МУЛОҚОТ БО САФИРИ НАВИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ВЕТНАМ

Опубликовано:09 Сентябрь 2016
6006 раз Последнее изменение Вторник, 09 Январь 2018 13:21
Оцените материал
(3 голосов)

11.03.2015 Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев бо Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фам Ван Фао вохӯрӣ намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар дар доираи ҶДРФТ, тақвияти дӯстӣ, ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангии муштарак дар Тоҷикистон ва ҳамин тавр дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам изҳори назар карда шуд.

Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев таъсис додани Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ветнам» дар соли гузаштаро аз иқдомҳои муассир дар рушди равобит миёни ҶДРФТ ва Сафорати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки таъсиси ин ниҳоди фарҳангӣ метавонад барои густариши ҳамкориҳо ва тақвияти дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар мусоидат намояд. Муаррифии фарҳанг, расму ойини қадимаву имрӯзаи тоҷик ба мардуми Ветнам ва миллати ветнамӣ ба мардуми тоҷик ва ташкил намудани намоиши китобҳои тозанашр аз фаъолиятҳои асосии Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ветнам» ба шумор меравад.  Раиси Раёсати ҶДРФТ ба дипломати ветнамӣ дар бораи фаъолияти ҶДРФТ ва Ҷамъиятҳои назди он амалкунанда маълумот дода, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳоло дар назди Ҷамъияти мо 22 Ҷамъияти дӯстӣ фаъолият мекунанд ва саҳми онҳо дар густраиши муносиботи фарҳангӣ ва мустаҳкам гардидани дӯстӣ байни мардумони кишварҳоямон мусоидат менамояд.

Сафири нави Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фам Ван Фао низ аз тасмими роҳбарияти кишвараш ҷиҳати таъйин намудани ӯ ба ҳайси Сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки ман дар бораи кишвари офтобии Тоҷикистон ва мардуми меҳмоннавози он маълумот доштам ва зимни сафари чандрӯзаи худ ба мамлакати шумо тасдиқи ин иттилоъро дарёфт кардам. 

Ҷаноби Фам Ван Фао таъкид кард, ки ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми дониш ва cаъю талоши худро барои рушди равобити гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард. Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар бораи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо изҳори назар карда шуд. 

Дар мулоқот котиби аввали Сафорати Ветнам дар Тоҷикистон ҷаноби Нгуен Тен Дик, муовини раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Ветнам» ҷаноби Хиеп ва кормандони ҶДРФТ иштирок доштанд. 

Последнее от

МАҶАЛЛАИ ДЎСТӢ

35 шумораи  1-2 2018

ФОТОГАЛЕРЕЯ

banner

КАЛЕНДАРЬ

<< < Декабрь 2024 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31