НАТИҶАГИРИИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ

Автор 
Опубликовано:08 Сентябрь 2016
5753 раз Последнее изменение Четверг, 08 Сентябрь 2016 17:36
Оцените материал
(0 голосов)

НАТИҶАГИРИИ ҶАМЪИЯТИ ДЎСТӢ ВА РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХУД Дар Маркази илму фарҳанги Россия (Россотрудничество) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) баргузор  гардид.

 

 

Нишасти мазкур таҳти раёсати Раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта, дар он аъзои Раёсати ҶДРФТ, масъулони Намояндагиҳои ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисон ва намояндагони Ҷмъиятҳои дўстӣ бо кишварҳои  алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ амал мекунанд, сарварони  иттиҳодияҳо ва  марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, ки бо ин ташкилоти собиқадор ҳамкорӣ доранд, Сарвари Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Курнушко Владислав Олегович, намояндагони Сафоратҳои Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон ва даъватшудагони дигар иштирок карданд.

 

Ҷалсаро Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо масъалаҳои ҷаласа, ки аз «Ҳисоботи Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ» ва «Тасдиқи нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2016» иборат буд, шинос намуд.

 

Сипас, муовини Раиси Раёсати ҶДРФТ Мушаррафа Шарифова дар назди ҳозирон аз натиҷаи фаъолияти яксолаи ҶДРФТ гузориш дод. Зикр гардид, ки Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ кори худро дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, пешрафти фаъолияти Ҷамъиятҳои дўстии дар доираи он  амалкунанда, қавитар кардани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, густариши ҳамкорӣ бо сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, сафоратҳои Тоҷикистон дар  кишварҳои дигар анҷом дод.

 

 

Дар давраи ҳисоботӣ сомонаи интернетии ҶДРФТ (www.friendship.tj) ҳамарўза мулоқоту чорабиниҳои доиркардаи Раиси Раёсати ҶДРФТ ва Ҷамъиятҳои дўстии дар назди он фаъолиятбарандаро бо аксҳои ҷолиб манзури истифодабарандагон мекунад. Нашри маҷаллаи мавсимии «Дўстӣ»-и ҶДРФТ идома ёфта, дар давраи ҳисоботӣ чаҳор шумораи он ба табъ расид. Дар ҳамаи шумораҳо ба мавзӯи асосии сол-70 солагии Ғалаба бар фашизм таваҷҷуҳи бештар дода шуда, нақши Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин ғалаба бо маводи ҷолиб барҷаста тасвир гардид. Дар шумораи сеюми маҷалла 70 - солагии Ғалаба бар фашизми ҷаҳонӣ ва таҷлили он бо иштироки Сарони кишварҳои дахлдори ин ғалаба, иштироки раёсатҳои ҳарбӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Пекин мавод ҷой дода шуд, ки дар байни ВАО-и ҷумҳурӣ назаррастарин буд. Шумораи дуввуми маҷаллаи "Дӯстӣ", ки чун нашри махсус пурра ба муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангии Тоҷикистон ва Россия бахшида шудааст, дастраси иштирокчиёни Саммити Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон гардид.

 

 

Инчунин хоҳишмандон, раисони баъзе аз Ҷамъиятҳои дўстии назди ҶДРФТ амалкунанда, сарварони иттиҳодияҳои ақаллиятҳои миллӣ ва роҳбарони марказҳои миллӣ оиди фаъолияташон дар соли 2015 маълумот доданд. Ҳисобот¸о мавриди баррасӣ ва арзёбии ширкаткунандагон қарор гирифта, фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2015 қаноатбахш ҳисобида шуд.

 

Дар ҷаласа Нақшаи кории ҶДРФТ барои соли 2016 муҳокима гардида, бо назардошти пешниҳодҳои тоза тасдиқ гардид. Ҷаласаи ҳисоботӣ бо қабули қарорҳои дахлдор оид ба фаъолияти ҶДРФТ дар соли 2016 ҷамъбаст гардид.

 

Дар фароварди ҷаласа аз тарафи Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев фаъолони ҶДРФТ Виктор Ким ва Таскира Мирҳайдарова барои фаъолияти пурсамарашон дар таҳкими дўстӣ ва тақвияти робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бо Ифтихорномаҳои ҶДРФТ қадрдонӣ шуданд. 

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31