи фаъолияти Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї сол то сол густариш меёбад. Агар соли 2002 дар таркиби Љамъият 13 љамъиятњои дўстї бо кишварњои хориљї созмон дода шуда бошад, њоло шумораи онњо ба 23 адад расидааст.
Љаноби Сафир иттилоъ ёфт, ки Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї бо ассотсиатсия ва марказњои фарњангии аќаллиятњои миллии муќими Тољикистон аз љумла, марказњои фарњангии ўзбекзабонони вилояти Суѓд, “Маънавиёт” ва “Ќадрият” иртиботи ќавї ва њамкорињои босамар дорад.
Робитањои дўстї миёни тољикону ўзбекон таърихи ќадим, бою рангин дорад. Дар мулоќот М. Шарипова, Т. Мардонї, Љ. Латипов, Њ. Раљабов ва М. шукурзода бо овардани мисолњои љолиб ин иддаоро таќвият доданд, бо зикри байтњои Абдурањмонї Љомї ва Алишер Навої суњбатро рангин карданд.
Музокироти сатњи олии Тољикистону Ўзбекистон дар доираи сафари давлатии Президенти Љумњурии Ўзбекистон Шавќат Мирзиёев ба Љумњурии Тољикистон судманд дониста шуда, Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ин музокироти дуљонибаро њамчун оѓози марњилаи нав дар муносибатњои ду кишвар арзёбї намуданд.
Сафири Фавќулода ва Мухтори Љумњурии Ўзбекистон дар Љумњурии Тољикистон Шаисматов Эргаш Рахматуллаевич зикр намуд, ки муносибатњои дипломатї байни Љумњурии Тољикистон ва Љумњурии Ўзбекистон аз моњи октябри соли 1992 барќарор шуда бошад њам, иртиботи неку ќарини халќњои њарду давлат решањои ќавии таърихї, равобити неки хешутаборї, урфу одати муштарак доранд.
Дар марњилаи кунунї бо љањду иќдоми неки роњбарони њарду кишвари бо њам дўст шароит фароњам омадааст, ки њамкорињо дар тамоми самту соњањо густариш ёбанд.
Дар ин амали нек созмонњои љамъиятї низ метавонанд сањми арзанда дошта бошанд.
Котиби Раёсати
Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии
Тољикистон бо кишварњои хориљї Файзулло Тиллоев