Натиҷаи фаъолияти солона

10190 раз Последнее изменение Среда, 07 Февраль 2018 14:15
Оцените материал
(3 голосов)

1 DSC 446131 январи соли 2018 дар идораи Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї (минбаъд ЉДРФТ) љаласаи њисоботии солонаи Раёсати Љамъияти мазкур баргузор  гардид.

Нишасти мазкур тањти раисии Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев сурат гирифта, дар он масъулони Намояндагињои ЉДРФТ дар вилоятњо, раисон ва намояндагони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњидаи дар доираи ЉДРФТ фаъолияткунанда иштирок доштанд. Аз љумла Раиси Раёсат Сайдулло Хайруллоев, муовини Раиси Раёсат Мушаррафа Шарипова, котиби Раёсат Файзулло Тиллоев, сармуњаррири маљаллаи «Дўстї» Мавлуда Шарифова, референт Аъзам Мўсоев, сармутахассис Ибод Ѓафуров, намояндагињои ЉДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова, дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Хушќадам Асматуллоев, аз Љамъиятњои дўстии назди ЉДРФТ фаъолияткунанда  раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Идигул Таѓо, муовини ў Рухшона Восиева, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Германия» Хайрулло Сайфуллоев, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Афѓонистон» Ќосимшо Искандаров, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Њиндустон» Њайбатулло Шодиев, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Покистон» Кароматулло Олимов, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркия» Машњура Вазирова, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Россия» Мењринисо Наѓзибекова, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Туркманистон» Илњомљон Оймуњаммадзода, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќирғизистон» Мирзо Шукурзода, котиби масъули Љамъияти дўстии «Тољикистон – Ќазоќистон» Каиржан Ќурбонова – котиби масъул, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Эрон» Мирзо Муллоањмадов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» Анвар Абдурасулов, аъзои Љамъияти дўстии «Тољикистон – Украина» С.Ф. Љаъфаров, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Куба» Њамро Норќулов, муовини раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Япония» Умед Мансуров, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Франсия» Соќибой Султонов ва намояндагони дигар љамъиятњои дўстии алоњида иштирок доштанд.

Љаласаро Раиси Раёсати ЉДРФТ Сайдулло Хайруллоев ифтитоњ намуда, њозиронро бо масъалањои љаласа, ки аз «Њисоботи солонаи Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар соли 2017», «Муњокима ва тасдиќи наќшаи кории Раёсати ЉДРФТ барои соли 2018», «Баромади намояндагї дар вилоятњо ва раисони Љамъиятњои дўстї бо кишварњои алоњида» иборат буд, шинос намуд.


4 DSC 4485Сайдулло Хайруллоев дар суханронии худ таъкид карданд: «
Дар давраи њисоботї Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, вазифањои оинномавии худро иљро намуда, намояндагињои он дар вилоятњо, љамъиятњои дўстии алоњида босамар фаъолият бурданд ва ба Раёсат њисоботи хешро пешкаш карданд.

Дар доираи баргузории чорабинињои гуногуни соли 2017 љињати сазовор ва дар сатњи баланд истиќбол намудани љашни 20-умин солгарди Рўзи Вањдати миллї, 25-солагии Иљлосияи 16-уми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва Соли љавонон ањамияти хос дода шуд.

Гарчанде љамъомади имрўза, љаласаи њисоботї аст, пешнињод менамоям, ки њамоиши имрўзаи мо њамчун маъракаи баррасии Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон њисобида шавад, чунки фаъолияти њамаи мо љавобгўї нуќтањои ба мо дахлдори он мебошад.

Пешвои миллат дар Паём гуфтаанд: “Миллати тољик соњиби ойину суннатњои бостонї ва фарњанги ќадима буда, дар тамаддуни љањонї сањми сазовор гузоштааст.

Тамоюли љањонишавии фарњанг ба яке аз проблемањои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатњи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслњое, ки вазифањои азими бунёди љомеаи навин дар даврони соњибистиќлолии миллати тољик ба зиммаи онњо гузошта хоњад шуд, торафт меафзояд.

Дар ин марњалаи муњим маќсаду вазифањои фарњанг бештар ба масъалањои ташаккули маънавиёт, омўзиши амиќи таъриху фарњанги гузаштаву муосири халќи тољик, баланд бардоштани ифтихори миллї ва њисси ватандўстиву ватандорї, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону љавонон густариш додани эњсоси эњтиром ба муќаддасоти милливу рамзњои давлатї равона мегардад” ва ин гуфтањо илњомбахши фаъолияти имсолаи мо хоњад буд. 

3 DSC 4469Раёсати Љамъияти дўстї дар давраи њисоботї фаъолияташро чун њамеша дар њамкории зич бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии марказї ва мањаллї, вазоратњо, муассисањои илмиву таълимї ва фарњангї пеш бурд. Чорабинињои калон, аз љумла, форуми љамъиятњои дўстї ва фестивали дўстии љавонони тољик ва хориљї, ки анъанавї шудааст. якљоя бо Намояндагии Росструдничество ва дигар шарикон амалї гардид ва мо аз онњо барои њамкории судманд хеле миннатдор њастем.

Њамаи ин фаъолият дар ду шумораи љамъбастии соли 2017-и маљаллаи “Дўстї”, ки шумораи якуму дуюми он аксандоз шудааст.

Дар давраи њисоботї ба табъ расидани ду нашри махсуси маљаллаи “Дўстї” бахшида ба 25-солагии барќарор шудани муносибатњои дипломатии Љумњурии Тољикистон бо Федератсияи Россия ва нашри махсуси бахшида ба муносибатњои Тољикистон бо Хитой, алалхусус ташаббуси ба љомеаи љањонї нигаронидашудаи “Як камарбанд, як роњ” далели он аст, ки Љамъияти дўстї аз тариќи нашрияи хеш равобит бо кишварњои хориљиро густариш додаву ба тањкими муносибатњои байнидавлатї низ мусоидат менамояд. 

Дар чорабинињои мо иштирок кардани сафирон ва намояндагони корпусњои дипломатї ифодагари арзи эњтироми онњо нисбати фаъолияти пурсамари мост.

Аксарияти Шумо дар Форуми дўстї иштирок карда, шоњиди бо Ифтихорномаи Раёсати Љамъияти дўстї гуселонидани Сафири Озарбойљон дар Тољикистон Аббосалї Гасанов будед. Ў дар аксари чорабинињои мо иштирок ва суханронї мекард.

Ташаккур ба раисони љамъиятњо, масъулони намояндагињои Љамъияти дўстї дар вилоятњо ва роњбарони муассисањое, ки дар нињодашон љамъиятњои дўстии алоњида фаъолият мебаранд. Инчунин ташаккур ба сарварони обшинањои миллї, ки ваќти худро дареѓ надошта кори дипломатияи мардумиро пеш мебаранд.

Зањматњои Шумо дар мадди назари Раёсати Љамъияти дўстї буда, бо Ифтихорномаи Љамъияти дўстї ќадр гардонидани як ќатор фаъолон ва намояндагони аќаллиятњои миллї нишони эътирофи кўшишњоятон аст.

DSC 4618Имсол таљлили 60-солагии таъсис ёфтани Љамъияти дўстї дар назар аст. Аз баски ЉДРФТ ва Россотрудничество – собиќ ССОД њамреша њастанд, ин љашн якљоя бо Россотрудничество доир хоњад шуд. Ба ин сана китобе, бахшида ба таърихи Љамъияти дўстї тасниф шуда истодааст. Гирдоварии мавод ва тањияи онро Аъзам Мўсоев ва Файзулло Тиллоев ба сомон мерасонанд.

Ќобили зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгирии роњбарияти Љамъияти дўстї ба хотири гиромї доштани номи неки Њамро Тоњирова, собиќ Раиси Раёсати Љамъияти дўстї дар солњои 1969–1973 ба унвони раиси ноњияи Ашти вилояти Суѓд Мирдадо Зариф номаи расмї ирсол гардид. Дар асоси пешнињод гимназияи № 7-и ноњияи Ашт ба номи Њамро Тоњирова гузошта шуд.

Дар соли 2017 бо дастгирии роњбарияти Љамъияти дўстї китоби шоир Љумъа Ќувват бо номи “Нахлистони Вањдат” дар нашриёти “Бухоро” чоп шуд. Љумъа Ќувват яке аз фаъолони Љамъияти дўстї ва Кумитаи сулњу ризоияти миллии Тољикистон дар водии Рашт мебошад.

Дар давраи њисоботї Раёсати Љамъияти дўстї, намояндагињои он дар вилоятњо, љамъиятњои дўстии алоњида, марказњои фарњангии ташкилотњои аќаллиятњои миллї кори худро дар асоси наќшаи чорабинињо ба роњ монданд. Њисоботи худи Раёсати Љамъияти дўстї, намояндагињои он дар вилоятњо, раисони љамъиятњои алоњида шунида мешавад.

Дар охир ќайд намудан зарур аст, ки Раёсати Љамъияти дўстї ва робитањои фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї, намояндагињо ва љамъиятњои алоњида њамаи чорабинињои асосии барои соли 2017 ба наќша гирифташударо иљро намуда, илова бар он чандин чорабиниву иќдоми назарраси пурракунандаи вазифањои оинномавии ташкилотро ба љо оварданд ва имрўз ин фаъолият аз љониби њозирон бањогузорї мешавад.

5 DSC 4657Пешнињод дорам, њангоми гузаронидани чорабинињо њар љамъият роњбарони љамъиятњои дигарро даъват намояд, то аз кори якдигар њам воќиф бошанду њам аз таљрибаи њамдигар бањра бардоранд».

Сипас, муовини Раиси Раёсати ЉДРФТ Мушаррафа Шарипова дар назди њозирон аз натиљаи фаъолияти яксолаи Раёсати ЉДРФТ дар соли 2017 гузориш дод.

Инчунин, намояндањои ЉДРФТ дар вилояти Хатлон Латофат Шарипова,  ВМКБ Хушќадам Асматуллоев, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Фаронса» Соќибой Султонзода, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Беларус» Анвар Абдурасулов, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Афѓонистон» Ќосимшо Искандаров, раиси Љамъияти дўстии «Тољикистон – Хитой» Идигул Таѓо оид ба фаъолияташон дар соли 2017 маълумот доданд.

Дар љаласа наќшаи кории ЉДРФТ барои соли 2018 муњокима гардида, бо назардошти пешнињодњо тасдиќ карда шуд.

Раёсати Љамъияти дўстї ва равобити фарњангии Тољикистон бо кишварњои хориљї дар давраи њисоботї кори худро дар самти иљрои вазифањои оинномавї, пешрафти фаъолияти љамъиятњои дўстии дар доираи он  фаъолияткунанда, ќавитар кардани иртибот бо иттињодияњо ва марказњои миллию фарњангии аќаллиятњои миллии кишвар, густариши њамкорї бо корпусњои дипломатї ва ташкилотњои байналмилалии муќими Тољикистон дигар анљом дод.